ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САРИ КИФТАМ БУВАД ҶОИ СИТОРА 

САРИ КИФТАМ БУВАД ҶОИ СИТОРА 

01 ноябр 2024, Ҷумъа
2
0

На танҳо мардҳои зӯрбозу
Пай андозанд бо номи милиса;
Сари кифти занон ҳам медурахшад,
Нишони сурх – пайғоми милиса.

Ба ҷойи куртаи атлас, нигаҳ кун
Низомипӯш ҳастам ҳамчу мардон.
Нагӯяд, то касе бонуи тоҷик
Напӯшад ҷавшани Гурдони дастон.  

Ба сар монам кулоҳи ориёӣ,
Сари кифтам бувад ҷои ситора.
Ба номат хӯрдаам савганди хидмат, 
Бифармо, эй Ватан, фармо дубора.

Агарчи модарам ё ҳамсар астам,
Ба ишқи миллатам дилдода ҳастам.
Маро бо чашми кам асло мабинед,
Ба ҳифзи Меҳанам омода ҳастам!

Азизаи ДАВЛАТШОҲ, сардори кафедраи забонҳои Академияи ВКД, номзади илмҳои педагогика,  полковники милитсия

Санаи нашр: 31.10.2024 №: 216-217
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив