ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Ҳуқуқ. Дорои маърифати баланд бошем!

Ҳуқуқ. Дорои маърифати баланд бошем!

08 ноябр 2024, Ҷумъа
3
0


6-уми ноябри соли 1994 мардуми тамаддунофару фарҳангсолор, заҳматқарину шарафманди тоҷик аввалин маротиба бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ барои муайян кардани сарнавишти худ ва комёб шудан ба саодату хушбахтӣ ба тарафдории Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол раъй доданд. Конститутсияи нав Тоҷикистонро ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд муайян карда, тамоми орзуву ормон ва ҳувияти озодихоҳиву озодиандешии мардуми тоҷикро дар худ ифода намуда, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, ноил гардидан ба пешравиҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳайё намудани шароити арзандаи зиндагии ҳар шахс заминаи мусоидро фароҳам овард. 
Он нахустин Конститутсияи давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон мебошад. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ, муқаддасоти миллӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, эътибори олии Конститутсия дар низоми ҳуқуқии кишвар, моликияти истисноии давлат ва имкони истифодаи озоди сарватҳои фарҳангиву маънавӣ ифодаи қонунии худро пайдо намуданд.
Қабули Конститутсия аз нигоҳи ҳуқуқӣ ба расмият даровардани истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлатӣ, ба созиш овардану ҳамбастагии тамоми қишрҳои ҷомеа, таъмини ваҳдати миллӣ, таҳкими фаъолияти сохтори давлатӣ, тақвияти василаҳои боэътимоди ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар ва муаррифии Тоҷикистони азиз ба аҳли башар ва ҷомеаи байналмилалӣ заминаҳои боэътимодро фароҳам овард.  
Ба ҳамагон маълум аст, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ, аз 28-уми декабри соли 2023, зикр карданд: «Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем. 
Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳими таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад». 
Маърифати ҳуқуқӣ ин сатҳи донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандон, донистани Конститутсия ва қонунҳо, истифодаи ҳуқуқу озодиҳои онҳо, иштирок дар масъалаҳои муҳими давлатию ҷамъиятӣ мебошад. Ҳадаф аз эълон намудани Соли маърифати ҳуқуқӣ ин баланд бардоштани сатҳи донишу маданияти ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани арзишҳои ҳуқуқи инсон ва муносибати эҳтиромона бо он, баланд бардоштани мақоми қонун ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқӣ мебошад.
Дар ин радиф, Конститутсия нақши муҳимро дар баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон иҷро мекунад, зеро дар ин санади олии ҳуқуқӣ тамоми ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд дарҷ гардидаанд.
Боби дуюми Конститутсия ба ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шуда, ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро кафолат медиҳад. Дар баробари ин, вазифаҳои асосӣ, аз ҷумла риояи Конститутсия ва қонунҳо, ҳифзи Ватан ва ҳимояи манфиатҳои давлат, ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, супурдани андоз ва пардохтҳо, инъикоси худро ёфтаанд.
Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад. Аз ин рӯ шаҳрвандон вазифадоранд, ки ҳадди ақал меъёрҳои Конститутсияро донанд ва онҳоро риоя намоянд. Бо донистани Конститутсия шаҳрвандон аз ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои худ огоҳӣ пайдо менамоянд ва дар ин замина вазифаҳои дар наздашон гузошташударо иҷро менамоянд.

Исфандиёр МИРАЛИЗОДА, доктори илмҳои ҳуқуқ

Санаи нашр: 06.11.2024 №: 221-222
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив