ОВОЗИ “ЗАНГӮЛАИ БОМДОД” ДАР ШОМ
Чанд рӯз пештар марде, аз сокинони Ворухи шаҳри Исфара ба идораи рӯзномаи “Ҷумҳурият” омад ва китоби шеърҳои Абдуваққос Юсуфиро бо номи “Зангӯлаи бомдод” (Хуҷанд: Ношир, 2023.-168 с.) тақдим кард. Чун ба саҳифаи аввал чашмам бархӯрд, дидам, ки муҳаррир (адабиётшиноси маъруф Абдувалӣ Давронов ва мусаҳҳеҳ Бобониёз Нодиров)-ҳар ду дигар ҷисман дар дунё нестанд. Тааҷҷуб ва ғамам афзуд, ки онҳо нашри ин китобро надидаанд. Аммо чун сарсухани китобро мутолаа намудам, тааҷҷубу риққату андуҳам бештар шуд. Муаллифи маҷмуаи шеърҳо низ 11 сол пеш дунёро падруд гуфтааст.
Китоб соли 2007 барои нашр омода буд. Бо сабабҳои номаълум он рӯи чопро надид. Беҳтар аст, қисме аз навиштае, ки аз номи ҳавзаи адабии Ворух дар сарсухан омадааст, иқтибос шавад: “Ниҳоят пас аз 16 сол яке аз муштариёни сухан, оне, ки имрӯз маҳфили адибони Ворухро пойдор медорад, бародари азиз Баҳодур Ғиёсӣ чун огоҳӣ пайдо кард, тасмим гирифт, то армони устод Адуваққос Юсуфӣ – як нафар аз суханварон ва сухансанҷони нотакрорро амалӣ гардонад”.
Дуруст зикр гардидааст, ки Абдуваққос Юсуфӣ “як нафар аз суханварон ва сухансанҷони нотакрор” мебошад. Пас аз мутолаа китоби шеърҳои ӯ ин ҳақиқат чун офтоб равшан мегардад ва ҳеҷ касро, албатта, суханшиноси асилро аз тавсифаш шубҳае пайдо намешавад.
Шеъри А. Юсуфӣ, воқеан шеъри асил аст ва аз назми одӣ, ки имрӯз бисёри бисёр ба хонандагон пешниҳод мешавад, ба куллӣ тафовут дорад. Дар онҳо андешаву тахайюлу эҳсосот тавъаманд.
Афсусам бар он аст, ки чаро ин шоири навҷӯи ба сол бузургро (71-сола) то ин замон намешинохтам. Албатта, гуноҳ дар ман аст, на дар ӯ ва дӯстонаш, ки барои ҳаводорони каломи бадеъ тарғиби арзандаву шоистааш накардаанд. Ман ин шоири рангинхаёлу самимиро ба василаи шеъраш дӯст доштам. Аз шеъри “Шикаст”-и ӯ аст, ки чанд мисраашро ҳамчун намуна ба дигар хонандагон, дӯстдорону ошноёни сухан пешкаш менамоям:
Ин кист? Эй Худо,
Бо кӣ шудам дучор?
Ин кист рӯ ба рӯ
Ҳайрону бемадор?...
Ришхандаке задам
Бар ҳолати аҷибаи ӯ ғайриихтиёр,
Ришхандаки ҷавобии ӯ дида хун шудам,
Муште ба қаҳр бар сари ин булаҷаб задам.
То омадам ба худ,
Оина пора буд.
Чунин рӯ ба рӯ шудане бо худ дар дигар шаклу сурат ва шикастани оина бо қаҳр як ҳолатест, ки танҳо шоирро фаро мегираду бо рангу тобу бадеӣ онро менигорад.
Барои А. Юсуфӣ вожаҳо дар шеър ҳусну таровати хос пайдо мекунанд. Хонанда аз устодона истифода бурдани онҳо ба тааҷҷуб ҳам меояд.
“Саҳв дар куза” ном шеъри ӯ латифаи мардумиро ба хотир меорад. Бовари кас намеояд ва ҳам дар зеҳн роҳ намеёбад, ки шоир аз он як шеъри ошиқона офарида метавонад.
Аз се банди он барои мисол меорам:
Ишқ бар ошиқии ман хандид,
Ҷӯйи ман даъвии дарё мекард.
Пеши хуршеди ҷаҳонтоб басе
Шамъи ман шуъла ба боло мекард.
Агар як руҷуъ бикунем, байти аввали ин пора байте аз шеъри Мавлоноро ба хотир меорад, ки чунин мебошад:
Дарё наям, дарё наям, ҳам холӣ аз дарё наям,
Барги дарахтам ҳар нафас тар мешавам аз оби ҷӯ.
Албатта, мазмуни байти А. Юсуфӣ акси мазмуни шеъри Мавлоно аст.
Як байти банди дигари ин шеър чунин мебошад:
Он гули бегаҳи ман мепажмурд
Дар миёни табу тоби дунё.
Бесаводона, ғалат мехондам
Варақеро зи китоби дунё.
Пажмурдани гули бегоҳии қаҳрамони лирикии шеър дар табу тоби дунё ва бесаводона, ғалат хондан аз варақи олам аз бозёфтҳои шоир аст ва низ гувоҳ аз ҷустуҷӯҳои ӯ ва маҳорати суханварияш.
Аз банди сеюми ин шеър аст:
Домане ҷавзи тиҳӣ буду бас
Даъвии ишқи ду-серӯзаи ман,
Қозии ишқ дар охир дарёфт,
Ҳаст саҳве ба таги кӯзаи ман.
Ҳамин тавр, сурудаҳои дигари ӯ низ дорои вижагии хос мебошад, ки хонандаро ба олами зебову рангини шеър ҷалб месозанд.
Бешак, умед аст, ки ҳаводорони сухан пас аз мутолааи китоби шоири шодравон Абдуваққос Юсуфӣ ба шахсияти неку беолоишаш пас аз маргаш ҳам бошад, бештару беҳтар ошно мешаванд ва ӯро чун шоири асилу навпардоз, бо сабку услуби хосаш бо муҳаббат мепазиранд.
Абдулқодири РАҲИМ, “Ҷумҳурият”