ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ

БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ

15 ноябр 2024, Ҷумъа
2
0


Дар ҳошияи дунё сад шоҳу гадо бигзашт,
Дар бодияи ғавғо сад гуна садо бигзашт.
Дар зовияи савдо сад обу адо бигзашт,
Аммо нагузашт аз ту дар пояи султонӣ,
Эй омаданат саршор аз ҳикмати раббонӣ.
Дунё гузаро бошад, серӯза саро бошад,
Ҳар омадаро аз дар ҳукме ба баро бошад.
Ин суфраи дунё худ даври гузаро бошад,
Дониста ин ҳикмат бо адл қадам монӣ,
Шоистатарин роҳ аст, ин ҷодаи Раҳмонӣ.
То зинда кунӣ номе з-Исмоили Сомонӣ,
Гаҳ даври Хутал гардӣ, гаҳ мулки Бадахшоне.
Гаҳ пеши азизонӣ, паҳнои Зарафшонӣ,
З-ин килки Азиза рафт дар вақти суханронӣ,
Шоиста ба ҳар васфӣ, Эмомалӣ Раҳмонӣ.
Азизаи ДАВЛАТШОҲ, сардори кафедраи забонҳои Академияи ВКД, 
номзади илмҳои педагогика, полковники милитсия

Санаи нашр: 15.11.2024 №: 228-229
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив