ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » САФАРИ РАСМИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА КУВАЙТ

САФАРИ РАСМИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА КУВАЙТ

04 ноябр 2024, Душанбе
16
0

 
3-юми ноябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани боздиди расмӣ ва иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланди “Тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои самараноки сарҳадӣ – марҳалаи кувайтии Раванди Душанбе” ба Давлати Кувайт сафар карданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, Прокурори генералӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, молия, саноат ва технологияҳои нав, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

3-юми ноябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди Давлати Кувайт шуданд.
Дар толори махсуси Фурудгоҳи байналмилалии амирии шаҳри ал-Кувайт Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Амири Давлати Кувайт Шайх Мишъал ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ  ва Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Холид ал-Ҳамад ал-Муборак ас-Сабоҳ истиқбол гирифтанд. Барои пазироии меҳмони олимақом дар Фурудгоҳи ал-Кувайт, ҳамчунин, намояндагони воломақоми кишвар, ашхоси аршади Девони амирӣ ва роҳбарияти олирутбаи Горди амирӣ ҳузур доштанд.
Маросими истиқболи расмӣ бахшида ба сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт дар толори бузурги амирии Фурудгоҳи байналмилалии ал-Кувайт баргузор шуд.
Баъди пазироии гарму самимии меҳмони олимақом, Амири Давлати Кувайт Шайх Мишъал ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват намуданд.
Ба ин муносибат, дар толор ҷузъҳои горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои нафасии амирӣ ва ҳайатҳои расмии ду ҷониб саф оростанд ва сурудҳои миллии ду кишвари дӯст садо доданд.
Сипас, фармондеҳи горди фахрии амирӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузориш дод.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлати Тоҷикистон ва Амири Давлати Кувайт бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб шинос шуданд.
Шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ҳар ду кишвар анҷомбахши маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардид.



МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ШАЙХ САБОҲ АЛ-МУБОРАК АС-САБОҲ
3-юми ноябр дар шаҳри ал-Кувайт Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Холид ал-Ҳамад ал-Муборак ас-Сабоҳ мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ маҷмуи масоили муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба баррасӣ шуд.
– Мо ба рушди бештари робитаҳои густурда бо кишвари дӯсту бародар  –  Кувайт, таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамоем, – изҳор доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.  
Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Кувайт дар татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ барои ҳар ду ҷониб судбахш имкониятҳои зиёди ҳамкорӣ доранд.
Ҷалби сармояи кувайтӣ дар Тоҷикистон барои ба роҳ мондани содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва оби нӯшоӣ ба Кувайт ҳам ба манфиати кор дониста шуд.
Ба баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, конфронсҳои илмиву амалӣ, табодули донишҷӯён ва устодон, барқарор намудани тамосҳо миёни муассисаҳои илмӣ ва таҳсилотии ду кишвар изҳори ҳавасмандӣ гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз қарори Ҳукумати Кувайт доир ба ифтитоҳи сафорати ин кишвар дар Тоҷикистон, ки аз ҷониби Валиаҳди давлат иброз гардид, истиқбол намуданд.
Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин, доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб сурат гирифт.



ВОХӮРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО МУОВИНИ ЯКУМИ САРВАЗИР 
3-юми ноябр дар шаҳри ал-Кувайт Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муовини якуми Сарвазир, вазири мудофиа ва вазири корҳои дохилии Давлати Кувайт Шайх Фаҳд Юсуф Сауд ас-Сабоҳ вохӯрданд.

Дар мулоқот масоили таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди ду кишвар баррасӣ гардиданд.
Ҷонибҳо аз сатҳи муносиботи сиёсӣ изҳори қаноатмандӣ карда, онро заминаи мусоид барои таҳким ва густариши ҳамкорӣ дар ҳамаи бахшҳои дигар маънидод карданд.
Иштироки доираҳои молиявӣ ва сармоягузории Кувайт дар татбиқи лоиҳаҳо дар бахшҳои воқеии иқтисоди мо, аз ҷумла саноати сабук, коркарди маъдан ва маҳсулоти кишоварзӣ, самти ояндадори ҳамкории ду кишвар номида шуд.
Ҳар ду ҷониб алоқаманди ба роҳ мондани робитаҳо дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ шуда, имзои Ёддошти тафоҳум оид ба танзими қувваи корӣ дар бахши хусусиро санади муҳими ҳамкорӣ дар ин соҳа арзёбӣ намуданд.
Баргузории Конфронси  байналмилалии марҳалаи кувайтии “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм” иқдоми муҳим дар самти таъмини амну субот арзёбӣ гардид.
Дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар хатарҳои ҷаҳони муосир тақвияти ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Кувайт зарур шумурда шуд.



САРВАРИ ДАВЛАТ БО ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КУВАЙТ ВОХӮРДАНД
3-юми ноябр дар шаҳри ал-Кувайт Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Абдуллоҳ Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ ал-Яҳё мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд.
Саҳми Фонди кувайтии рушд дар татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузории Тоҷикистон баҳои баланд гирифт.
Таъкид гардид, ки ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои фарҳанг ва илму маориф тавсеа меёбад.
Зимни муҳокимаи масоили байналмилалӣ ва минтақавӣ аз ҳамкории судманди Тоҷикистону Кувайт дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории исломӣ, Муколамаи ҳамкории Осиё ва ғайра изҳори қаноатмандӣ шуд.
Таъкид гашт, ки кишварҳо оид ба аксари масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мавқеъҳои наздик ва ё ҳамсон доранд.
Ҳар ду ҷониб ба татбиқи босамари ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар масъалаҳои обу иқлим изҳори алоқамандӣ карданд.
Сарвари давлати мо ба ташаббуси Тоҷикистон, ки дар иҷлосияи 79-уми Маҷмаи умумии СММ доир ба қабули қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» пешниҳод гардид, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.
Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин, оид ба дигар масъалаҳои мубрами мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб сурат гирифт.


Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Кувайт
3-юми ноябр дар Қасри Девони Амир мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Кувайт дар вохӯрии хосаи сарварони давлатҳо оғоз шуда, бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нахуст, барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ, иштирок дар Конфронси сатҳи баланд ва барои истиқболи бародаронаву меҳмоннавозии самимӣ ба Амири Давлати Кувайт Шайх Мишъал ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ арзи сипос намуданд.
– Мо Давлати Кувайтро шарики боэътимоди худ дар минтақа ва ҷаҳон медонем ва омодаем, ки барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳо бо он тадбирҳои муштараки амалӣ андешем,– изҳор доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. 
Ҷонибҳо аз сатҳу муҳтавои феълии муносибатҳои ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карданд. Зимни суҳбат таваҷҷуҳи зиёд ба тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ  зоҳир гардид. Дар ин робита, бештар фаъол намудани Комиссияи муштараки миёниҳукуматӣ, таъсиси Шурои соҳибкорони ду кишвар ва Фонди муштараки сармоягузорӣ зарур шумурда шуд.
Мусоҳибон баргузории анҷуманҳои соҳибкорон ва намоишгоҳҳои молу маҳсулотро низ ба нафъи ду кишвар донистанд.
Ҷониби Тоҷикистон ба давлати Кувайт барои саҳмгузории Фонди кувайтӣ оид ба рушд дар маблағгузории лоиҳаҳои муҳими Тоҷикистон дар самтҳои роҳсозӣ, энергетика ва обрасонӣ изҳори сипос кард.
Ҷалби сармояи кувайтӣ ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои саноати сабук, хӯрокворӣ, металлургия, кишоварзӣ ва дорусозӣ аз мавзуоти дигари суҳбат буд.
Ҷонибҳо барои тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталифи фарҳангиву башарӣ низ изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, илму маориф, тандурустӣ аз самтҳои ояндадори муносибатҳои ду кишвар унвон гардид.
Зимни баррасии масоили иҷтимоӣ, Амири Давлати Кувайт изҳор доштанд, ки аз сиёсати босамари Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии бонувон  ва баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа бохабаранд ва онҳо низ дар Кувайт ҳамин сиёсатро пеш гирифтаанд ва аз миёни хонумон чандин нафарро ба вазифаҳои роҳбарӣ дар умури давлатӣ таъин карданд.
Ба имзо расидани Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба танзими қувваи корӣ дар бахши хусусӣ дар ҳошияи музокироти имрӯза барои ҷонибҳо судбахш номида шуд.
Зимни баррасии ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ба Давлати Кувайт барои дастгирӣ аз иқдомоти ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим миннатдорӣ баён гардид. Изҳори умед шуд, ки кишвари дӯст аз қабули Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид аз рӯи пешниҳоди Тоҷикистон оид ба “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” ҳам ҷонибдорӣ мекунад.
Бо назардошти хавфу таҳдидҳои замони муосир ба амну субот, масъалаҳои муқовимат ба терроризм ва ифротгароӣ мавриди таваҷҷуҳи ҷиддӣ қарор дошт.
Дар интиҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Амири Давлати Кувайт даъват намуданд, ки дар вақти барояшон муносиб ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёранд.


МАРОСИМИ ИМЗОИ САНАДҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА КУВАЙТ
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ, дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Холид ал-Ҳамад ал-Муборак ас-Сабоҳ маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.
Барои таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ, дар маҷмуъ, нуҳ санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Аз ҷумла, панҷ санади он дар ҳузури сарварони давлатҳо ва чортои дигар дар ҳошияи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Кувайт:
- Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба танзими қувваи корӣ дар бахши хусусӣ;
- Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Давлати Кувайт;
- Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкории тиҷоратӣ;
- Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат;
- Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба “Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирии саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя”;
- Созишнома оид ба ҳамкорӣ миёни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” ва Агентии иттилоотии Давлати Кувайт “Kuna”;
- Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;
- Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия;
- Барномаи иҷроияи Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ барои солҳои 2024-2026.

Санаи нашр: 04.11.2024 №: 218
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив