ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ВАЛИД АЛ-БАҲАР

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ВАЛИД АЛ-БАҲАР

05 ноябр 2024, Сешанбе
0
0


4-уми ноябр дар шаҳри ал-Кувайт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо директори генералии Фонди кувайтии рушд Валид ал-Баҳар мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фонди мазкур баррасӣ шуданд. Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистону Фонди кувайтии рушд дар маблағгузории лоиҳаҳои муҳими зербиноӣ, аз ҷумла сохтмони роҳҳои мошингард, иншооти бахши энергетика ва обёрӣ, аз мавзуъҳои муҳими мулоқот буданд. Дар робита ба ин, ба роҳбарияти Давлати Кувайт барои иқдоми ҷудо намудани 100 миллион доллари ИМА барои татбиқи лоиҳаи Неругоҳи “Роғун” арзи сипосу қадрдонӣ карда шуд.
Ҷалби васеи Фонд ба маблағгузории лоиҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвари мо, аз ҷумла дар бахшҳои тандурустӣ ва маориф, мувофиқи мақсад дониста шуд. Оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ низ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Санаи нашр: 05.11.2024 №: 219-220
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив