ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ФУТБОЛ

ФУТБОЛ

28 октябр 2024, Душанбе
8
0


Мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё-2025 роҳхат гирифт
Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) дар даври ниҳоии марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 дар гурӯҳи “J” бар ҳамсолони худ аз Уммон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда, ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 роҳ ёфт.
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон таҳти роҳбарии Марко Раҷини дар ду даври гузашта бар тимҳои Гуам (33:0) ва Сингапур (3:1) ғалаба карда буд. Ҳамин тариқ, тими футболи наврасони мо бо нуҳ хол дар гурӯҳ мақоми аввалро касб кард. Аз гурӯҳи “J” тими наврасони Уммон низ ҳаққи иштирок дар марҳалаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2025-ро ба даст овард. Бо натиҷагирӣ аз марҳалаи интихобӣ, ҳамаи 16 дастаи иштирокчии Ҷоми Осиё-2025, ки 3-20-уми апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, муайян гаштанд: Арабистони Саудӣ (мизбон), ҶХД Корея, Афғонистон, Ҷумҳурии Корея, Тайланд, Ӯзбекистон, Ҷопон, Австралия, АМА, Яман, Тоҷикистон, Чин, Ветнам, Индонезия, Эрон, Уммон.


БОКС
Чемпионҳои нави Тоҷикистон
24-27-уми октябр дар Маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Чемпионати Тоҷикистон оид ба бокс миёни калонсолон баргузор шуд.
Зӯрозмоиҳо аз рӯйи 6 вазн миёни бонувон ва 13 вазн миёни мардҳо сурат гирифт. Миёни бонувон Шукрона Шовалиева (50 кг), Руҳафзо Ҳақназарова (54 кг), Миҷгона Самадова (57 кг), Шоира Зулқайнарова (60 кг), Нилуфар Бобоёрова (63 кг), Азиза Бердиева (75 кг), миёни мардҳо Меҳрон Шафиев (48 кг), Фирдавс Орифов (51 кг), Иззатулло Алиев (54 кг), Хусравхон Раҳимов (57 кг), Акмал Убайдов (60 кг), Файзалӣ Ғуломов (63,5 кг), Шуҳрат Саломатов (67 кг), Шаҳобҷон Шукуров (71 кг), Бахтиёр Мирзомуҳаммад (75 кг), Абдумалик Болтаев (80 кг), Аҳмадҷон Саидов (86 кг), Парвиз Каримов (92 кг), Парвиз Ахмедов (+92 кг) дастболо шуданд. 
Ғолибон Тоҷикистонро дар мусобиқаҳои байналмилалии соли оянда, аз ҷумла Чемпионати Осиё оид ба бокс, ки аз 30-юми ноябр то 12-уми декабр дар шаҳри Аммони Урдун ба нақша гирифта шудааст, муаррифӣ мекунанд.  


САМБО
Дар Душанбе Чемпионати ҷаҳон миёни устодон баргузор гашт
25-27-уми октябр дар Қасри теннис ва Маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе Чемпионати ҷаҳон оид ба сабмо миёни устодон ва собиқадорон доир гардид.
Зӯрозмоиҳо миёни паҳлавонони аз 35-сола боло аз рӯйи 7 синну сол сурат гирифт. 
Собиқадорони самбои Тоҷикистон дар мусобиқа сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд. Дар категорияи М1 Мустафо Ҳасанов (71 кг) медали тилло, Мақсадшо Бердиев (88 кг) нуқра, Маҳмадшариф Зикруллоев (64 кг), Негматулло Абдуллоев (79 кг), Отамурод Ашӯров, Файзалӣ Яхшибеков (+98кг) медали биринҷӣ ба даст оварданд. Дар категорияи М2 Миралӣ Меҳбуллоев (64 кг), Зиёдулло Нигматов (98 кг) тилло, Замонҷон Умаров (71 кг) медали нуқра, Ҷонибек Маҳмудзода (79 кг), Собирҷон Сулаймонов (88 кг), Ғайратшо Зикруллоев (98 кг) медали биринҷӣ гирифтанд. Дар категорияи М3 Ҷаҳонгир Сулаймонов (88 кг) ва Абдулҳамид Раҳимов (98 кг) ҷойи аввал, Фаридун Устопиров (+98 кг) ҷойи дуюм, Муҳаммад Маҳмадрасулов (64 кг), Фахриддин Амиршоев, Ҷобир Назаров (71 кг) ҷойи сеюмро сазовор гардиданд. Дар категорияи М4 Баҳриддин Ҷамолов (64 кг), Фарҳод Раҳматуллоев (88 кг) ба гирифтани медали тилло, Абдураҳмон Абдуллоев (71 кг), Хуршед Норов (79 кг), Хуршед Каримов (88 кг) медали нуқра ва Зайниддин Мақсудов (79 кг) ба дарёфти медали биринҷӣ мушарраф шуданд. Дар категорияи М5 Умар Холиқов (64 кг), Шавкат Дадабоев (+98 кг) медали нуқра, Хушвахт Дӯстумбоев (71 кг), Маҳмадулло Давлатов (79 кг), Қиёмиддин Хоҷаев (88 кг) Шариф Қурбонов (+98 кг) медали биринҷӣ, дар категорияи М6 Саламшо Муҳаббатов (98 кг), Хайрулло Назриев (+98 кг) медали тилло, Фарҳод Ризозода (98 кг) медали нуқра, Умар Сафаров (64 кг), Пӯлодҷон Файзиев (71 кг) медали биринҷӣ ва дар категорияи М7 Маҳмадшариф Сулаймонов (88 кг), Зайдулло Қурбонов (98 кг) медали тилло, Балаҷон Шарифов (88 кг) медали нуқра, Қурбонхон Шоев (71 кг), Назриддин Саноев (79 кг), Холмирзо Маҳмадалиев (+98 кг) медали биринҷӣ ба даст оварданд. 
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 28.10.2024 №: 212-213
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив