ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДИЛ БА ЁДАТ КӮҲИ ҒАМ ШУД

ДИЛ БА ЁДАТ КӮҲИ ҒАМ ШУД

01 ноябр 2024, Ҷумъа
6
0


Гоҳе вақт зиндагӣ моро бо ҳодисаҳое рӯ ба рӯ месозад, ки тасаввураш басо сангин аст. Воқеан, имтиҳони сарнавишт инсонро ботаҷриба ва рӯзгордида месозад. Имтиҳони фироқ доруи талхеро мемонад, вале, бо вуҷуди сангин буданаш, иродаи моро мустаҳкам мекунад. Аз даст додани шахси наздик дар ҳаёт шабеҳи аз даст додани хеш аст. Ҳеҷ боварам намеояд, ки модари фариштарӯям панҷ сол боз аз мо дур аст. Тақдир баногоҳ  моро аз ҳам  ҷудо кард. Вақте дуоҳояш, меҳрубониҳояш, “духтарҷонаме” гуфтанҳояш ва дигар хотираҳоро ба ёд меорам, беихтиёр об аз  чашмонам ҷорӣ мешавад. Ба ёди он лаҳзаҳое меафтам, ки ҳама дар хона менишастему машғули суҳбат механдидем. Аз ҳама бештар хандаи модарамро дӯст медоштам. Хандаи пур аз меҳр, самимӣ ва гарм. Оҳ модари фариштаам.   
Боз ёди модар кардам. Ёди чашмони хуморӣ, ёди нигоҳи беолоиш, ёди дастони пурҳунар, ёди зулфони печхӯрда. Модари бемислам  рафту вуҷудамро  торикие печонд. Ҳамеша дунболи чизе ҳастам, ки худам намедонам. Гӯё модарамро аз куҷое пайдо месохта бошам. Фироқи модар диламро шикаст. Рӯзи гузаштанашро ёд дорам. Он вақт гӯё моро намедид, азоб мекашид.  Ҳар гоҳ наздаш медаромадам, бо касе ҳарф мезад. Бо тааҷҷуб тарафаш нигоҳ мекардаму аз додани суол метарсидам. Баъди лаҳзае гуфт: “Бирав, хӯроки шом хӯред, модарам аз раҳи дур омадааст, ҳамроҳаш нишинед”. Баъди шунидани ин сухан, ки бибиям дар қайди ҳаёт набуд, пай бурдам, ки парда уфтодаасту модарам одамони он дунёро ҳам мебинад. Тарси бузурге ба ман часпид. Беихтиёр мегиристаму майли чизе хӯрдану шунидан надоштам. Бо вуҷуди дидани чунин ҳолатҳо, худ ба худ мегуфтам, ки як муъҷизае мешаваду ҳама чиз иваз хоҳад шуд. Ба ақидаи кӯдаконаи худ аз дилам ҳамин чизҳо мегузашт. Рӯзи сеюми беморӣ модарам ногаҳон чашмонашро калон кушод, эҳсоси тарс дошт. Мулло сура мехонд, ин лаҳзаро дида, мулло ба гиря омад. Ман аз тарс мисли барги бед меларзидам. Баъди чанд лаҳзаи қироат модарам чашм пӯшид. Нолаву фиғон баланд шуд, додарам модарамро диду гирист. Ман ӯро ба хонаи амакам, ки дар ҳамсоягиамон буд, бурдам. Гиря мекардаму месӯхтам. Рӯ ба сӯи янгаам оварда хоҳиш кардам, ки набзашро бори дигар санҷад.  Қабул надоштам гузашташро. Беихтиёр мегиристам. Иродаи худро аз даст дода будам. Худро бохтам. Баъди соате ба ҳуш омадаму дидам, аллакай, даруни кафан асту болояш райҳонҳо. Ҳафт духтараш дар канораш нишаста, модар ба замин хобида. Рухсораҳояшро мебӯсидам. Бадани шахро эҳсос мекардаму месӯхтам. Дар гӯшам ваъдаи модарам садо мезад: “Шумоёнро танҳо намегузорам”.  Чизеро намедидам. Баъдан худро дар ҳавлӣ дидам. Тобути модарамро сӯйи масчид мебурданд. Нолаву фиғон дар фалак буд. Ҳамсоязан ба рухсораҳоям об мепошид. Мехостам гӯрондани модарамро бинам, вале тағоям ба ҳеҷ кадоми духтарон иҷозати рафтан надод. Оҳ модари зорам. Ёди ин лаҳзаҳо дили маро хун месозад. Дарунам баҳри рӯзҳои бо ту будан обу адо мешавад. Кош дубора кӯдак шаваму сар ба зонуят ниҳам. Ҳамеша дилам баҳри рӯзҳои кӯдакиям танг мешавад, баҳри канорат нишастану аз хуморат сер шудан. Дил ба ёдат кӯҳи ғам шуд. Ҳар куҷо, ки набошам, алами набуди ту аз дил берун нарафт. Пушти ҳар хандаи намакинам алами ту хоб аст, модарҷон. Руҳат шоду манзили охиратат обод бошад, беҳтарин зани рӯйи олам.  

Дилноза САТТОРОВА, 
радиои "Овози тоҷик"

Санаи нашр: 31.10.2023 №: 216-217
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив