ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » БАРҚИЯИ ИЗҲОРИ ТАСАЛЛӢ

БАРҚИЯИ ИЗҲОРИ ТАСАЛЛӢ

11 ноябр 2024, Душанбе
10
0

10-уми ноябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба фавт ва ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Покистон, аз ҷумла занону кӯдакон, бар асари ҳамлаи террористи интиҳорӣ дар шаҳри Кветта ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Осиф Алӣ Зардорӣ ва муҳтарам Шаҳбоз Шариф барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:  
“Мо ин амалкарди ваҳшиёнаи неруҳои ҷиноятпешаро қотеона маҳкум карда, зарурати бетаъхири тақвияти муборизаи сарҷамъонаи беамонро алайҳи ҳама гуна зуҳуроти терроризм ва ифтротгароӣ муҷаддадан таъкид менамоем. Ҳамдардиву таслияти амиқи инҷонибро ба Шумо, аҳли наздикони қурбониёни ин амали террористӣ ва мардуми дӯсти Покистон изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил мехоҳем”.

Санаи нашр: 11.11.2024 №: 224
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив