ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲИФЗИ МЕҲАН ҲИФЗИ МОДАР БУДААСТ...

ҲИФЗИ МЕҲАН ҲИФЗИ МОДАР БУДААСТ...

01 ноябр 2024, Ҷумъа
2
0


(АЗ НОМАИ САРБОЗ БА МОДАР)
Ассалому алейкум, модарҷони азизу меҳрубони ман!
Алҳол қалам ба даст гирифта  ба ту номае менависам, ки дер боз мехостам ба унвонат фиристам, вале бо вуҷиди ин, бо сабаби як қатор мушкилиҳо натавонистам, ки ин корро анҷом диҳам. Албатта, ин ҷо ғафлати ман “баҳона” шуда наметавонад, аммо медонам, ки ту бо бузургворӣ боз ҳам маро мебахшӣ.
Сарсухани мактубам ин аст, ки хеле ёдат кардам ва ҳатто шабҳо туро хоб дида, номатро бар забон меорам. Медонам, ки ин дур шудан аз дидору туву сер нагаштан аз суҳбатҳои ғанимати ту санҷиш аст. Ба ҳар ҳол, ҳазорон шукр, ки хотираҳои ширин ҳаст, ки тавассути онҳо хумор мешиканам. Дар ҳар куҷое бошам, ту дар қалби манӣ. 
Модарҷон, аҳволат чӣ хел, падарам, бародару хоҳаронам сиҳату саломатанд? Худо кунад, ки ҳамеша сиҳату саломат бошӣ, азизтарин одами зиндагии ман!
Ҳоло ман дар Академяи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муассисаи таълимӣ-низомӣ мебошад, адои хизмат ва таҳсил карда истодаам. Дар ин мактаби мардонагӣ  дарк кардам, ки дар ҳаёти ман мисли ту азизтар боз Ватани маҳбубамон аст, ки ҳимояи он қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавонмарди замон аст. Ин ҷо бо тамоми ҳастӣ дарк кардам, ки ҳифзи Меҳан ҳифзи ту ҳам ҳаст, модарҷон!
Ҳар гоҳе, ки ман сари суфра менишинам, таъми хӯроку нонҳои гарми ту бар машом расида, дилам сахт гум мезанад. Кошки пешам бошиву доманатро дошта, сипосгузорат бошам!
Худо хоҳад, имсол ин даргоҳи илму адаб ва низомро бо сари баланд хатм намуда, ба наздат бармегардам. Дар охир ҳаминро мехоҳам ба ту гӯям, ки бениҳоят дӯстат медорам ва он қадар пазмонатам, ки  қалам қудрати тасвири он ҳама муштоқии маро надорад.

Бо эҳтиром писари хурдии ту, сержант 
Ҳоҷиакбар СОЛЕҲЗОДА,
курсанти курси 5, факултаи ҳуқуқшиносии 
Академияи ВКД

Санаи нашр: 31.10.2024 №: 216-217
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив