ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РӮШАНГАРИ ҚАЛБҲОИ МО

РӮШАНГАРИ ҚАЛБҲОИ МО

22 ноябр 2024, Ҷумъа
1
0


Вақте Ватан мегӯем, пеши рӯ Тоҷикистони маҳбуб ҷилва мекунад. Ин Ватан бо кӯҳу барзанаш, бо дашту саҳрояш, бо оби зулоли чашмаю дарёҳояш, бо ҳар зарра хоки зархезаш барои мо азиз аст. Баробар ба мафҳуми Ватан, Тоҷикистон бо Нишону Парчамаш азизу маҳбубтар мегардад. 

Нишону Парчам ва Суруди Миллӣ дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзҳои давлатӣ эътироф гардида, барои ҳар фарди кишвар муқаддасанд. Халқи тоҷик дар арсаи ҷаҳон бо ҳамин рамзҳои муқаддас эътироф гардидааст. Ин рамзҳо муаррифгари давлати мустақили Тоҷикистонанд ва дар созмонҳои байналмилалӣ бо ҳамин муқаддасот кишвари моро давлати соҳибихтиёр медонанд. Дар қатори давлатҳои узви Созмони Милали Муттаҳид Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ню-Йорк парафшон аст.
Як ҳафта пеш, 16-уми ноябр дар Тоҷикистони соҳибистиқлол Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид. 16-уми ноябр оғози кори Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олӣ аст, ки соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд 16 рӯз давом кард. Дар ин Иҷлосия муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олӣ –  Роҳбари давлат интихоб гардида, маҳз аз ҷониби Сарвари давлат Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон шуд. Парчами давлатии Тоҷикистон, ки имрӯз дар саросари кишвар парафшонӣ намуда, дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе баробари Нишони давлатӣ қомати баланд дорад, мустақилияти давлати моро собит месозад. Моҳияти Парчам эҳтироми мардум ба он аст, зеро аз нигоҳи ҳуқуқӣ мансубияти шаҳрвандони кишвар ба давлатро ифода мекунад. Ҳар фарди ватандӯст Парчами хушранги давлати хешро дида, ифтихор менамояд, ки соҳиби ҳуқуқу озодиҳои комил аст.
Ба ёд овардан хуш аст, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи шонздаҳум дар назди Парчам зону зада, онро бӯсиданд, ашк рехта, қасам ёд карданд, ки барои иҷрои мақсадҳои олии сохти давлатдории миллӣ ҷони худро дареғ намедоранд. Ин манзара садоқату муҳаббати бесобиқа доштани ин шахсиятро ба Ватан собит сохт. 
Парчами давлатии Тоҷикистон дар замири мо ҷойгоҳи хосса дорад. Мо онро ҳамчун Ватани худ дӯст медорем, ба он арҷ мегузорем! Парчам дилпурӣ медиҳад, ки халқи тоҷик соҳиби истиқлоли комил буда, пояҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ҳамарӯза мустаҳкамтар гардида, ҳар сокини кишвар ба ояндаи боз ҳам дурахшони худ боварӣ дорад.

Ҷӯрабек МУЪМИН, адиб

Санаи нашр: 22.11.2024 №: 234
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив