ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШОМИ ШАНБЕ

ШОМИ ШАНБЕ

22 ноябр 2024, Ҷумъа
23
0


ФУТБОЛ.  14 ГОЛИ МУҲАММАД НАЗРИЕВ РЕКОРДҲОИ ҚАБЛИРО ШИКАСТ
Футболбози 16-солаи мунтахаби Тоҷикистон ва дастаи “Истиқлол” Муҳаммад Назриев, дар бозии интихобии Ҷоми Осиё -2025 миёни наврасони то 17-сола муқобили тими Гуам 14 гол зад. Ин дар ҳолест, ки то кунун ҳеҷ як бозигар дар таърихи футбол ба чунин нишондод даст наёфтааст.
Дастоварди қаблӣ ба Арчи Томпсони австралиягӣ тааллуқ дошт. Соли 2002 Австралия дар бозии интихобии Ҷоми ҷаҳонии 2002 бар Самоаи Амрико бо ҳисоби 31:0 ғалаба кард. Томпсон он ҷо 13 гол ба самар расонда буд.
Ҳоло ин нишондоди футболбози тоҷик рекорди ҷаҳонӣ аз рӯи шумораи голҳо дар бозии байни дастаҳои миллӣ таҳти сарпарастии ФИФА мебошад. 
Таҳияи Зикруллоҳ РАҶАБ


ЗИНДАГӢ  ҲАМИН ҲОЛОСТ!
Аз Афлотун пурсиданд:
Шигифтангезтарин рафтори инсон чист?
Посух дод:
- Аз кӯдакӣ хаста мешавад, барои бузург шудан шитоб мекунад ва сипас дилтанги даврони кӯдакии худ мешавад. Ибтидо барои касби молу сарват аз саломатии худ мегузарад, сипас барои бозпас гирифтани саломатии аздастрафта пули худро харҷ менамояд. Тавре зиндагӣ мекунад, ки гӯё ҳаргиз намемирад. Ва баъд тавре мемирад, ки гӯё ҳаргиз зиндагӣ накардааст. Он қадар ба фикри оянда дода мешавад, ки чӣ хел гузаштани имрӯзи худро надониста мемонад, дар ҳоле ки зиндагӣ гузашта ё ояндае нест! Зиндагӣ ҳамин ҳолост!

Таҳияи Кароматулло АТО


СЕҲРИ ЧАШМҲО
• Ҳаҷми гавҳараки чашмони инсон вақти таваллуд шуданаш, чӣ хеле ки  бошад, дар давоми умр бетағйир мемонад. Гӯшҳо ва бинӣ баръакс, аз сабзидан ҳеҷ гоҳ намемонанд.
• Ҳар як чашм зиёда аз 107 миллион ҳуҷайра дошта, ҳамаи онҳо равшаниро эҳсос менамоянд.
• То дуҳафтаина шудани кӯдак аз чашмонаш заррае ашк намебарояд.

Таҳияи Кароматулло АТО


ДАР ҲУКМ БАРОВАРДАН ШИТОБ НАКУНЕМ!

Расмеро, ки мебинед, санги калоне дар пушти мард афтидаву худ ба ёрӣ ниёз дорад, вале бояд занро наҷот диҳад. Миёни ин фосила мор асту ба дасти зан неш мезанад. Зан, ки аз гаронии санг бехабар аст, ҳайрон мешавад, ки чаро мард наметавонад ӯро бардорад? 
Марде, ки морро намебинад, меандешад, ки чаро бо вуҷуди ин қадар ҷон кандани ман, зан кӯшиши наҷотам намекунад?

ҲИКМАТ: мо на ҳамеша огоҳем, ки наздикону пайвандонамон дар кадом вазъият ва зери кадом вазниние қарор доранд. Аз ин рӯ, пеш аз ҳукм баровардан, мебояд ҳолату вазъиятро омӯхт. 
Омодасоз М. ҚОДИРОВА


10 ДАҲШАТНОКТАРИН ОФАТИ ТАБИӢ ДАР ТАЪРИХИ ИНСОНИЯТ
7. Заминҷунбӣ дар Хайюан
Зилзилае, ки соли 1920 дар Хайюан ба амал омад, ҳамчун сахттарин заминҷунбӣ дар таърихи Чин дар асри XX сабт шуд. Қаблан гуфта мешуд, ки шиддати заминҷунбӣ ба 7,5 бал аз рӯи ҷадвали Рихтер баробар аст. Аммо имрӯз ҷониби Чин мегӯяд, ки шиддати зилзила 8,5 дараҷа будааст. Дар маълумоти шумораи фавтидагон низ ихтилоф вуҷуд дорад. Тибқи маълумоти USGS (Хадамоти геологии ИМА ), теъдоди умумии қурбониён 200 000 нафар буд, аммо тибқи як пажӯҳиши сейсмологҳои чинӣ, шумораи қурбониён метавонад то 273 400 нафарро ташкил диҳад. Сабаби асосии ба ҳалокат расидани теъдоди зиёди одамон,  ярч мебошад.

Таҳияи Иброҳим САЙФУЛЛО


БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО...
Ҷойи шубҳа нест, ки Генри Фордро аксарият мешиносанд. Дастикам маълумот доранд, ки ширкати ӯ на танҳо аз ҳисоби истеҳсоли мошинҳои барои ҳама дастрас маъруф шуд, балки беш аз 160 патенти ИМА-ро низ ба даст овард, ки нуфузашро дар замонаш ҷаҳонгир карда буд. Аммо кам касоне шояд огоҳ бошанд, ки Генри Форд ҳангоми ба кор қабул намудани хоҳишмандон, ба ҳолати иҷтимоӣ, ҳатто, ба солимии онҳо низ қариб аҳамият намедодааст. Ҳамин тавр, бовар нокарданист, вале далел аст, ки соли 1917 аз ҷумлаи кормандони ин ширкати маъруф наздики  шаш ҳазорашон нафарони маъюб будаанд. 

Аз русӣ тарҷимаи Самад РАҲМОНЗОДА


КӮЛҲОИ ТОҶИКИСТОН
САРЕЗ

Кӯли Сарез соли 1911 дар натиҷаи заминларза ба  вуҷуд омадааст. Дарозии он 55,8 километр буда, чуқуриаш то 500 метр мерасад. Кӯл дар баландии 3263 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, дар он беш аз 16 км3 об мавҷуд аст. 
Кӯли Сарез 3-юмин кӯли калонтарини Тоҷикистон аз ҷиҳати масоҳат буда, байни кӯҳҳо дар натиҷаи ба маҷрои дарёи Мурғоб афтидани сангу ҷисмҳои кӯҳӣ пайдо шудааст. Кӯҳҳое, ки Сарезро иҳота кардаанд, аз сатҳи рӯи кӯл боз то 2 415 метр баланданд. Оби кӯли Сарез ниҳоят тоза аст ва тақрибан то 50 метр чуқурии обаш мусаффо мебошад.

Таҳияи Комрон САФАР


НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
ТАВСИЯНОМА
- Павел Ивановичи азиз, тибқи дархости шумо писархолаам Сидировро ҳамчун номзад ба вазифаи сардори идораи андози шаҳри азизамон пешниҳод карда, кафолат медиҳам, ки ӯ ҳеҷ гоҳ ба коррупсия даст намезанад. Ба Шумо дурӯғу ба Худованд рост, ки номбурда аз ин пеш ду сол мудири ҳаммом буд, вале об беҳуда сарф мешавад гуфта, ҳатто, як бор ҳам сар нашустааст. 

Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима РАҲМОНЗОДА


НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
ПЕШНИҲОД 
Аз маҷлиси фаврӣ:
– Рафиқон, мақсади ҷамъомади мо пурзӯр намудани мубориза бо коррупсия аст. Марҳамат, кӣ чӣ пешниҳод дорад?
– Сардор, ман пешниҳод мекунам, ки дар дохили шуъбаи мубориза бо коррупсияи вазоратамон шуъбаи нави мубориза бо коррупсия ташкил карда шавад. 

Аз русӣ тарҷумаи 
Фараҳзод РАҲМОНЗОДА



ШАҲРҲОИ ҚАДИМТАРИН
ПЛОВДИВИ БУЛҒОРИСТОН
Пловдивро “шаҳри теппаҳо” меноманд, зеро он дар ҳафт теппа сохта шуда, ҳоло шаштояш боқӣ мондааст. Яке аз онҳо Марково – теппа сад сол пеш хароб шуда буд. Пловдив аз даҳгонаи шаҳрҳои қадимтарин дар ҷаҳон буда, ҳама сохтмонҳояш ин амрро тасдиқ мекунанд. Дар ҳар гӯшаи он биноҳои сангин, кӯчаҳои сангфарш, калисоҳои қадима, ибодатхона ва дигар ҷойҳои меъморӣ мавҷуд буда, театри Рим, ки дар асри II пеш аз мелод сохта шудааст бо масҷиди ҷумъа (яке аз биноҳои қадимтарини мусалмонон, аз давраи Империяи усмонӣ) то ҳол хуб нигоҳ дошта шудаанд.
Таҳияи Судобаи ФАЙЗАЛӢ



ФАКТҲОИ ҶОЛИБ  ДАР БОРАИ ҚАҲВА
1. Ҷопон аз ҷиҳати истеъмоли қаҳва дар ҷаҳон дар ҷойи сеюм аст. Сокинони ин кишвар боварӣ доранд, ки он саломатиро беҳтар ва пӯстро ҷавонтар мекунад.
2. То асри Х қаҳва на нӯшокӣ, балки ғизо ҳисобида мешуд. Қабилаҳое, ки дар Эфиопия зиндагӣ мекунанд, қаҳваро бо равғани ҳайвонот омехта карда, мехӯрданд.

Таҳияи С. УМАРАЛӢ


ҲУКМИ «ГУНАҲКОР»-И ЯТИМНАВОЗ

Дар Басра марде вафот кард. Чун майнӯшу улфатӣ буд, касе барои хондани номози ҷанозааш наомад. Ҳамсараш аз ноилоҷӣ ба чанд нафар пул дод, то ҷанозаи шавҳарашро хонда дафнаш кунанд.
Вале, ногаҳон марди зоҳиде ба қабристон омаду намози ҷанозаро хонд ва мардро худаш дафн кард. Чун ин хабар ба мардуми  шаҳр расид, ба назди зоҳид рафта, аз ӯ суол карданд: «Чаро гунаҳкорро ҷаноза хондӣ?». Зоҳид посух дод, ки хоб дидам ба ман гуфтанд, фардо ба қабристон бираву бар ҷанозае, ки як зан дар канори ӯ истодааст, намоз бихон. Пасон, аз зан пурсидам, ки шавҳарат чӣ амале дошт, ки Худованд ба ӯ раҳм кардааст? 
Гуфт: «Ҳеҷ вақт хонаи ӯ аз ятимон холӣ набуд. Тавре ба онҳо муҳаббат меварзид, ки ба фарзандонаш намекард. Ӯ ятимнавоз буд!».

Таҳияи Файёз ФИРӮЗ


33 ГОЛИ БЕҶАВОБ.  ТОҶИКИСТОН РЕКОРДИ НАВ ГУЗОШТ
Тими футболи ҷавонони Тоҷикистон 23-юми октябри соли равон бар дастаи ҷавонони Гуам дар марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 бо ҳисоби 33:0 пирӯз шуд, ки серголтарин бозии байналмилалӣ дар таърихи футболи ҷаҳон ба қайд гирифта шуд.
То ин вақт ҳисобҳои бузург дар чемпионатҳои дохилии Мадагаскар ва Шотландия сабт шуда буд. Аз ҷумла, дар чемпионати Мадагаскар соли 2022 «Стад Олимпик Л’Эмирн» аз тими «Адема» бо ҳисоби 0:149 мағлуб шуд. Гап сари он ки футболбозони «Стад Олимпик Л’Эмирн» ҳамчун эътироз ба довар дар тамоми ҷараёни бозӣ ба дарвозаи худашон гол заданд.
Соли 1885 дар Шотландия ду бозӣ бо ҳисоби калон ба қайд гирифта шудааст: “Арбоат” –  “Бон Аккорд” – 36:0 (Ҷоми Шотландия), “Данди Харп” – “Абердин Роверс” –  35:0 (Чемпионати Шотландия).
Дар марҳалаи интихобии Ҷоми ҷаҳон 2002 бошад, Австралия ба дарвозаи Самоаи Амрикоӣ 31 голи беҷавоб зад.
Таҳияи Умаралӣ САФАРАЛӢ


НОДИРТАРИН КИТОБҲОИ ОЛАМ
“ЯК ТОБИСТОН ДАР ДӮЗАХ”

Ин асари назмию насрӣ ба қалами шоири фаронсавии асри 19 Артур Римбо тааллуқ дошта, соли 1873 бо теъдоди 500 нусха рӯи чоп омад.  Ин асар ягона китоб дар посух ба китоби "Романҳои бидуни калима", мебошад. Мутаассифона, қариб тамоми адади нашри якум, ғайр аз китобҳое, ки ба дӯстону шиносҳо фиристода мешуданд, дар анбор харидори хешро пайдо накарда ба фано рафтанд. 
Вале, бо мурури вақт  «Як тобистон дар дӯзах» яке аз барҷастатарин асарҳои шоирона эътироф шуда, ба ҷараёнҳои симболистӣ ва сюрреалистӣ, инчунин, ба шоирону сарояндаҳои асрҳои 20 ва 21  китоби муҳим арзёбӣ гардид ва бо арзиши гарон харида шуд. 
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


ҲАВОБАЛАНД
Шахсе ҳавобаландона дар байни мардум худро таъриф мекунад:
– Дар ин гирду атроф маро ҳар саг мешиносад. 
Аслам, ки ин ҷо буд, норозиёна ба ӯ хитоб кард:
– Кӯшиш намо туро одамон шиносанд, на ҳайвонҳо!

Таҳияи Дарвеш ҚУРБОНОВ


СОЗҲОИ МУСИҚӢ
КИФАРА
Кифара (юн. κιθάρα) асбоби мусиқии қадимаи юнонӣ буда, аз сози лира ба вуҷуд омадааст. Номи сози тории гитара аз калимаи “кифара” пайдо шудааст. Cараввал кифара чор тор дошт. Миқдори торҳои он аз асри VII то мелод ба 7 ва баъдтар, тадриҷан ба 12-то расидааст. Дар Юнони Қадим кифара дар базмҳои юнониён маъмул буд. Бо ин соз танҳо мардон ҳунарнамоӣ мекарданд. Дар маъхазҳои асотирии юнонӣ номи кифара зиёд зикр гардидааст.

Таҳияи Шодмон АБДУРАҲИМ


МАРДҲО КАЙ БА СОАТИ ДАСТӢ ДАСТ ЁФТАНД?
То охири асри 19 соатҳои дастӣ танҳо ороишоти занона ҳисоб мешуданд. Мардон бошанд, бо худ соати кисагии занҷирбанд мегардонданд. Вале дар давраи ҷанги Англияву Бирма дар солҳои 1899 -1902 ҳама чиз тағйир ёфт. Барои мардон соатҳои дорои тасмачаҳои чармин мӯд шуд, ки баъзан соатҳои одии кисагиро тавассути он ба даст мебастанд. 
Таҳияи Ш. ҚУРБОН



ҲИФЗИ ПИРЯХҲО –  ҲИФЗИ ҲАЁТ
ҲИМОЛОЙ  ҲАМ ДАР ХАТАР АСТ
Дар даҳсолаҳои охир тақрибан тамоми пиряхҳои ҷаҳон бинобар тағйирёбии иқлими ҷаҳонӣ рӯ ба обшавӣ овардаанд. Ба гуфтаи олимон, танҳо дар Ҳимолой, ҳар сол аз сабаби обшавии пиряхҳо тақрибан 8 миллиард тонна ях кам мешавад.
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК



ФУТБОЛ
Пеналтӣ ё зарбаи ёздаҳметра кай ба вуҷуд омад? 

Пеналтӣ ё зарбаи 11-метра соли 1891 ба футбол ворид шуд. Доварон ва бозигарон рӯи ин масъала фикр намуданд, то онҳоеро, ки ҳангоми бозӣ ба қоидавайронкунӣ роҳ медоданд, чӣ гуна муҷозот намоянд.
Аввалин касе, ки зарбаи пеналтиро пешниҳод намуд, Уилям Маккрам дарвозабон аз Ирландияи Шимолӣ буд. Ин пешниҳодро дар мавсими солҳои 1891 – 1892 Ассотсиатсияи футболи Британияи Кабир ҷонибдорӣ намуд. Нахустин пеналтиро Билли Хит аз дастаи Вулверхемптон 14-уми сентябри соли 1891 ба дарвозаи тими Аккрингтон зад.
Системаи зарбаҳои 11-метраро пас аз анҷоми вақти асосии бозӣ, оғози солҳои 70-уми асри ХХ довари олмонӣ Карл Валд Вплот пешниҳод кард, ки ин ҳолат то ба имрӯз ҳангоми мусовӣ анҷом ёфтани вохӯриҳои ниҳоӣ, такрорӣ ва ҳалкунанда истифода мегардад. То роҳандозии ҷаримаи 11-метра дастаҳо такроран бо ҳам зӯр меозмуданд ва ё тақдири бозӣ бо партофтани танга (қуръапартоӣ) ҳал мешуд.

Таҳияи З. РАҶАБ


ТАМБАШАВИИ  РЕКОРДӢ
Аз замоне ки саноати мошинсозӣ рӯ ба рушд ниҳодааст, дар шаҳрҳои калон роҳбандӣ ё тамбашавии нақлиёт зуд-зуд ба амал меояд.
Кор то ҷое расид, ки дар шоҳроҳи Париж – Лиони Фаронса бузургтарин тамбашавӣ бо масофаи 170 километр ба Китоби рекордҳои Гиннесс ворид гардид.
Ин ҳолат ҳангоми ба Париж якбора баргаштани 5 миллион аҳолии кишвар, ки дар кӯҳҳои Алп истироҳат мекарданд, ба амал омад.

Таҳияи Руҳафзо МУРОДОВА


ЛЕОНЕЛ МЕССИ  ВА АРЗИШҲОИ ОИЛАВӢ
Леонел Мессиро на танҳо маҳорати баланди футболбозӣ, балки инсонгариву садоқатмандиаш низ машҳур кардааст. Ӯ аз зумраи нафаронест, ки ба арзишҳои оилавӣ эҳтиром мегузорад ва дар ҳама ҳолат пуштибони аҳли хона аст. Як наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ чарх мезанад, инро бори дигар собит месозад. 
Ӯ бо аҳли оилааш ба маросими тақдими «Тӯби тиллоӣ» ҳозир мешавад. Рӯзноманигор ҳамсари футболбоз Антонелларо аз суфаи аксбардорӣ берун карданӣ мешавад. Аммо Месси бо исрор ҳамроҳи ҳамсару фарзандонаш акс бардошта, баъд аз гирифтани «Тӯби тиллоӣ» мегӯяд: 
«Ман, дар ҳақиқат, Антонелларо бисёр дӯст медорам. Ӯ инсони хоксор аст ва ҳеҷ гоҳ худашро дар маркази таваҷҷуҳ қарор намедиҳад, ки ман ҳам фурӯтаниро меписандам. 
Ман танҳо мехоҳам футбол бозӣ кунам, оилаамро дӯст дорам ва мухлисонамро шод намоям». 
Аз русӣ тарҷимаи М. ҚОДИРОВА

Санаи нашр: 22.11.2024 №: 234
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив