ИШТИРОКИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ
4-уми ноябр дар шаҳри ал-Кувайт Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалӣ оид ба мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои самараноки амнияти сарҳадӣ – марҳалаи кувайтии “Раванди Душанбе” иштирок ва суханронӣ намуданд.
Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҳамоишро омили муассири тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар хавфу хатарҳои амниятӣ номиданд.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокдорони Конфронси сатҳи баланди байналмилалиро ба масъалаҳои паҳн шудани ғояҳои тундгароӣ, барангехтани кинаву адоват ва низоъҳои мазҳабӣ дар ҷомеа ва даъвати ҷавонон ба содир намудани ҷиноятҳои террористӣ ҳамчун аслиҳаи воқеии созмонҳои террористиву ифротӣ ҷалб намуданд.
Зарур шумурда шуд, ки масъулону коршиносон ин мавзуъро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, барои ҳалли онҳо тадбирҳои муассир андешанд.
Дар фароварди сухан Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори имтинон намуданд, ки марҳалаи кувайтии Конфронси “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он” ба ҳарчи бештар фаъол гардидани талошҳои дастаҷамъонаи кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ мусоидат хоҳад кард.