ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

08 ноябр 2024, Ҷумъа
20
0

 
Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли армстронг 
7-уми ноябр сафари кории Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз ноҳияи Ёвон оғоз ёфт.
Нахуст, Роҳбари давлат дар деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон корхонаи истеҳсоли армстронгро ифтитоҳ намуданд. Иншооти нави саноатӣ дар заминаи ҶДММ "Хуаҷиан Ғаюр индастриал" аз ҷониби  соҳибкори  ватанӣ  Акбар  Асадулло  сохта шуд. Самти фаъолияти корхона истеҳсоли армстронг буда, талабот ба ин навъи маҳсулоти сохтмонӣ дар дохил ва хориҷи кишвар хеле зиёд аст. Армстронг маҳсулоти сохтмонии замонавӣ ва аз ҷиҳати экологӣ безарар буда, дар ороиш ва зинат додани дохили биноҳои гуногун васеъ истифода мегардад.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки хатҳои технологӣ аз ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ворид шуда, иқтидори он дар як сол 9 миллион адад армстронгро дар бар мегирад. Тибқи таҳлили бозори дохилӣ, талабот ба  армстронг 3 миллион ададро ташкил намуда, боқимондаи он, тибқи шартнома, ба дигар кишварҳо содирот мегардад. Бо таъсиси иншооти нави саноатӣ 30 сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин шуд.
Маҳсулоти корхона ивазкунандаи воридот буда, дар маҷмуъ, бо 150 шаклу дизайни муосир истеҳсол мешавад. Ҳамчунин, имкон аст, ки маҳсулот дар асоси интихоби дизайн ва фармоиши мизоҷон омода гардад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди чунин корхонаҳоро дар самти ноил шудан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, қадами устувор гуфта, аз ҷумла таъкид доштанд, ки вусъати чунин тадбирҳо метавонад ба рушди иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои кор, баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар ва рақобатпазирии он мусоидат намояд. Дар ҳамин ҷо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти корхона боздид намуда, аз масъулон талаб намуданд, ки ба сифати истеҳсолот таваҷҷуҳи бештар зоҳир кунанд.
Маврид ба зикр аст, ки ширкати "Ғаюр Гурӯҳ" бо истифода аз дастгириҳои пайвастаи Роҳбари давлат нисбат ба бахши хусусӣ соли ҷорӣ панҷ корхонаи истеҳсолӣ бунёд намуд, ки дар онҳо 600 нафар бо кор ва маоши хуб таъмин аст.

Баистифодадиҳии корхонаи истеҳсоли гаҷкартон
7-уми ноябр дар идомаи сафари корӣ Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон корхонаи гаҷкартони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи гаҷ”-ро ба истифода доданд. 
Корхонаи истеҳсоли гаҷкартон дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи нақшаи чорабиниҳои созандагӣ бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Шералӣ Файзализода дар муддати бештар аз як сол бунёд гардид.  Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки фаъолияти корхонаи нави саноатӣ дар се баст ба роҳ монда шуда, дар он, асосан, истеҳсоли гаҷкартон ва ғуррагаҷҳои сохтмонӣ роҳандозӣ шудааст.
Коргоҳи нав имкон дорад, ки дар як сол зиёда аз 500 ҳазор метри мураббаъ гаҷкартон истеҳсол намояд ва тасмим аст, ки дар ояндаи наздик ҳаҷми истеҳсолот ба як миллион метри мураббаъ хоҳад расид. Дар корхона 45 сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин шуд. Барои бунёду муҷаҳҳазгардонии иқтидори нави саноатӣ зиёда аз 24 миллион сомонӣ сарф гардид. 
 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорро шоёни дастгирӣ номиданд. Дастур дода шуд, ки зимни фаъолият ба ҳаҷми истеҳсолот ва сифату рақобатпазирии маҳсулот таваҷҷуҳи хоса равона шуда, маҳсулот бо назардошти талаботи бозор истеҳсол гардад ва риояи меъёрҳои содироти мол ба хориҷа дар мадди назар бошад. 
Корхонаи истеҳсолӣ дар минтақаи саноатии ноҳияи Ёвон дар заминаи татбиқи ҳадафҳои саноатикунонии босуръати кишвар ва Солҳои рушди саноат (2021-2026) бунёд ёфт. Гаҷкартон бо ҳаҷму андозаҳои гуногун тавассути дастгоҳу таҷҳизоти пешрафта ва хатҳои технологии замонавӣ истеҳсол мешавад.  Хатҳои технологие, ки дар корхона насб шудааст, навтарин буда, дар онҳо мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ маҳсулот бароварда мешавад. Коркарди маҳсулоти хоми маҳаллӣ то марҳалаи ниҳоӣ таъиноти асосии фаъолияти корхона арзёбӣ гашт.  Озмоишгоҳи корхона бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз мебошад, ки дар он мутахассисони касбӣ сифати маҳсулотро дақиқ санҷида, барои истифода дар истеҳсолот пешниҳод менамоянд.
Бояд гуфт, ки 70 дарсади маҳсулоти корхона аз ашёи хоми маҳаллӣ буда, бо истифода аз конҳои амалкунандаи атрофи ноҳия бо сифати аъло омода мешавад ва ивазкунандаи воридот мебошад.  Дар корхона ду намуд гаҷкартон бо андозаи 1 метру 20 сантиметр паҳноӣ ва 2 метру 50 сантиметр дарозӣ барои девор ва сақф истеҳсол мешавад. Ин намуди маҳсулот барои деворҳои байниҳуҷравӣ ва ороиши сақфи иншооти гуногун истифода мегардад. Дар марҳалаҳои баъдӣ тасмим аст, ки истеҳсоли гаҷкартонҳои ба намӣ ва гармӣ тобовар дар ҳамин корхона ба роҳ монда шавад.
ҶДММ “Файзи гаҷ” аз ҷумлаи корхонаҳои муҳими истеҳсолӣ дар ноҳияи Ёвон буда, аз соли 2014 фаъолият мекунад. Дар ин муддат корхона истеҳсоли 27 номгӯйи маҳсулоти сохтмониро ба роҳ монда, дар бозор мақоми худро пайдо кардааст, ки аксараш содиротист. Ҳоло дар корхона ғуррагаҷҳои берунаву даруна, ғуррагаҷҳо барои сақф ва ороишии берунаи бинову иншоот, гаҷкорӣ, ширешҳои тахтасангҳои ба обу намнокӣ тобовари дарун ва беруни бино, рангҳои эмулсионии шусташавандаву ба намӣ тобовар, профил ва ғайраҳо истеҳсол мешаванд. Корхона дар масоҳати 2,7 гектар ҷойгир буда, бештар аз 1,5 гектари онро боғи дарахтони мевадиҳанда ташкил медиҳад. Дар умум, атрофи корхона бо назардошти таъиноти саноатӣ доштани он сабзу хуррам гардонда шудааст, ки ин ба беҳдошти вазъи экологӣ мусоидат мекунад. Инчунин, ширкати “Файзи гаҷ” дар пайравӣ ба иқдомҳои созандаи роҳбарияти олии кишвар дар амалисозии ташаббусҳои бунёдкорӣ бобати истиқболи шоиста аз Ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Ёвон ҳиссагузорӣ дорад.  
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкор барои саҳмгузорӣ дар раванди саноатикунонии кишвар арзи сипос карда, дастур доданд, ки ба масъалаи омодасозӣ ва бозомӯзии мутахассисон дар хориҷа таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ташаббусҳои созандагиро вусъат бахшад.     

Санаи нашр: 07.11.2024 №: 223
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив