ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БРИКС ВА ҶАҲОНИ ҶАНУБ. ТАВАҶҶУҲИ РАСОНАҲО БА СУХАНРОНӢ ВА ПЕШНИҲОДҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТИ МО

БРИКС ВА ҶАҲОНИ ҶАНУБ. ТАВАҶҶУҲИ РАСОНАҲО БА СУХАНРОНӢ ВА ПЕШНИҲОДҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТИ МО

31 октябр 2024, Панҷшанбе
15
0


24-уми октябр дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии “БРИКС+” ва “БРИКС ва Ҷаҳони Ҷануб: бунёди якҷояи ҷаҳони беҳтар” иштирок ва суханронӣ намуданд. Сарвари давлат таваҷҷуҳи роҳбарони давлатҳои иштирокдори ҳамоишро ба масъалаҳои мубрам ва воқеияти кунунии вазъи байналмилалӣ ҷалб карда, таъкид намуданд, ки имрӯз муттаҳидсозии кӯшишҳо барои таъмини сулҳи пойдор, амну субот ва рушди устувор беш аз ҳарвақта зарур аст. Иштироки фаъол ва суханронии пурмуҳтавои Роҳбари давлат дар ҳамоиш бо тариқи сомонаҳо ва расонаҳои хориҷӣ пӯшиши иттилоотии густурдаеро касб намуд. 
Агентии иттилоотии “РИА Новости” кори ин ҳамоишро ба таври васеъ инъикос намуд. Аз ҷумла, бо сарлавҳаи “Путин ба бадтар шудани мушкили обшавии пиряхҳои кӯҳӣ таваҷҷуҳ намуд” матлаберо нашр намудааст, ки дар он аз суханронӣ ва пешниҳодҳои Президенти Тоҷикистон ёд мешавад. Дар гузориш омадааст, ки “муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коҳиши масоҳати пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ, ки яке аз манобеи аслии оби минтақа ба шумор меравад, таваҷҷуҳ намуд.” Зикр шудааст, ки Пешвои миллат диққати иштирокдорони ҳамоишро ба ҳифзи пиряхҳо ҳамчун сарчашмаи оби ошомиданӣ равона сохтанд.   
Тақрибан ба ҳамин мазмун дар агентии иттилоотии “ТАСС” хабару гузоришҳои зиёде нашр шудаанд. Зикр гардидааст, ки Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба мушкили дастрасии оби тоза ва обшавии пиряхҳо аҳамияти аввалиндараҷа дода, дар ин масъала аз андешаҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдорӣ намуд. 
Дар сомонаи centralasia.media низ гизориши муфассале доир ба суханронии Пешвои миллат дар вохӯрии БРИКС бо сарлавҳаи “Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарони БРИКС суханронӣ кард” нашр гардидааст. Ба иттилои сомона, Сарвари давлати мо дар суханронии худ таваҷҷуҳи роҳбарони кишварҳои ширкаткунандаи ҳамоишро ба масъалаҳои мубрами рӯз ва воқеияти имрӯзаи вазъи байналмилалӣ ҷалб намуда, аз вазъи хавфнок дар Ховари Миёна ва авҷ гирифтани низоъҳо, ки боиси талафоти зиёд дар байни аҳолии осоишта гардидааст, изҳори нигаронӣ карданд. Сentralasia.media менависад, ки Президенти Тоҷикистон муътақид аст, ки   ҳама гуна масъалаҳои баҳсбарангез, низоъ ва ихтилофҳоро метавон бо роҳи сиёсӣ ва дипломатӣ ҳал намуд. Зиёда аз ин, дар гузориш зикр шудааст, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешидани тадбирҳои амалӣ барои гузаштан ба иқтисоди “сабз”-ро, ки ҷузъи муҳимтарини он энергетикаи “сабз” мебошад, ниҳоят муҳим шумурданд.
Дар интиҳои матлаб муаллиф аз суханҳои арзишманди Пешвои миллат иқтибос оварда, гузоришро ҷамъбаст намудааст: “Танҳо ҳамкории васеи манфиатдор метавонад барои наслҳои ояндаи мо дар хонаи умумии мо – сайёраи Замин шароити мусоиди зиндагӣ фароҳам оварад. Калиди расидан ба ин мақсади наҷиб, инкишофи минбаъдаи муколамаи тамаддунҳо мебошад.  
Сомонаи https://sng.today гузорише бо унвони  “Президенти Тоҷикистон кишварҳои узви БРИКС-ро ба муборизаи муштарак бо терроризм даъват кард” нашр намуд. Зикр шудааст, ки Сарвари давлат муттаҳид кардани неруҳоро барои муқобила бо таҳдидҳои ҷаҳонӣ ниҳоят муҳим донист. Ҳамчунин, дар гузориш омадааст: «Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки дар ҳоли ҳозир бисёр кишварҳо барои таъмини сулҳу амният ва суботи пойдор талошҳои худро муттаҳид мекунанд. Президент аз мақомоти кишварҳои иштирокдор даъват кард, ки барои мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ муттаҳид шаванд. https://sng.today менависад, ки Президенти Тоҷикистон ҷонибдори ҳамкорӣ бо БРИКС дар мубориза бо терроризм мебошад. 
Ҳамин тавр, иштирок ва суханронии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои иттилоотии як қатор давлатҳо ба таври фарогир давр зад. Аз ҷониби сарони давлатҳои аъзо, алалхусус, Владимир Путин дастгирӣ ёфтани пешниҳодҳои Сарвари давлати мо, нишони эътирофи Тоҷикистон аст. Сарвари давлат дар фарҷоми суханронӣ, ҳозиринро ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо, ки соли оянда дар Душанбе баргузор хоҳад гашт даъват намуданд ва бори дигар номи Тоҷикистону ташаббусҳои он дар арсаи байналмилалӣ дар сархати расонаҳо қарор гирифт. 

Шодмон АБДУРАҲИМ, “Ҷумҳурият” 

Санаи нашр: 30.10.2024 №: 215
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив