ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МОДАРҶОН

МОДАРҶОН

01 ноябр 2024, Ҷумъа
4
0


Хандаҳоят чун гули гелос, модарҷон
Накҳаташро мекунам эҳсос, модарҷон.

Хостам орам канорам, лек дар ин шаҳр 
Ҳамдигарро кас надорад пос, модарҷон.

Дар замирам бо муҳаббат сабз гардондӣ
Гавҳари якдонаи ихлос модарҷон.

Ман дигаррову ту ёдам мекунӣ оғӯш 
Носипоси хешро бишнос, модарҷон.

Хеш гум кардам, вале оинаи чашмат 
Кӯдакиро кард инъикос, модарҷон

Соҳили уммед меҷӯям, дуоям кун, 
Баҳри маъниро шавам ғаввос, модарҷон.

Муҳаммадиқболи ҶОНИБЕК,
эҷодкори ҷавон аз вилояти Суғд

Санаи нашр: 31.10.2024 №: 216-217
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив