ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » БАРҚИЯИ ИЗҲОРИ ТАСАЛЛӢ БА ПОДШОҲИ ИСПАНИЯ ФИЛИППИ VI

БАРҚИЯИ ИЗҲОРИ ТАСАЛЛӢ БА ПОДШОҲИ ИСПАНИЯ ФИЛИППИ VI

04 ноябр 2024, Душанбе
4
0


2-юми ноябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Испания муҳтарам Филиппи VI барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:
«Аълоҳазрат,
Хабари ҳузнангези талафоти бузурги инсонӣ ва харобиҳои зиёд бар асари боришот ва обхезиҳои шадид дар минтақаҳои ҷанубу шарқии Испания боиси андуҳи амиқи мо гардид. Дар ин лаҳзаҳои вазнин ҳамдардиву тасаллияти самимии инҷонибро ба  Шумо, пайвандону  наздикони қурбониёни офати фоҷиабор ва тамоми мардуми дӯсти Испания изҳор менамоям. 
Ба ҳамаи осебдидагон шифои комил мехоҳам».

Санаи нашр: 04.11.2024 №: 218
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив