ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЭЙ САРОПО НУРИ ҲАҚ

ЭЙ САРОПО НУРИ ҲАҚ

01 ноябр 2024, Ҷумъа
1
0


Бо тамоми содагӣ абёти Мавлонои ман,
Эй "Алифбо"-и сухан, эй ҳарфи гӯё – модарам.
Меҳри ту бо шири ту дар ҷони ман маъво гирифт,
Эй сафои чашмаю маҷрои дарё – модарам.
Аз ту нахли қомати ман пургулу пурмева шуд,
Боғбони сабздастам, ҷони саҳро – модарам.
Дар табассумҳои ту як ишваи бегона нест,
Эй саропо нури Ҳақ, дилномаи мо – модарам.

МОДАРИ ҶОН
Эй суруди аввалинам, модари ҷон,
Эй намози вопасинам, модари ҷон.
Ҷони ман бо қалби ту умрест пайванд,
Эй ба ҷону дил қаринам, модари ҷон.
Шеъри Сайҳун чун садоят ширадор аст,
Хушсадою нозанинам, модари ҷон.
Дар булӯри чашми ту неруи ишқ аст,
Озаринам, ёсаминам, модари ҷон.
Гултабассумҳои ту як навбаҳор аст,
Эй биҳишти анбаринам, модари ҷон.
Ман, ки аз меҳри ту гардидам ҳувайдо,
Маҳваши рӯи Заминам, модари ҷон!

ГАҲВОРАБОН
Само покиза амсоли сириштат,
Дилам хоҳад парад сӯи биҳиштат.
Туро ҷӯям, туро ҷӯям, куҷоӣ?
Ки тоир будаам дар сарнавиштат. 

Фидои покии шири вафоят, 
Туӣ кони малоҳат, ҳам саховат.
Аё модар, туӣ чун чашмаи кӯҳ,
Ман астам моҳии рӯди саодат.

Аё модар, аё олиҳаи меҳр,
Канори ту маро бо Маҳ қарин кард.
Самои беғубори меҳри покат
Малакро бо дили ман ҳамнишин кард.

Ба дастони пурэҳсони ту мирам,
Ки баҳри шоире гаҳворабон аст.
Зи ҳастии пурэъҷози ту нозам,
Ки бонии ҷаҳони ҷовидон аст.

МАҲВАШ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Санаи нашр: 31.10.2024 №: 216-217
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив