ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НЕКИНИСОРИ МАН

НЕКИНИСОРИ МАН

05 ноябр 2024, Сешанбе
154
0


Шояд бархе андешанд, ки "фарзанди модаре чун Фарзона будан чӣ гуна аст?". Фарзанди чунин инсоне будан, масъулият ва ҷоизаи раббонист. Модаре, ки дилаш аз меҳр сиришта шудаву вуҷудаш аз нур саршор аст. Оне, ки, ҳатто, ба мӯрчагон дилбастагӣ дораду бо гулу гиёҳ ишқ меварзад, оне, ки ҳашт миллиард одами оламро ба худаш хеш мехонаду бо хосу ом як сон муносибат дорад. Оне, ки тамоми ҳастияшро танҳо барои накукориву илқои муҳаббат бахшидааст. 
Модарам ману хоҳарам Шоҳонаҷонро ҳамеша бо муҳаббат "садбаргҳои тари модар" ва додаракам Ҳумоюнҷонро "булбули модар"  гӯён навозиш мекарданд. Ҳатто, агар коре фармуданӣ бошанд, бо оҳанги хоҳиш "Мебахшию, бачам, ҳамон корро кун..." мегуфтанд. Рӯзе як ҳамсоязани мо, ки зиёд ба хонаамон равуо мекард, пурсид: "Инатбуча (шакли кӯтоҳи Иноятбуча), охир ин вазифаашон ку, барои чӣ "мебахшӣ" мегӯед? Одам магар то ҳамин  дараҷа меҳрубон мешавад?". Модарам бо табассум посух доданд:  "Охир ба барномаи кӯдакон халал медиҳам, Фотимаҷон.  Фурсати фарзандонро эҳтиром бояд кард".
Шояд бархе фикр кунанд, ки одамони муваффақ барои  азизони хонаводаашон  вақт наёбанд, аммо мо ҳамеша дар иҳотаи муҳаббати бекарони модар пару бол мезадем. Дар ёдҳои ҳарири ман айёми ширини кӯдакиам мавҷгардон мешавад. Ҳанӯз соли  1999, вақте ки ман панҷсола будаму танҳо дар телевизионҳо дастгоҳҳои наворбардорӣ буд, падару модарам барои мо "студия"-и худамонро муҳайё карда буданд. Хоҳари нозанинам Шоҳонаҷон, ки аз хурдӣ ба ҳунари ровигӣ завқи зиёд дошт, барномаҳои рангин омода менамуд ва вақте ки баландгӯяк ба дасти ман мерасид, оғоз мешуданд афсонаҳои бофтаи кӯдакӣ, шеъру таронаҳои бемуҳтаво, суханҳои подарҳаво... Аммо агар медидед, ки чӣ қадар бо меҳру эътимод чашмони модарам ба сӯям назар меафканданд. Он гармиву он меҳру самимияти беҳудудро то ҳол барои тамоми ибтикорҳои зиндагиамон эҳсос мекунем. Баъдан, вақте ки Ҳумоюнҷон ба дунёи мо ворид шуд ва ҷаҳони моро боз ҳам зеботар намуд, падару модарам байни мо озмунҳои "Мавлавихонӣ", "Шоҳномахонӣ", расмкашиву шоҳмотбозӣ барпо мекарданд ва ҳамеша беҳтарин туҳфаҳои оламро бароямон эҳдо менамуданд. Модаркалони азизам, профессор Бароат Ҳоҷибоева ба рӯи мо дари хазинаи адабиёти ҷаҳонро боз намуда буданд: рӯзе шеърҳои Пушкинро қироат мекарданду рӯзе чакомаҳои Балзакро ё аз ягон мавзуи озод аз мо иншо мегирифтанд. Ҳанӯз хонандаи синфи 1 будаму суратҳои тасвиркардаи ман дар рӯзномаи "Лочин" нашр мегардиданд. Баъдан, бо гузашти солҳо, муҳаббати адабиёту забономӯзӣ пирӯз омаду рассомии ман паси хотираҳо монд. Баъди убури ҳар марҳалаи имтиҳон, падару модарам моро ба тарабхона мебурданд ва ҳар як пирӯзии кӯчаку бузурги ҳаёти моро ҷашн мегирифтанд. Ба фикрам, касе ба ҳадди мо дар олам хушбахт набуд.
Назари модарам ҳамеша ба дунё дигаргуна буд. Доимо фикр мекарданд, ки тамоми мардуми дунё покфитрату нектинатанд. Боре маро як кас сахт ранҷонд ва хостам ба ӯ ҷавоб диҳам, аммо модарам гуфтанд: "Пайвандам, ҳазрати Ҷомӣ дар “Баҳористон” мегӯяд, ки “агар саг туро газад, ту ҳам ӯро мегазӣ?". 
Модарам гулҳоро бениҳоят дӯст медоранд ва бо дастони нозукашон заминро каландча карда худашон гул мешинонанд. Баъдан, боғро Ҳумоюнҷон соҳибӣ намуду зеботарин гулҳоро мепарварид. Ҳавлии мо биҳиштро мемонд, ки накҳати гулҳо замину замонро муаттару муанбар мекард. Ба хонаи мо, ҳатто, ҷонваракони нодир пайдо мешуданд ва худро озод ҳис менамуданд. Ба шохи олуча ҳудҳуд менишасту тӯтичаҳои сабз дар шохаҳои тут бозӣ мекарданд. Ҳатто, рӯзе аз куҷое юрмоне пайдо шуду баргҳои лаблабуро мехӯрд. Касе ба онҳо кордор намешуд. Баръакс онҳоро ҳамчун аъзои оилаамон қабул менамудем.  Рӯзе модар аз анборхона сабзӣ гирифта омаданду гуфтанд: "Шаҳнавозҷон, аз сабад сабзӣ гирифтанӣ будаму як хорпуштак дар он ҷо машғули сабзихӯрӣ буд. Маро диду “шарм” дошт. Ман ҳам дар каноре интизор истодам, ки хорпуштаки азиз бемалол сабзиякашро хӯрад". Чӣ тасвири зебо, андешидам ман, тимсоли хорпуштакро танҳо Модарам ин гуна зебо кашида метавонанд.
Бо модарам ба дукон рафтан як лаззати аҷиб дорад. Ҳар гоҳ, вақте ки ба нияти хариди чизе мебаромадем, модар назди ҳар дукон  соатҳо таваққуф мекарданд. Шояд фикр кунед, ки ягон колоро интихоб менамуданд, аммо чунин нест. Дар зарфи як дақиқа медидед, ки фурӯшандае ба он кас арзи дил мекунаду дардҳояшро мегӯяд. Дар хотир дорам, ки ҳангоми хурд будан бо ҳайрат мепурсидам: "Аяҷон, ин кас ягон хешамон ҳастанд?" Модарам бо табассум ҷавоб медоданд: "Шаҳнавозҷон, тамоми мардуми олам хеши моянд". Вақте бузург шудам, дарк кардам, ки ин ҳиссиёти он кас мутақобил аст. Вагарна чӣ тавр мардум метавонад дардҳои ҷонгудози хешро ба он кас бигӯянду дар симои модарам оромиш дарёб кунад. 
Ҳоло дарк мекунам, ки шоир ва инсони ҳақиқӣ бояд дардошнову таскинбахши руҳу ҷони мардум бошад. Албатта, ба каси ношинос ҳаргиз рози дилатро намегӯӣ, аммо ин каси ноошно модарамро ба худ наздик пазируфтаасту ба суҳбаташон омадааст. Баъди чанде овози телефон баланд мешавад ва садои шодии касе танинандоз мегардад: "Ташаккур, муаллимаҷон, фарзандам ба донишгоҳ қабул шуд!", "Бисёр сипос, Фарзонаҷон, модарам имрӯз ройгон ҷарроҳӣ шуданд" ва амсоли инҳо.  Аммо вақте ки баъди чанд муддат касе модарамро мебинад ва мегӯяд, ки барои коре ба он кас ёрӣ кардаанд, аллакай, дар ёд надоранд, зеро байти мазкур шиори зиндагиашон аст: "Даҷла бигзор, фаромӯш кунад, некӣ кун!".    
Аммо тамоми афсонаҳо дар зарфи як дақиқа метавонанд ба поён расанд. Фоҷиае ба сари мо омад, ки дунёро тираву тор кард... Аз равзаи минуии мо девбоди аҷал зеботарин навниҳолро барканду рафт ва дили моро садҳазорпора кард. Ҳумоюнҷони мо ба ҳарими Худо бол кашид. Модаре, ки шабу рӯз ба сари фарзандонаш фурӯ буд, модаре, ки то аз дарс омадани мо метарсид, ки бегазанд бирасем, меҳрубонтарин модари дунё мавриди шадидтарин имтиҳони Худованд қарор гирифт. 
Бо ин қадар диле, ки нозуктар аз чашмаҳои шаффоф аст, ин дардро таҳаммул кардан аз тамоми тасаввурҳо берун аст. Модарам акнун бо баҳору дарёву гул ошно нестанд, дигар аз ишқу орзуву умед намегӯянд, рангҳои гулобиву сурхро, ки дӯст медоштанд, дигар ба бар намекунанд. Аммо Худованд имтиҳонҳои шадидро аввал ба пайғамбаронаш, сипас ба онҳое медиҳад, ки дар роҳи ҳақ устуворанд. Модарам дар баробари бемориҳову сахтиҳои паёпай боре "оҳ" нагуфтаанд, аммо баъди ин фоҷиаи мудҳиш ҷовидон маҷруҳанд.  Аммо шоир ҳамонест, ки на танҳо дарди худ, балки дарди дигаронро низ ҳамеша дар рӯйи шона дорад ва боз ҳам дарди  ҳамагонро чорасозӣ мекунад. Аз он рӯзи наҳс якуним сол гузаштааст, аммо то ҳол мардум ба хонаи мо меоянд, барои мо ҳарфи таскин меҷӯянду намеёбанд, ҳамроҳи мо мегирянд. Муҳаббати мардумро бинед, ки чандин нафар омаданду гуфтанд, ки “Муаллимаҷон, писари моро ба фарзандӣ қабул кунед”. Чӣ басе навҷавонони тозапаём Модарамро “Модарҷон” хитоб мекунанд ва ҳамеша барои дарёфти маслиҳату раҳнамунӣ  меоянд. Модарам дар симои ҳар тозаҷавон тарҳи азизи Ҳумоюнҷонро ҷустуҷӯ мекунанд. Эҳ, Модарҷони ҷигарсӯхтаву ҷароҳатдидаву хуршедбохтаи ман, кош, танҳо суруру шодиатонро медидам... Ягонаи ман, беназири ман, Офтоби хунинҷигари ман...
Модарам дар ин тирамоҳ зодрӯз доранд. Афсус, акнун ҷашну шодиву нишот аз ҳаёти мо ихтисор шудааст, аммо ҳузури мубораки шумо  зиндагонии марову ҳазорон шогирдону пасовандонро муҳтаво мебахшад. Шумо, ки ҳашт миллиард одами оламро хешу пайванди худ мешуморед, ба эҳтироми ин ҳама хешовандон боз ҳам сабур бошед ва боз ҳам анвори дили худро ба ҳамагон тақсим кунед. Фариштагавҳари ман, илоҳо то абад Фариди Якто дастгиру нигаҳбонатон бошад. Ҳамеша бошеду зиндагии халқро нур бахшед, барги ёсамину ҳурии нилуфарам, Офтоби ҳаётам, шодиву ҳодии дилам, ҳумои ҳумоюнофарини ман!

Шаҳнавоз КАРИМЗОДА, 
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд 
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Санаи нашр: 05.11.2024 №: 219-220
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив