ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПИРИИ МОДАР МАРО БЕДОР КАРД!

ПИРИИ МОДАР МАРО БЕДОР КАРД!

28 октябр 2024, Душанбе
50
0

 
Зимистон. Субҳи барвақт. Деҳа ҳанӯз ғарқи хоб ва зоғе болои шохи калони дарахти чормағз, ки аз барфрезиҳои шабона вазнинтар шудааст, нишаставу қар-қар мекунад. Сардии ҳаво гӯиё ҳаётро фурӯ бурда, ба ҷуз садои ҳамин зоғ дигар нидое нест. Бо як дид тасаввуре таҷассум мешавад, ки дарахт низ дар сӯги касе ё чизе рӯи по истода, шохаҳо ноумед, нигоҳҳо сар ба зер, сабзидану шукуфтану боло рафтанро фаромӯш кардааст.
Гирдогирди тирезаи хонаи гилии кӯчак ях баста, то якметрии даромадгоҳи он зери барф монда. Рӯи ҳавличае, ки дар баландӣ ҷойгир буд, дар паскӯчаҳои танг барфи навборида хобида, будани изи пое ишорат бар он дошт, ки касе аз баландӣ поин омада, ба паскӯча гузашта, аз кӯчаи калон ба самти сой ва сипас сӯи чашма рафта…
Зане дар ду даст сатили об бо азоб ба баландӣ, ба самти хонааш раҳсипор шуд. Рӯи ҳавлӣ андак нафас рост кард, ҳаёҳу намуда зоғро, ки бадхосият медонист, аз дарахти чормағз ронд. Баъди чанде аз дудмони даҳлез дуди сиёҳе берун гардида, оҳиста-оҳиста кам шудан гирифт. 
Модар лахчаи оташро гирифта, ба сандалӣ андохт, фарзандони хурди худро аз хоби ноз бедор намуда, аз даруни кӯрпаи гарм ба сандалии боз ҳам гармтар хонд. Ширчой ҳам омода шуд, хурдсолон бо хушнудӣ тановул карданд, ҳар кас пайи коре омодагӣ медид…
Солҳо мегузашт. Ҳамин манзара ҳар чаҳор фасли ҳаждаҳ соли умри фарзанд бо рангҳои гуногун дар назди модар такрор мешуд. Фаслҳо дигар, манзараҳо гуногун, лаҳзаҳо гузарон, фарзанд ҳам бо гузашти рӯзу моҳу солҳо сокини дигар ҷову бузургтар гардид. Танҳо меҳри модар буд, ки аз гузашти солҳо ва борону барфу Офтоб тағйир намеёфт. Инсон ҳам, ки тағйирнопазирии меҳрро мебинад, гумон мекунад, ки модар ҳам ҳамешапойдор аст…
Фарзанд дар остонаи сивупанҷсолагӣ дарк кард, ки инсонҳо ҳамеша дар такопӯ баҳри дарёфти чизаке, кулбаяке, молу сарвате ба қадри беҳтарин ганҷинаи умри одамизод – модар кам мерасанд. Он ҳама ҷонфидоиву азхудгузаштагиро метавон ҷуброн кард?...
Писар ин бор ҳам ғарқи хаёл ба деҳа, ба дидори модар рафт. Сапедии мӯи модарро дида, ашк дар чашмонаш ҳалқа зад. Зимистони кӯдакиҳояш ба ёд омад, ба фикр фурӯ рафт. Нав фаҳмид, ки он замон модар бо чӣ азобҳое бори сангини рӯзгорро ба дӯш мебурда…
Ин бор дар назар модараш хеле солманд менамуд, зебоияш коҳида, ғами рӯзгор бар ожангҳояш фузуда, чеҳраашро хаста карда буд. Фишораш гоҳе баланду гоҳе паст, дастонаш кам-кам меларзанд. Кулбааш пас аз солҳо зебо шуда, вале худаш пажмурда, гӯё ба тирамоҳи умраш расида.
Модар дар назди фарзанд хешро бардам нишон медиҳад, «ё пирам» гуфта аз ҷой мехезад, чой дам мекунад. Аз фатиру қаймоқ, чормағзу мураббои пухтааш рӯи дастархон мегузорад. Меҳр ҳамон меҳри замони кӯдакиҳост, ба фарзанди баркамолаш чун ба кӯдаки хурдсол меҳрубон аст. Бо дарки чунин меҳри беохир фарзанд ба андеша меуфтад.
Модари ман ногаҳон рӯзе:
«Оҳ…» гуфту такя бар девор кард,
Рӯи пурожанги ӯ ҳушёр кард.
Хок бар сар ғофилиҳои маро,
Пирии модар маро бедор кард!

Воқеан ҳам, Худованд модарро аз ҷинси фариштаҳо офарида. Ӯ бо ҳамин меҳри илоҳӣ дар вуҷуди фарзанд тухми одамгарӣ, адолату инсоф, меҳрубониву садоқатро коштаву парвариш мекунад. Бидуни танаффус ва пайваста меҳр меварзад. Аз гузашти умр ва мӯйҳои ба сапедӣ моилаш намеандешад. Агар чашмаи хушкнашавандаи меҳри модар инсонҳоро сероб намекард, бешак хушксолии бемеҳрӣ кайҳо дунёро аз байн мебурд.

Андар РАҲМОНӢ, сармутахассиси шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Суғд

Санаи нашр: 28.10.2024 №: 212-213
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив