БИРЕШИМИ НУР
Сози зиндагӣ модар, гоҳ ҷӯру ноҷӯр аст,
Бо умед мепӯям роҳи орзу дур аст.
Як ту мондаӣ танҳо маънии муҳаббатҳо,
Дар ҷаҳони мо имруз, руҳи ишқ ранҷур аст.
Нури Хақ намоён аст, дар ҷабини пурчинат
Сарбаланду дилшодӣ, қалби мо чу масрур аст.
Шедвор рӯшан кун роҳи тираи моро,
Эй ки тори рӯмолат аз бирешими нур аст.
БЕБАҲО
Беҳтарин туҳфаи Худо, модар,
Ганҷи бемислу бебаҳо, модар.
Офтоби саодати фарзанд
Нурбахши ҷаҳони мо, модар.
Дар ҳама тангнои навмедӣ
Раҳкушоиву раҳнамо, модар.
Риштаи пургиреҳи дунёро
Ту ба дастони худ кушо, модар.
Иброҳимҷон ДӮСТАЛИЗОДА,
узви Иттифоқи нависандагони
Тоҷикистон
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)