ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ ВОҲИДҲОИ ТАЪИНОТИ МАХСУСИ КДАМ

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ ВОҲИДҲОИ ТАЪИНОТИ МАХСУСИ КДАМ

04 ноябр 2024, Душанбе
13
0


1-уми ноябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Хатлон Маркази таълимии воҳидҳои таъиноти махсуси Кумитаи давлатии амнияти миллиро мавриди истифода қарор доданд.

Зимни шиносоӣ бо Маркази бисёрфунксионалӣ аён гардид, ки он дорои биною иншооти сершумори таълимию машқӣ, аз ҷумла машқҳои низомии тирандозӣ аз навъҳои гуногуни аслиҳа, машқҳои мухталифи зиддитеррористиву варзишӣ ва шароити муосир барои обутоби руҳию равонӣ ва ҷисмонии ҳайати шахсии воҳидҳои таъиноти махсус буда, бо техникаю таҷҳизот ва технологияҳои навтарин муҷаҳҳаз аст.
Дар Марказ, ки дар яке аз мавзеъҳои зебои Тоҷикистони азиз қарор дорад, тамоми шароити зарурии маишӣ, аз ҷумла хобгоҳҳои муҷаҳҳаз, нуқтаи хизматрасонии тиббӣ, ҳаммому хушкашӯӣ, ошхонаҳои барҳаво ва хонаҳои истиқоматӣ барои афсарон ва аҳли оилаи онҳо, мавҷуд мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шароити беҳтарини таълимию машқӣ ва маишию фароғатии Маркази таълимӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ба роҳбарияти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва ҳайати фармондеҳии воҳидҳои таъиноти махсуси он барои истифодаи пурсамар аз ин пойгоҳу заминаи муосири омодагашта дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Таъкид гардид, ки ин пойгоҳ бо чунин техникаю таҷҳизот ва шароити мусоид имкон медиҳад, ки ҳайати шахсии таъиноти махсус ҳамаҷониба ва бо сифати аъло омода шаванд, аз ҷумла бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонию минтақавӣ дар амалиётҳои ҷангӣ ва махсусе, ки дар гӯшаю канори гуногуни олам имрӯзҳо ҷараён дорад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар назди роҳбарият ва ҳайати шахсии воҳидҳои таъиноти махсуси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, аз ҷумла таъкид сохтанд, ки вазъи мураккаб ва зуд-зуд тағйирёбандаву пешгӯинашавандаи ҷаҳони имрӯз аз ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус кормандону хизматчиёни Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, омодагии ҳамаҷонибаи низомию махсус, далерию шуҷоат, ҳисси баланди ватандӯстию садоқат ва фидокориҳоро талаб менамояд.
Боздиди Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Маркази таълимии воҳидҳои таъиноти махсуси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо расми гузашти ҳайати шахсии он аз назди Сарвари давлат анҷом ёфт.

Санаи нашр: 04.11.2024 №: 218
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив