ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДИЛТАНГИ СУХАНИ НАМАКИНИ МОДАР

ДИЛТАНГИ СУХАНИ НАМАКИНИ МОДАР

28 октябр 2024, Душанбе
43
0

 
ЛАВҲА

Вақте хурд будаму аз оламу одам бехабар, ба дарки амиқи дилтангӣ сарфаҳм намерафтам. Ва сарфаҳм рафта ҳам наметавонистам. Чун кӯчак будаму ғарқи дунёи беолоиши хеш ва намедонистам, ки гиреҳи абруву чини пешонӣ чӣ розеро пушти хеш ниҳон дорад.  
Ёдам ҳаст, яке аз рӯзҳо даруни сина пур аз ғам шуду дар пардаи дидагонам сиришк доман густурд. Он замон дарк кардам, ки гиреҳи абруву чини пешонӣ чист.

Ғамгин кунҷи хона менишастам. Ин ҳангом нигоҳи модарам сӯям дӯхта шуд. Оромона наздам омаду бағалам гирифт ва сарамро силакунон аз гунаам бӯсид. Бидуни фаҳмидани омили дилтангӣ, гуфт: “Бачам, туро мефаҳмам”. Бо ҳамин ба ғамгинӣ нуқта гузоштаму лабханд задам. 
То ин дам ҳар гоҳи аз дабистон ва ё аз бозиҳои  пуршавқун ба хона баргаштан, танҳо ибораи “очам ку?” вирди забонам мегашту бо дидани симои зебои модарам шодие замирамро нур мебахшид. Як рӯз вақте хона омадаму фариштаи рӯзгорамро садо задаму ӯро надидам, эҳсоси ноошное вуҷудамро фаро гирифт. Чеҳраҳои аҳли хонавода гирифта буду зери сояи андуҳ. 
Хомӯшона ба хона даромадам. Модарам рӯйи бистар хоб буд. “Оча”, – гӯён садо баровардам. Хоҳарбузургам оғӯшам гирифту гуфт, ки модарам бемор шудааст ва ҳоло хоб аст. Аз ин рӯ, беҳтар аст, ки орому хомӯш бошам. Канораш нишастам. Бидуни ҳарфу калом. Ба чеҳраи нурониву пичаҳои сафедаш менигаристам. 
Рӯзи дигар ӯро ба бемористон бурданд. Хонаи бидуни ӯ бароям ғамкадаеро мемонд. Чи кор карданамро намедонистам. Дигар хоҳару бародаронамро намедонам, вале ман афсурдаҳол пушти девори хона ба танҳоию пинҳонӣ мегиристам. Шояд сабабаш ин буд, ки то ҳол аз модарам лаҳзае дур нашуда будаму дардмандияшро бори аввал медидам.
Орзуи ягонаам ин буд, ки ӯ тезтар даво ёфта, хона баргардад. Вақте падарам аз дармонгоҳ ба танҳоӣ баргашт, дигар худро дошта натавонистаму назди ҳама инони гиряро сар додам, чун хеле зиёд муштоқи модарам шуда будам. Ин ҳолати маро дида, падарам фардо маро ҳамроҳ бо худ ба хабаргирии модарам бурд. Вақте ба ҳуҷрае, ки бистарӣ буд даромадем, сӯям дастонашро боз карду оғӯшам гирифт ва меҳрубониям кард.
Чеҳрааш пурожангтару рангпарида гардида буд. Аз хӯроки овардаамон як-ду луқма истеъмол карду халос. Иштиҳо надошт. Ҳолати маро дида, мушавваш шуд. Ва ҳангоми хайрухуш таъкид кард, ки ин гуна набошам ва ҳатман сиҳат шуда, ба наздамон, ба хона бармегардад. 
Шукр, ки чунин ҳам шуд. Рӯзе, ки аз дармонгоҳ баргашт, бароям нишотангезтарин рӯзи рӯзгорам буд. Аз канораш дур намешудам. Сар рӯйи зонувонаш ниҳодаву аз лабханду ҳарфзаниҳояш дида намекандам. Зеро танҳо ӯ чигунагии маро аз чеҳраам мехонаду мефаҳмад...
Наврасӣ пушти сар шуд. Ҷавонӣ омад. Ба ҳаёти мустақилона қадам ниҳодам. Аз пешрафтам меболаду ҳар ҳолати дилтангиамро бо меҳрубонӣ ва суханони намакинаш рафъ месозад.
Моҳи нахусти фасли сармо буд. Коргар шудам. Бо аввалин дастмуздам, ки ба милодрӯзаш рост омад, барояш сарулибос, рӯсарӣ ва палтои дароз харидам. 
Ҷойи корам, ки дар шаҳри калоневу дур аз зодгоҳамон аст, моҳе як маротиба ба дидорбинияш меравам. Рӯзе, ки меравам, шодияш интиҳо надорад ва ҳар чизи бомаззаи бароям ниҳон кардаашро, рӯйи суфра мегузорад. Ҳини бозгашт халтаи пур аз кулчаҳои равғанмолро ба дастам мениҳаду дуои сафарам медиҳад.
Ҳоло баъди кор рӯйи суфраи манзили иҷора охирин кулчаҳои шаҳдбори ӯро нӯши ҷон мекунаму худро канораш эҳсос менамоям. 
Дар фосилаи як моҳе, ки инҷоям даҳҳо ҳолате шахсро домангир мегардад, ки инсон гоҳе ғамгин, гоҳе афсурда ва гоҳи дигар дилсард мешавад ва дар ҳамаи ин ҳолатҳо ман бештар дилтанги ҳамон сухани ӯ мешавам, ки кулли ин ҳолати маро ҳамеша рафъ месозад, ки хеле самимию намакин мегӯяд: “Бачам, туро мефаҳмам!”... 

Беҳрӯз ҚАЮМӢ, котиби масъули рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”

Санаи нашр: 28.10.2024 №: 212-213
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив