ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » БАРҚИЯҲОИ ТАБРИКӢ

БАРҚИЯҲОИ ТАБРИКӢ

11 ноябр 2024, Душанбе
16
0


7-уми ноябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳтарам Доналд Ҷон Трамп барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ! 
Дар иртибот ба пирӯзиатон дар интихоботи Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо камоли сарфарозӣ ба Шумо табрикоту таҳнияти самимии хешро арз менамоям. Мо ба ояндаи муносибатҳои дӯстона ва шарикии гуногунҷанбаи судманд бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико диди нек дорем.
Рушду тавсеаи пайгиронаи онҳоро дар ҳамаи арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн аз ҷумлаи самтҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии давлати худ медонем. Ҳамеша омодаем, ки ҷиҳати пешбурди ҳамкории судманд муколамаи самарабахши байнидавлатии кишварҳоямонро дар сатҳҳои мухталиф идома бахшем. 
Бо истифода аз ин фурсати муносиб, ба Шумо тансиҳативу саодатмандӣ ва дар фаъолияти масъулиятнокатон комёбиҳои навин, ба мардуми дӯсти  Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сулҳу суботи пойдор ва шукуфоии бардавом хоҳонам».

7-уми ноябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Молдова муҳтарам Майя Санду барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Хонуми олиҷоҳ!
Шуморо ба муносибати аз нав интихоб гардиданатон ба маснади Президенти Ҷумҳурии Молдова сидқан табрику муборакбод мегӯям. Ба Шумо саломатии бардавому саодатмандӣ ва дар идомаи фаъолияти сермасъули давлатиатон комёбиҳо, ба мардуми дӯсти Молдова сулҳу суботи пойдор ва пешрафту шукуфоӣ орзу менамоям. Тайи давраи соҳибистиқлолӣ кишварҳои мо бар асоси усулҳои дӯстӣ, ҳусни тафоҳум ва эҳтироми ҳамдигарӣ робитаҳои ҳамкории созандаро дар арсаҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи муштарак ба роҳ монда, пеш мебаранд.
Бовар дорам, ки ду ҷониб бо такя ба ин анъанаҳои нек ҷиҳати рушду тавсеаи муносибатҳои байнидавлатии худ минбаъд ҳам саъю кӯшишҳои зарурӣ ба харҷ хоҳанд дод. Омодагии инҷонибро барои иқдомҳои якҷоя дар ин ҷода иброз менамоям».

Санаи нашр: 11.11.2024 №: 224
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив