ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САЗОВОР

САЗОВОР

01 ноябр 2024, Ҷумъа
9
0


Ман сазовори ту шеъре ҳам нагуфтам.
Дар сифотат, эй ҳама ҳастии ту олисифат,
Гавҳари ҳарфе насуфтам.
Ман чӣ гӯям?
Дар каломи ман намегунҷад камолат.
Чунки, эй модар, худи ту
Асли шеъри лоязолӣ,
Асли шеъри баркамолӣ!
Ончунон шеъре, ки айни муддаову муттакои зиндагиву зиндаҳост,
Ончунон шеъре, ки эъҷози Худост!
Ончунон шеъре, ки ҳар як нуктаву ҳар хат бадеъ,
Сирату сурат бадеъ!
Аз ҳама ташбеҳҳои ноқисам,
Асли ту болотару беҳтар бувад,
Баҳри тасвират кадомин вожае
Хуштару зеботар аз “Модар” бувад?
Модари ҷонам, чӣ гӯям?
Баҳри тасвири камоли Офтоб,
Баҳри тасвири ҷамоли Офтоб,
Шамъ оё қодир аст, асло!
Ман чи ҳам гӯям, ки барҷо гуфтаанд,
“Кори ҳар буз нест хирман кӯфтан”.
Ман чӣ гӯям?
Васфи ту, васфи Худованду Ватан,
Нест кори нотавоне ҳамчу ман.
Модаро, бахшо маро бори дигар,
Хоксорӣ гар кунам, хокам ба сар!

МОДАРАМ ПИР ШУДАСТ...
Модарам пир шудаст...
Нигаҳи ҳасрати ӯ хира шуда
Ҷониби роҳи писар.
Дар лабаш оҳи писар.
Чеҳрааш монда паси тӯри дурушти ожанг,
Дар танаш пираҳани пургули ҳам ранг ба ранг,
Мисли баҳор.
Аз паси пардаи чин менигарам
Модарам нуронист.
Модарамро бинам
Дили бечора ба ҳар як тапишаш шукри Худо мегӯяд!
Ба дилам вожаи уммед паёпай рӯяд:
Модарам пир шудасту зинда-ст!

ДИЛАМ ГАҲВОРАИ ХОЛИСТ
Дилам гаҳвораи холист.
Ду чашмам - шишаи тирезаҳои кулбаи матрук,
Ки катбонуи нурониш то пеши Худо рафтаст,    
Аз ӯ буду ба сӯи ӯ сафар кардаст...
Худо шоҳид,
Маро, модар, зи офатҳои арзиву самовӣ ту камин будӣ.
Ту худ лутфи худовандӣ ба рӯи ин Замин будӣ.
Ало бахти худододам, ба даргоҳи Худо рафтӣ,
Ба ҷону дил адо кардӣ ту ҳаққи модарӣ, модар!
Вале бо ин ҳама сӯзад саропои вуҷудамро ғами бемодарӣ, модар!
Худоё, кулбаи ту мазҳари меҳру садоқат буд,
Дару дарвозаи бозат кафи дасти саъодат буд,
Ба рӯи ҳавлии сабзат, ки ҷои амну роҳат буд,
Ба даргоҳат, ки оғӯши муҳаббат буд,
Парешону ҳаросонам.
Чу мурғи бепарам, модар!
Ғарибам, бекасам! Бемодарам, модар!
Манам истораи афтода аз гардун.
Кафи хокистарам, модар!
Ту рафтӣ, бо ту гулбези ҷавонӣ рафт.
Умеди бехазонӣ ҳам.
Дар ин дунё, зи баъди ту нигоҳи интизорам нест,
Фазои меҳрубонӣ ҳам...

Масъуд МИРЗО, 
раиси Ҷамъияти тоҷикони вилояти Фарғона,
Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Санаи нашр: 31.10.2024 №: 216-217
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив