ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАШАККУЛИ ПАДИДАИ ПАРЛАМЕНТАРИЗМ

КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАШАККУЛИ ПАДИДАИ ПАРЛАМЕНТАРИЗМ

08 ноябр 2024, Ҷумъа
2
0


Муҳимтарин ҳадафе, ки аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлоли давлатӣ пайгирӣ мешуд, ҳарчи зудтар таҳия ва қабули Конститутсияи Тоҷикистони тозаистиқлол буд. Зеро ин ҳадаф имкон медод, ки Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр муаррифӣ гардад ва ҳамзамон, дар заминаи он санадҳои меъёрии ҳуқуқие эҷод шаванд, ки тартиби ташкил ва фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатиро муайян карда, манфиатҳои миллии халқи тоҷикро ҳимоя намоянд.
Дар ҳамин ҳол моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ баргузор шуд, ки дар он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сарвари давлат, интихоб гардиданд. Ин замоне буд, ки миллати тоҷик парешон ва кишвар дар вартаи ҷанги таҳмилии шаҳрандӣ қарор дошт.
Дар роҳи давлатсозии навин масъалаи аввалиндараҷа будани қабули Конститутсияро Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин анҷумани таърихӣ ва муроҷиатномаи худ ба мардуми кишвар ҳанӯз 12-уми декабри соли 1992 таъкид сохтанд. Баъдан, бо ташаббуси Сарвари давлат дар ҳамин Иҷлосия як қатор санадҳои ҳуқуқӣ қабул гаштанд, ки онҳо ба фаъолсозӣ ва таҳкими сохтори ҳокимияти давлатӣ, пеш аз ҳама қабул гардидани Конститутсияи даврони соҳибистиқлолӣ, асос гузоштанд.
Дар Конститутсияи нав бори нахуст падидаи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ мустаҳкам гардида, ҳокимияти давлатӣ ба се шоха: ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ тақсим шуд, ки он баробар ва мустақиман амал намудани ҳар яки ин шохаҳоро ифода менамояд.
Аз ин ҷост, ки идеяи парламентаризм ба таҷзияи шохаҳои ҳокимият алоқаи бевосита дорад. Мутобиқи боби 3 Конститутсия, Маҷлиси Олӣ-парлумон, ягона мақоми намояндагии кишвар, сарчашмаи ягонаи қонунгузорӣ эътироф гардида, қабули қонунҳо танҳо ба салоҳияти он вогузошта шуд. Соли 1999, бо мақсади ташаккули падидаи парламентаризм, дар кишвар ислоҳоти конститутсионӣ гузашта, раъйпурсии умумихалқӣ баргузор гардид, ки дар он саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  барҷаста аст.
Аз ҳама бештар тағйиру иловаҳо ба боби сеюми Конститутсия, ки фаъолияти парлумонро ба танзим медаровард, ворид гаштанд. Аз ҷумла, мафҳуми парлумон бори нахуст дар Конститутсия тавассути ҳамин тағйиру иловаҳо истифода шуд.
Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор, дупалатагӣ шуд, ки он аз Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ иборат мебошад. Маҷлиси намояндагон доимоамалкунанда ва касбӣ ба ҳисоб меравад.
Баҳри таҳкими меъёрҳои Конститутсия ва ташаккули парламентаризм, дар кишвар якчанд қонунҳои конститутсионӣ қабул шуданд, ки ҳолати ҳуқуқии конститутсионии парламенти Тоҷикистонро танзим мекунанд.
Метавон гуфт, ки аз ҳамин лаҳза даврони ташаккул ва рушди парламентаризми кишвар оғоз ёфт, ки он ба хизматҳои шоён ва бесобиқаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқамандии ногусастанӣ дорад.
Тули солҳои соҳибистиқлолӣ Маҷлиси Олӣ ҳамчун мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузорӣ бо ҳидоят ва роҳнамоиҳои Сарвари давлат рушд намуда, баҳри таҳия ва қабули қонунҳои барои пешрафт ва ташаккули ҷомеа созгор мусоидат ва дар ин замина, дар шукуфоии кишвари азизамон саҳми арзанда гузоштааст.
Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистонро узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ эълон намуда, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва волоияти қонунро дар мадди аввал гузошта, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсонро дахлнопазир эълон карда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф намуда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор додааст.
Арзиши дигаре, ки Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун асоси конститутсионӣ муқаррар кардааст ва далели боэътимоди инкишофи дурнамои демократии он мебошад, эътирофи гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ аст. Конститутсия эълон менамояд, ки дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад. Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад.
Дар робита ба ин меъёр, Конститутсия ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахборро кафолат додааст.
Таҷрибаи татбиқи сисолаи Конститутсия нишон медиҳад, ки Тоҷикистон дар ин самт ба роҳи дуруст пеш рафта, мавқеи устувори худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо намудааст.
Раҷаббой АҲМАДЗОДА,
муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 
раиси вилояти Суғд

Санаи нашр: 06.11.2024 №: 221-222
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив