ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ ТОҶИ САР АСТ!

ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ ТОҶИ САР АСТ!

22 ноябр 2024, Ҷумъа
11
0


Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 пазируфта шуда, ин сана аз соли 2009 ҷашн гирифта мешавад. 

Истиқлоли давлатӣ имкон фароҳам овард, ки Тоҷикистон Конститутсия ва рамзҳои давлатии хешро дошта бошад. Парчам барои таҳкими истиқлоли давлатӣ нақши бузург дошта, далели соҳибихтиёрии кишвар аст. Ҳар як давлат тавассути парчами он муаррифӣ мегардад. Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангу маънавиёти миллат маҳсуб мешавад. Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: “Парчам ва оини парчамдорӣ дар миёни мардуми куҳанбунёду тамаддунсози мо мақоми шоиста дорад ва ҷузъи муҳими фарҳанги давлатдории миллии мо ба ҳисоб меравад”. 
Аз қадим парчам рамзи сарҷамъӣ ва дифои шаъну шарафи ҳар миллат ба ҳисоб меравад. Дар замони ҳозир ин истилоҳ миёни варзишгарон моҳияти худро гум накардааст. Варзишгарон миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ шахсоне мебошанд, ки дар баробари роҳбарияти олии кишвар танҳо ба хотири онҳо Парчами давлатӣ дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошта шуда, Суруди Миллӣ садо медиҳад.
“Танҳо дар 9 моҳи соли 2024 Парчами давлатии Тоҷикистон ба хотири варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ 297 маротиба баланд бардошта шудааст”, – гуфт Давлат Суфизода, сардори раёсати кор бо дастаҳои мунтахаби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. 
Парчами давлатӣ чун рамзи давлатдории тоҷикон дар тамоми идораҳои давлатӣ, маъмурӣ, корхонаву муассиса, майдонҳои варзиш парафшон аст. Ба ҷой овардани эҳтироми Парчам қарзи ҳар як шаҳрванд аст. Парчам рамзи гиромӣ доштани муқаддасоти миллат, муборизаву ҷоннисориҳои халқи тоҷик барои озодиву истиқлол, илҳомбахши кору фаъолияти фидокоронаи фарзандони содиқи миллат, ҳидоятгару раҳнамои мардуми кишвар ба сӯи сарсабзиву шукуфоӣ ва зиндагии пурсаодат мебошад. 
Воқеан, ҳар инсоне, ки дар дил меҳри Ватан дорад, парафшонии Парчами давлатӣ ба ӯ эҳсоси худшиносию арҷгузорӣ ба арзишҳои олии ватандорӣ мебахшад. Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло чи хуб гуфтааст:
Тоҷикистон, Парчамат тоҷи сар аст!
Парчами ту аз ҳама болотар аст!

Басона САТТОРЗОДА, “Ҷумҳурият” 

Санаи нашр: 22.11.2024 №: 234
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив