ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НАҚБИ “ХАТЛОН”. СИСТЕМАИ ҲАВОКАШӢ ЧӢ МУШКИЛӢ ДОРАД?

НАҚБИ “ХАТЛОН”. СИСТЕМАИ ҲАВОКАШӢ ЧӢ МУШКИЛӢ ДОРАД?

07 апрел 2023, Ҷумъа
63
0

  
Насби системаи ҳавокашӣ дар нақбҳо, махсусан нақби мошингузар, яке аз талаботи асосии сохтмон ба ҳисоб маравад. Тавассути он ҳавои дохили нақб мунтазам тоза гардида, боиси убури озодонаи ронандагону мусофирон аз тариқи нақб мегардад. Дар ҳолати кор накардани системаи ҳавокашӣ гузаштан аз нақбҳои дароз, махсусан барои нафароне, ки бемории нафастангӣ доранд, хеле душвор аст. Ҳавои ғализ ва бӯйи газҳои зеризаминӣ ҳатто боиси нафастангии одамони солим низ, мегардад.

Ин ҳолатро мо борҳо дар нақби “Хатлон” мушоҳида кардем. Аз ҷумла, рӯзи 1 апрел, соати 15:40 дақиқа вақте аз он гузар мекардем, системаи ҳавокашии нақб кор намекард. Дар таксӣ, одамони гуногунсол, аз норасоии ҳаво эҳсоси дилтангӣ мекарданд. Мушоҳида нишон дод, ки ҳавои дохили нақб дар ҳақиқат ифлос ва сахт дилтангкунанда аст. Ҳарчанд чунин ҳолат дар нақби мазкур гоҳ – гоҳ ба мушоҳида расад ҳам, боиси нигаронӣ мебошад. 
Бояд гуфт, ки муваффақ шудани Тоҷикистон ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ дастоварди бузурги даврони Истиқлоли давлатӣ мебошад. Бо ин мақсад, Ҳукумати мамлакат корҳои зиёдро ба анҷом расонда, даҳҳо лоиҳаи сармоягузориро татбиқ намуд, ки дар доираи онҳо дар кишвар беш аз 2200 километр роҳи байналмилалии мошингард ва 5 нақби мошингузар бунёд гардид.
Нақби «Хатлон», ки қариб 4,5 километр дарозӣ дорад, бо харҷи беш аз 300 миллион сомонӣ дар масири Душанбе – Ваҳдат – Кӯлоб бунёд ёфтааст. Он 1 ноябри соли 2013 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расман ифтитоҳ гардид.
Нахустин шуда, аз дохили он қатори мошинҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳони ӯ аз шимол ба ҷануб убур намуда, аз оғози мавриди истифодаи умум қарор гирифтани он, башорат доданд.
Президенти мамлакат ба нуқтаи идораи нақб ворид шуда, бо шароити кории он шинос шуданд. Тавре зикр гардид, аз ин ҷо ҳаракати мошинҳо аз ду самти даромад ба нақб ва дар дохили он, ҳамчунин, кори шабакаҳои рӯшноидиҳӣ ҳавокашӣ, зиддисӯхторӣ ва ғайра тавассути камераҳои мушоҳидавӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти навтарини дигар назорат ва идора мешаванд.
Тибқи маълумот, ифтитоҳи ин иншооти бузурги нақлиётӣ масофаи шоҳроҳи Душанбе – Ваҳдат – Данғара – Кӯлобро нисбат ба шоҳроҳи Душанбе – Қӯрғонтеппа – Кӯлоб 100 километр кӯтоҳ намуд.
Дар ҳақиқат, бунёди иншооти стратегии нақлиётӣ боиси сарфаи вақт, коҳиш ёфтани садамаҳои нақлиётӣ ва дар маҷмуъ, осон шудани рафтуомади мардум гардид. 
Акнун, барои хизмати тулонӣ кардани нақб, ки бо харҷи зиёд бунёд шудааст, дуруст нигоҳдорӣ кардани он низ, барои ҳаракати мунтазами нақлиёт аз масъулон масъулияти бештарро тақозо менамояд.

Лашкар ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 07.04.2023 №: 72
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив