«ТОҶИКОН» ДАР НАЗАРГОҲИ САРВАРИ ДАВЛАТ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини давлатдорӣ то имрӯз ба гиромидошти бузургон ва осори гаронмояи онҳо кӯшидаанд. Бавижа, барои қадрдонии аллома Бобоҷон Ғафуров, ки «Тоҷикон»-аш Тоҷикистонро сипари ҷовидон аст, ҳанӯз дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба ибтикори ҷиддие даст заданд. Соли 1998, ки кишвари мо тоза аз вартаи кашмакашиҳои сиёсӣ раҳо ёфта буд, ба нашри дубораи «Тоҷикон» ҳиммат гумоштанд. Он сол чопи ин шоҳасар армуғони нодире ба ифтихори 90-умин солгарди аллома Бобоҷон Ғафуров гардид, ки бо сифати баланд ва ба теъдоди 10 000 нусха нашр шуд.
Ба чопи нави китоб сарсухани муъҷазе бо номи «Сарчашмаи худшиносии миллӣ» навиштани Пешвои миллат бесабаб набуд, зеро Сарвари давлат дурандешона пай бурданд, ки ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ дар байни халқ аз худношиносӣ ва дурӣ аз асолати миллии хеш сар задааст. Бад-ин мазмун менависанд: «Ҳар фард бе омӯзиши таърихи кишвари худ аслу насаб ва маърифати зотиву бумиашро бегазанд нигоҳ дошта наметавонад, аз решаи худ дур ё канда шуда, ба вартаи гумномӣ ё фано қадам мениҳад ва ба таъбири имрӯзиён, манқурт мешавад». Дар ин навиштаи Президенти кишвар, ки дар саҳифаи аввали чопи нави «Тоҷикон» сабт аст, ишораи нозукеро дар мавриди ҷангу мухолифатҳои дохилӣ пай бурдан мумкин аст. Ва, воқеан ҳам, солҳои 90-уми асри гузашта баъзе неруҳои дохиливу хориҷӣ моро аз реша кандан, ба вартаи фано кашондан ва манқурт карданро асли ҳадафҳои ғаразноки хеш қарор дода буданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба баррасии сатҳи баланди илмии китоби «Тоҷикон» пардохта, онро на қомуси таърихи тоҷикон, балки таърихномаи халқу миллатҳои гуногуни Осиёи Марказӣ маънидод мекунанд: «Қимати илмии «Тоҷикон», алҳақ, бениҳоят бузург аст. Бобоҷон Ғафуров бо ин иқдоми нек ва заҳмати пурбаҳояш на танҳо саҳифаҳои таърихи рангини миллати тоҷик ва ҳамзабони мо, балки таърих ва роҳи тайкардаи халқҳои ӯзбеку қирғиз ва қазоқу туркманро то андозае ба хонанда ошно сохт. Ин хидмати рустамонаи Бобоҷон Ғафуров шоистаи таҳсин ва офарин аст». Дар ҳақиқат, баъди нашри русии «Тоҷикон» ба он тақризу мақолаҳои зиёд навишта шуд. Шарқшиносону муаррихони шуравию хориҷӣ аз ин асари бузурги илмӣ истиқбол намуданд.
Баъдан, ин шоҳасар борҳо чоп шуда бошад ҳам, аммо бо шумораи кам интишор мешуд ва ҳама дастрасӣ надоштанд. Ба ин хотир, моҳи декабри соли 2019 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш дастур доданд, ки китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров аз нав нашр шуда, ба ҳар хонавода дар Тоҷикистон ройгон армуғон карда шавад. Аз ҷумла гуфтанд: “Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияи иттилоотӣ, ки воридшавии унсурҳои бегонаро ба фарҳанги миллӣ осон мегардонад, рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш барои ҳар фарди миллат, хусусан насли наврасу ҷавон, зарур ва ҳатмӣ мебошад. Дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон”-ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз номи Сарвари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намоянд”.
Бо муҳокима ва баррасиҳои оқилона дар замони ноором ба чопи такрории ин шоҳасар камар бастани Пешвои миллат собит мекунад, ки огоҳӣ аз сабақҳои гузашта ба ваҳдати миллӣ, эҳёи хотираи таърихӣ ва барафрӯхтани эҳсоси ватандӯстӣ мададгор аст.
Б. САЛИМ, “Ҷумҳурият”