ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БА ОЗМУНИ “ДУОИ МОДАР”

БА ОЗМУНИ “ДУОИ МОДАР”

29 октябр 2024, Сешанбе
55
0


МОДАРАМ, МАН ЗАРРААМ, ДУНЁ ТУӢ...
Домони поки Модар биҳиштест баҳри ҳар як фарзанд. Маҳз меҳру муҳаббат, самимияту роҳнамоии модарон аст, ки фарзандон роҳи дурусти худро дар зиндагӣ муайян намудаву мепаймоянд. Гумон намекунам, ки баъд аз берун омадан аз раҳми модар мо аз дунёи модар раҳо мешавем. Моро дунёи дигаре бо номи меҳр фаро мегирад, ки то вопасин нафас дар ин дунё буданро ба хотири ин ҳисси ширин ва ҳастии хуҷастаи модар мехоҳем:
Нагирам чашм аз дунёи модар,
Хаёлам банди ташвишҳои модар,
Ба фарҳангам ба оби зар навиштанд:
Биҳишти тифлакон маъвои модар.

Модаронро фариштаҳои заминӣ мегӯянд, ки ҳақ асту рост. Ман инро дар мисоли модари худ дарёфтаам ва агар фаришта ҳам ҳаст, фариштаи нигаҳбон аст. Мисли адибон дуои шоирона намегӯяд, вале ҳар чӣ ба забон меорад аз самими қалб аст. Маро дар зиндагӣ ягона пушту паноҳ ҳамин дуои неки ӯст.
Модар, чӣ фитодаи наҷибест,
Аз худ гузарад барои фарзанд.
Модар-дилу ҷону зиндагиро 
Бо меҳр кунад фидои фарзанд.

“Дар пушти ҳар марди муваффақ зане ҳаст...”. Ба ин масал иловатан гуфтаниям, ки дар паси ҳар бонуи қавиву бузург низ як бонуи дигар меистад, ки номаш модар аст. Ба ин хотир, мардуми мо фармудаанд: “Модарашро бину духтарашро ба арусӣ гир”. Агар ҳар фарде, ки имрӯз дар ҷомеа дар коре муваффақ шудааст, заминаи асосии он, албатта, аз ранҷу дастгириҳо ва дуои неки Модар аст. 
Гарчанде падарам хеле бармаҳал, дар 47-солагӣ аз олам гузаштанд, вале ҳама вақт таъкид мекарданд, ки агар дар оила падар аз ҳаёт чашм пӯшад, фарзандон худро камтар ятим ҳис мекунанд, вале дар оилае модар аз дунё мегузарад, набуданаш пурра эҳсос мешавад, зеро ҷои ӯ сармад ва ивазнашаванда боқӣ мемонад.
Бо гузашти солҳо ба маънии ин гуфтаҳои падари ҷавонмаргам сарфаҳм рафтам. Имрӯз ҳар муваффақияте, ки мо, ҳафт фарзанди оила дорем, воқеан ҳам, аз раҳнамоиҳои модари азизамон аст, ки бо моҳонаи омӯзгорӣ, бо нони ҳалоли муаллимӣ моро ба воя расонд, ба роҳи рости зиндагӣ ҳидоят намуд. Хушбахтона, модари азизамон тавонист моро дар руҳияи ватандӯстӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва арзишҳои волои инсонӣ тарбия намояд. 
Ин ҳама ғамхорӣ ниҳоят моро водор месозад, то ҷавобан дар хидмати модарони азиз бошем. Агар ҳам хидмати шоиста накардем, ҳадди ақал сабаби ранҷиши дили нозукашон нагардем, ки сахт пушаймон хоҳем шуд.
Вобаста ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: “Ҳеҷ кадоме аз мо наметавонем, ки заҳмату бедорхобии ҳатто якшабаи модари худро ҷуброн кунем. Вале ба ҳар ҳол, мо – фарзандон бояд кӯшиш кунем, ки ба қадри модари мушфиқ, ранҷу машаққат ва ғамхории ӯ расем, то метавонем хидматашро ба ҷо оварем ва дуои некашро гирем”.
Имрӯз, ҳар гоҳе ранҷҳои кашидаи модари мушфиқамро бидуни мадади ҳамсараш – падарам ба хотир меорам, эҳсос мекунам, ки чӣ андоза душвор будаст ба по рост кардану ба роҳи дурусти зиндагӣ равон кардани фарзандон. Вале ба ҳама душвориҳои иҷтимоӣ ва мушкилоти иқтисодӣ нигоҳ накарда, дар набарди зиндагӣ руҳафтода нашуда, моро раҳнамоӣ намуд. Алорағми ҳама душвориҳо одамгариву инсофро аз ёд набурд.
Санову сипос ба модарони тоҷик, ки имрӯз дар заминаи дастгириву ғамхориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарбияи фарзандони ояндасози миллати сарбаланди тоҷик саҳм мегузоранд. Махсусан, ғамхориву суханронии Сарвари давлатро соли равон дар Рӯзи дониш ба унвони омӯзгорон шунида, аз шодӣ шукуфтам. Ҳар ҳарфи неке, ки Ҷаноби Олӣ мегуфтанд, гӯё ба номи модари омӯзгори ман гуфта мешуданд. Хушо ба ҳоли омӯзгороне, ки аз ин меҳрубониҳо баҳраваранд.
Модари азиз, бо машаққату ранҷҳои шабонарӯзии худ баҳри ояндаи неку шукуфои мо худро афсурдаӣ, илоҳо, битавонем чун ёдгорӣ номи некатро ба фардо, ба дилу шуури ҷигарбандони худ расонем:
Модарам, ман қатраам, дарё туӣ,
Модарам, ман зарраам, дунё туӣ,
Модаро, ман пораи қалби туям
Мисли дил дар синаи ман ҷо туӣ.
Н
илуфар АСЛАМШОЕВА, муовини раиси ВМКБ

Санаи нашр: 29.10.2024 №: 214
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив