ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПЕШВОИ АДАБПАРВАР. ЧЕҲРАҲОИ АДАБӢ ДАР ШИНОХТИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ  ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ПЕШВОИ АДАБПАРВАР. ЧЕҲРАҲОИ АДАБӢ ДАР ШИНОХТИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ  ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

21 ноябр 2024, Панҷшанбе
24
0

 
Адабиёти бадеӣ нисбат ба инсон ва ҷамъият вазифаҳои гуногунро иҷро мекунад. Ин маънои онро дорад, ки адабиёт метавонад ба таври муайян ба ҷомеа ва шахсиятҳо таъсир расонад. Воқеан, одамон метавонанд осори адабиро бо мақсади ба даст овардани дониш, ташаккули меъёрҳои ахлоқӣ ва дарки зебоӣ, барои фароғат ва муошират мутолаа кунанд. Барои ҷомеаи муосир ҳаётро бидуни адабиёт тасаввур кардан душвор аст.

Пешвои миллат, ки дар ин боб диди ниҳоят борикбин доранд, дар ҳар як баромаду суханронӣ аҳли зиёи мамлакат, аз ҷумла адибонро баҳри ташаккули худшиносиву худогоҳӣ ва тақвияти эҳсоси ватандӯстии ҷавонон даъват менамуданд. Аз ҷумла изҳор доштанд: «Адибон дар ҳар давру замон  баёнгари орзуву омол, ҷонсӯз ва нангбардори миллати хешанд. Онҳо дар тафаккури худ ҳикмати асру замонҳо ва халқро чун ганҷи бебаҳо маҳфуз медоранд ва ба воситаи асарҳояшон зебову хотирнишин ба мардум пешниҳод мекунанд».
Яке аз чеҳраҳои тобнок ва мондагори адабӣ сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс, султони шоирон Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мебошад, ки бо эҷоди ашъори баландмазмун на танҳо дар таърихи адабиёти тоҷику форс, балки дар байни дигар халқу миллатҳо низ мавқеи махсусро касб кардааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханрониҳо дар чорабиниҳои гуногун ва паёмҳои табрикотӣ бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ шахсияти шоирро намунаи ибрат ва осори мондагори ӯро василаи муҳими худшиносию таҳкими сулҳу субот донистаанд. Таҷлили Рӯзи Рӯдакиро “рамзи ҷовидонаи миллати фарҳангсози тоҷик” номида, ҳанӯз 21-уми сентябри соли 2001 чунин баён намуда буданд: «Рӯзи Рӯдакӣ на танҳо иди бузургдошти сардафтари адабиёти оламгири тоҷику форс, балки иди мероси адабию илмӣ, фаннӣ ва ахлоқии беш аз ҳазорсолаи тоҷик, рӯзи ифтихор аз камолоти тамаддуни миллии мост». 
Воқеан, эҷодиёти устод Рӯдакӣ саросар ҷанбаи таълимию маърифатӣ дошта, барои хонандаи имрӯз, ки дар гирумони ҷаҳони пурасрор ва бархӯрди тамаддунҳо қарор доранд, дарси ибрат мебошад. Сарвари давлат бар он таъкид кардаанд, ки «Мо бояд меҳру муҳаббати устод Рӯдакиро дар қалби насли наврас маҳз дар ҳамин руҳия, руҳияи чунин асарҳои пурмазмун, ба монанди драмаи  таърихии  “Рӯдакӣ”  ва киноповести «Қисмати шоир»-и Сотим Улуғзода барафрӯзем, дониши  ҷавононро дар бораи осору аҳволи поягузори адабиётамон тавассути тадқиқоти пурарзиши ховаршиносони маъруф афзун намоем».
Умуман, афкору эҳсос ва ғояву андешаҳои гуманистии устод Рӯдакӣ, ки дорои моҳияти умумибашарианд, на танҳо имрӯз, балки фардо низ барои тарбияву ташаккули инсони комили сайёраи мо хидмати шоистае анҷом хоҳад дод.
Дигар аз саркардагони дунёи илму адаб, ки эҷодиёташ саропо тарғиби ғояҳои неки инсонӣ, давлату давлатдорӣ ва дӯст доштани ватан мебошад, ҳамосасарои бузуруг Абулқосим Фирдавсӣ аст. “Шоҳнома”-и безаволи ӯ шоҳкории бузург на танҳо дар адабиёти мо, балки дар тамоми дунё маҳсуб меёбад. Дар ин асари безавол мавзуъҳои ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, омӯзиши илму дониш ва тарғиби ахлоқи неки инсонӣ ҷойгоҳи аввалиндараҷа доранд. 
Пешвои миллат ба шоҳкориҳои Фирдавсӣ баҳои баланд додаанд. Таҷлили ҷашни бошукӯҳи ҳазораи “Шоҳнома”, ки ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ рост меояд, тадбири басо муҳим ва саривақтӣ дар шинохти шахсияти Фирдавсӣ ва асари безаволи ӯ мебошад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 19-уми марти соли 1993 зимни баррасии масоили раҳоӣ аз буҳрони сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, яке аз василаи муҳим иттиҳоду ҳамбастагии қишрҳои гуногуни ҷомеаро ҳисобиданд. Дар ин давра, ки авҷи даргириҳои дохилӣ буд, мутаассибони динӣ ба қомат афрохтани муҷассамаи ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар пойтахти кишварро мухолифат доштанд. Сарвари давлат ин амали таассуфоварро сахт танқид намуда, баръакс, «Шоҳнома»-и безаволро чун шиносномаи миллати тоҷик арзёбӣ кардаанд: «Дар ин асари мукаммалу ҷовидонӣ таърихи чандинҳазорсолаи халқҳои эрониасл, ки аз замонҳои қадим бар зидди торикию ҷаҳолат, ҷангҳои хонумонсӯз мубориза мебурданд, бо каломи зебои шеър тасвир шудааст. Фирдавсӣ хислатҳои ҳамидаи некию накукорӣ, ақлу фаросатро ба дараҷаи олӣ бардошта, дӯстии халқҳоро тараннум мекард”.
Инчунин,  ҳангоми суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба ҳазораи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ 5-уми сентябри соли 1994 Фирдавсиро “ситоишгари адлу ростӣ ва нуру хирад” унвон дода, баргузор шудани ин симпозиумро басо муҳим ва саривақтӣ ҳисобиданд ва фалсафаи ҳаётбахши шоирро барои огоҳии ҷомеа аз таърихи пурғановати гузашта ва сабақи омӯзанда барои наслҳои имрӯзу фардо василаи муҳим арзёбӣ кардаанд: «Ҳаким Абдулқосими Фирдавсӣ ба сифати як инсони покнажоду покгуҳар ва шахсияти нобиғаву достонсарои беҳамто, султони шеъру адаби форсигӯёни ҷаҳон, воқеан, фалсафаву адаби моро неруи тоза бахшида, шеърро ба ҳар дард даво ва ёвару мададгор ва ҷонбахши мардум гардонид. Фалсафаи манзуми ӯ моломоли ғояҳои ватанпарастӣ, башардӯстӣ, покию нафосат, сулҳу сафо, панду андарз ва ахлоқи ҳамида, шеъри набарду мубориза ва ҷонбозиҳо дар роҳи озодии халқу ватан, дар роҳи адолату ростӣ аст».
Носири Хусрави Қубодиёнӣ яке аз чеҳраҳои мондагор ва маълуму маъруфи қарни ёздаҳи халқи тоҷик буда, муҳаққиқон аз ӯ чун нависандаи ҳақиқатнигор, шоири андарзгӯ ва файласуфи заковатманд ном бурдаанд, ки дар ҷустуҷӯи ҳақиқату адолати иҷтимоӣ як қатор кишварҳоро паймудааст. Ин мутафаккир дар таърихи адабиёти тоҷик ҷойгоҳи хосса дошта, афкору андешаҳояш, пеш аз ҳама, тарғибгари масъалаҳои ахлоқӣ мебошад.
Зимни суханронӣ бахшида 1000-солагии зодрӯзи Носири Хусрав аз 8-уми сентябри соли 2003 таълифоти ин мутафаккирро барои тарбияи насли наврас василаи муҳим хонда, қайд намуданд:  «Ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ аз ҷумлаи чунин бузургони фарҳангу хиради миллати тоҷик ба шумор меравад, ки умри азизи хешро баҳри худшиносӣ, ситоиши ифтихори миллию ватандорӣ ва раҳоиш аз зулму истибдоди аҷнабиён, хурофот ва дигар падидаҳои манфӣ сарф кардааст».
Дар шинохти Сарвари давлат Носири Хусрав ҳамчун шоири ватандӯсту ватанпарвар ва марди андеша, мунодии роҳи озодӣ, пеш аз ҳама истиқлолхоҳ маҳсуб меёбад. Ӯ чун дигар озодихоҳони гузашта дар бедории эҳсоси худшиносӣ, ҳувияти миллӣ, ифтихори ватандорӣ аз бузургии каломи мавзун, фаъолияти адабӣ, маърифтапарварӣ ва тарғиботию мунозироти фалсафӣ кор гирифтааст.
Боиси зикр аст, ки бо гузашти асрҳо андешаву афкор ва таъсири суханони намояндагони илму адаби мо аҳамияти дучанд пайдо карда, дархӯри ҷомеа гардидаанд. Дар ин миён Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ яке аз пуркортарин адибони форсу тоҷик ба ҳисоб рафта, бо осори гаронмояи худ дар ташаккули фарҳанг саҳми бузурге дорад.
Оид ба Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мақолаҳои ҷудогона, суханрониҳо ва китоби “Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ” (2012) андешаҳои худро баён намуда, осори ҷовидонаи ин орифро чун даво ба дарди имрӯзаи ҷомеаи мо – тарғиби сулҳу ваҳдат ва иттиҳоду ҳамбастагӣ, ҳисобидаанд. Чунончи, дар мақолаи “Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва ҷаҳони муосир» муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афкору андешаҳои Мавлоноро мояи асосии сарфарозӣ ва василаи муҳими ҳамдилию ҳамбастагӣ ҳисобида, мутолааи ашъори баландмазмуни ин орифро роҳи расидан ба аҳдофи бузург медонад: “Румӣ тарғибгари ахлоқи ҳамида, чун вафодорӣ, шафқат бар заифон, эҳтироми худ ва дигарон, ростӣ, эҳсон, хоксорӣ, саховату каромат ва ғайра буд. Ӯ ахлоқи бад – молу ҷоҳпарастӣ, ҳасад, ҳирсу тамаъ, ришвахорӣ ва амсоли онро мазаммат мекунад».

Сарвари давлат 7 ва 8-уми сентябри соли 2007 дар Конфроси байналмилалии илмӣ ва маҷлиси бошукӯҳ ба ифтихори 800-умин солгарди зодрӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар шинохти Пешвои миллат Ҷалолиддини Балхӣ на танҳо мутафаккир ва орифи бузург, балки пайвандгари инсоният ва тамаддунҳои гуногуни башарият мебошад. Вусъати назару баландии андешаи Мавлоно бесобиқа буда, тасвирҳои вай бамавқеъ ва нишонрас мебошанд. Афкору андешаҳои пурқимати Ҷалолиддини Балхӣ дар шароити кунунӣ, ки бархӯрди тамаддунҳо, густариши анъаноти бегона ва гаравиши ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ чашмрасанд, василаи муҳими таълиму тарбия маҳсуб меёбад.
Адабиёту фарҳанги давраи нави тоҷик бо заҳмати фидокоронаи як идда маорифпарварон, ки сарсупурдаи фарҳанги миллат буданд, ба талаби давру замон роҳандозӣ шудааст. Ин давраи адабиёт аз осори безаволи устод Садриддин Айнӣ оғоз мегардад. Устод дар муддати умри бобаракати хеш асарҳои зиёди бадеӣ, публитсистӣ ва илмӣ таълиф намудааст. 
Президенти мамлакат саҳми устод Айнӣ ва дигар пайравони ӯро дар пойдории миллати тоҷик ва ташаккули худшиносии миллӣ хеле бузург ҳисобидаанд. Аз ҷумла, санаи 19-уми марти соли 1997 зимни мулоқот бо зиёиёни мамлакат аз ҳодисаҳои мудҳиши солҳои аввали ҷанги шаҳрвандӣ ёдовар шуда, ишора намуданд, ки маҳз бо такя ба ирода ва ақлу заковати халқ пеши ин ҳама қатлу хунрезӣ гирифта шуд: «Зиёиёни мо метавонанд мафкураи ваҳдати миллиро дар зеҳну шуури мардум ҷой карда, халқро барои якдигарфаҳмӣ омода созанд».
Ҳамзамон, хизматҳои устод Айниро дар роҳи инкишофи забони адабии тоҷик низ бузург хондаанд. Масалан, ҳангоми суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони зиёиёни мамлакат аз 20-уми марти соли 2001 забонро аз аввалин ва муҳимтарин рукни ҳастии ҳар як халқ ҳисобида, саҳми адибонро дар инкишофи ин сарвати бебаҳо баланд арзёбӣ намуданд, чунки забони зебою ноби тоҷикӣ маҳз тавассути офаридаҳои бузургони адабиёт ба мо мерос мондааст.
Ба андешаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллатҳои мутамаддин арзишҳои олии худро на танҳо ҳифз, балки рушд ва инкишоф медиҳанд. Саромадони илму адаби мо низ ин корро кардаанд. Тавре Сарвари давлат зикр намудаанд: «Чунин навовариҳо на ҳамеша самараи дилхоҳ медиҳанд. Масалан, дар солҳои сиюми асри ХХ нияти неки устод Айнӣ ва ҳаммаслаконаш ҷиҳати сода ва ба фаҳми халқ наздик кардани забони адабӣ бояд танҳо ба осон гардондани саводомӯзӣ ва ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоии фарҳангӣ ҷалб шудани омма мусоидат мекард. Аммо тундравӣ ва беэҳтиётии як идда адибон, хусусан аҳли матбуот, ин нияти некро ба як тамоюли одӣ ва омиёна кардани забони адабӣ табдил дод».
Президенти мамлакат чунин хунукназарии ин гуна адибону олимони бегонапарастро зикр карда, баръакс, саҳми адибони насли солҳои шастум, ба монанди Фазлиддин Муҳаммадиев, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ ва ҳамқаламону пайравони онҳоро дар барҳам додани ин тамоюл баланд арзёбӣ кардаанд.
Дар шинохти Сарвари давлат Садриддин Айнӣ, ки дар вазъияти таърихӣ (1924-1926) ба майдони мубориза «ба ҳайси як қаҳрамони миллӣ» ворид гардид, ҳамчун нависандаи ҳақиқатнигор ва тақдирсози миллати тоҷик муаррифӣ гардида, ақидаҳои ватандӯстӣ, инқилоби фикрии ҷавонон, бедории шуури миллӣ ва хештаншиносӣ дар сартосари эҷодиёти ин абармарди роҳи илму адаб мавқеи асосӣ доранд. Пешвои миллат ба дониш ва хиради волои устод Айнӣ баҳои баланд дода, асарҳои ӯро, ки ба масъалаҳои ҳаёти таърихӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва адабии халқи тоҷик бахшида шудаанд, дар муаррифии қадимӣ будани таъриху тамаддуни халқи тоҷик далели радношаванда донистаанд. Осори мондагори устод Айнӣ барои имрӯзиён ва насли фардои миллати тоҷик дорои аҳамияти бузурги таърихӣ мебошанд.
Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба намояндагони адабиёт ва мавқеи иҷтимоии онҳо хеле васеъ мебошад. Чунончи  ҳангоми суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони зиёиёни мамлакат аз 20-уми марти соли 2001 оид ба вазъи адабии мамлакат сухан ронда, асарҳои бадеиву публитсистии адибони тоҷикро, ки дар мавзуъҳои гуногуни хоҷагии халқ навишта шудаанд, дар муаррифии халқи тоҷик василаи муҳим арзёбӣ намуданд.
Мирзо Турсунзода аз зумраи адибоне мебошад, ки тамоми фаъолияти эҷодиаш баҳри беҳбудии ҳаёти ҷомеа ва тарғиби ғояҳои олии инсондӯстию маърифатпарварӣ равона гардидааст. Ӯ ба ҳайси як чеҳраи адабӣ фаъолияти густурда дошт ва дар кишварҳои хориҷӣ низ офаридаҳои ӯро чун рамзи миллати овозадори тоҷик мешинохтанду эҳтиром мекарданд. Ӯ баъд аз устод Айнӣ яке аз адибони соҳибмактаб маҳсуб ёфта, дар инкишофи эҷодӣ ва рушду камоли маънавии адибоне чун Аминҷон Шукӯҳӣ, Ғаффор Мирзо, Фазлиддин Муҳаммадиев, Муъмин Қаноат, Қутбӣ Киром, Лоиқ Шералӣ ва Гулрухсор саҳми арзанда дорад.
Сарвари давлат саҳми Мирзо Турсунзодаро дар роҳи тараққиёти адабиёти бадеӣ ва мустаҳкам намудани сулҳ дар байни мамлакатҳо баланд арзёбӣ карда, ишора намудаанд, ки вай шуруъ аз солҳои сиюми садаи бист то вопасин лаҳзаи умр дар хизмати халқи ватанаш буд: «Шеъру достонҳои Мирзо Турсунзода, ки пешрафти Тоҷикистон ва рушду камоли маънавии мардуми кишвари моро бо санъати олии сухан ва маҳорати баланд тасвир менамоянд, далели равшани ягонагии шоир ва халқу Ватан мебошанд».
Чунин баҳогузории Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар хусуси шоири шаҳир Лоиқ Шералӣ низ мушоҳида мекунем. Пешвои миллат фаъолияти адибони тоҷикро дар солҳои шастуми асри гузашта бо ҷустуҷӯҳои нави эстетикӣ, худогоҳӣ, тарғиби арзишҳои миллӣ пурсамар хонда, «руҳи нав» дар адабиёт унвон додаанд. «Дар ин миён, – таъкид кардаанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, – лозим медонам хизматҳои пурарзиши шодравон Лоиқ Шералиро дар талқини шуҷоати адабӣ, руҳи миллӣ ва ватандорӣ, ситоиши модар ва забони модарӣ, эҳёи бисёр суннатҳои шеъри оламгири мо бо сипосу эҳтироми хосса ёдовар шавам».
Аз суханрониҳо ва таҳлилҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба адабиёт ва намояндагони он равшан мегардад, ки халқи тоҷик аз азал ҳамчун миллати фарҳангдӯсту адабпарвар буд ва ин анъана то ҳол идома дорад. Аммо аҳли адаб, ки ворисони гузаштагони миллати пурифтихори мо мебошанд, бояд вазифаи бардӯшдоштаи худро сарбаландона иҷро намоянд. Имрӯз низ давлат ва Ҳукумат ба адибон чун инъикосгари ҳаёти воқеӣ ва тарғибгари арзишҳои миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. 
Ҳамин тавр, саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди адабиёти тоҷик бесобиқа буда, дар даврони соҳибистиқлолӣ барои аҳли илму адаб ҷиҳати фаъолияти эҷодӣ фазои боз ҳам мусоид фароҳам омад. Маҳз бо ташаббуси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зодрӯзи як қатор намояндагони илму адаби мо бо қарори ЮНЕСКО таҷлил ва ба ҷаҳониён муаррифӣ гардид. Инчунин, як қатор осори адибони классик ва муосир, аз ҷумла китоби силсилаи «Ахтарони адаб» рӯйи чоп омаданд. Ахиран, бо дастури Сарвари давлат китоби “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ нашр ва дастраси аҳли ҷомеа мегардад. Месазад, ки ин китоб на чун зебдиҳандаи ҷевонҳои китобмонӣ, балки василаи муҳими худшиносӣ ва ифтихори ватандорӣ гардида, чун шиносномаи миллат дар зеҳни ҳар сокини кишвар нақш бандад.
Ҳамаи тадбирандешӣ дар ин самт, пеш аз ҳама, бо мақсади огоҳии ҷомеа аз таърихи адабу фарҳанги гузаштаи пурғановати халқи тоҷик, баланд гардондани ҳисси худшиносӣ ва тарғиби ғояҳои олии инсондӯстӣ нигаронда шудааст. 
Дар шинохти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон адабиёт “оинаи зиндагӣ” – оинае, ки гузаштаи миллатро инъикос ва оядаи онро равшан менамояд ва намояндагони адабиёт “раҳнамо ва пандомӯзи инсонҳо” маҳсуб меёбанд. Пас, хонандаи имрӯзро мебояд, ки аз ин хазинаи пурганҷи илму адаб баҳра бурда, ояндаи худро равшан ва дар пешравии давлату миллати хеш саҳмгузор бошад. 

Шамшоди ҶАМШЕД, номзади илмҳои филология, мудири кафедраи адабиёти тоҷики ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Санаи нашр: 21.11.2024 №: 233
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив