ПРЕЗИДЕНТ ВА ТЕАТРИ МИЛЛӢ
Дар сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳанг соҳаи муҳим ва такягоҳи боэътимоди маънавии ҷомеа муайян гардида, ҳамчун воситаи тавонои ташаккули идеологияи миллӣ, муаррифгар ва муайянкунандаи мақому манзалати кишвар дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад. Пешвои миллат ҳанӯз дар солҳои аввали истиқлоли давлатӣ таъкид намуда буданд: «Фақат миллате, ки барои рушду такомули илму маориф ва фарҳанг ғамхорӣ зоҳир мекунад, ба давлатдорӣ сазовор аст».
Воқеан, дар шароити ҳозираи таърихӣ масъалаи солимии маънавии ҷомеа яке аз масъалаҳои муҳими инкишофи ҷамъият ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷода санъати театрӣ метавонад нақши калидӣ дошта бошад. Бояд гуфт, ки ҳунармандони театр неруи бузурги эҷодиро ташкил медиҳанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тармиму таъмири биноҳои театру муассисаҳои фарҳангӣ ҳамасола маблағҳои зиёд ҷудо менамояд. То имрӯз биноҳои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Театри давлатии академии драмаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Театри вилоятии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ, Театри вилоятии мазҳакаи мусиқии ба номи Саидалӣ Вализода, Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов пурра таъмир гардиданд. Бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2014 Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов («Аҳорун») соҳиби бинои худ шуд. Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ ва Театри вилоятии мазҳакаи мусиқии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар соҳиби бинои нав гардиданд. Ҳамчунин, бо фармони махсуси Президенти кишвар дар ноҳияҳои Данғара ва Ашт театрҳои драмаи мусиқӣ таъсис ёфтанд. Имсол санги асоси бинои нави Театри Данғара гузошта шуд, ки намунаи беҳтарини он дар минтақаи Осиё хоҳад буд.
Театри нави миллӣ, ки дар шафати Китобхона ва Осорхонаи миллӣ қомат афрохта истодааст, минбаъд барои қонеъ гардондани ниёзҳои маънавии мардум ба сифати яке аз марказҳои бузурги маърифат ва тарбия хидмат хоҳад намуд. Хишти аввали онро соли 2015 Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки аҳли фарҳанг ва ҳунари пойтахт дар вазъияти тантанавӣ ниҳоданд. Бунёди ин театри бузург дар пойтахти кишвар, қабл аз ҳама, рамзи кӯшишҳои наҷиби тамаддунсозии навинро фарогир аст ва ин иқдоми шоистаи Президенти мамлакат бори дигар собит менамояд, ки дар сиёсати фарҳангии давлати Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус барои тарбияи насли ояндаи миллат мақоми махсусро ишғол менамояд. Бино аз ду ошёнаи зеризаминӣ ва 5 ошёнаи рӯйизаминӣ иборат буда, баландиаш 34,5 метр хоҳад буд. Тибқи лоиҳа, театр аз 3 толори калон ва толору дафтарҳои сершумори кории дигар иборат мебошад. Толори асосии он барои 2500 тамошогар пешбинӣ шудааст. 2 толори дигар яке 1200 дигаре дорои 1000 ҷойи нишаст хоҳад дошт. Баландии толори асосӣ 18 метр буда, дар он барои оркестр низ ҷой пешбинӣ шудааст. Дар ошёнаҳои болоӣ толорҳои намоишӣ ва бадеӣ, машқу тамрин, устохонаҳои бадеӣ ва дигар ҳуҷраҳо ҷойгир мешаванд.
Театри миллӣ ба тамоми стандартҳои муосир ҷавобгӯй мебошад. Он бузургтарин ва зеботарин иншоот дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳам хоҳад буд. Театр на танҳо барои имрӯзиён, балки барои садсолаҳои минбаъда хизмат карда, ҳамчун ёдгори оғози марҳалаи тозаи тамаддуни тоҷикон боқӣ хоҳад монд.
Муҳаммадуллоҳ ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 15.11.2024 №: 228-229