ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲХДТ. БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ

ҲХДТ. БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ

22 ноябр 2024, Ҷумъа
20
0

 

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташаккули давлатдории миллӣ” доир гардид. Дар ҳамоиш аъзои Кумитаи иҷроияи марказӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндагони корпуси дипломатии як қатор давлатҳои хориҷи кишвар, раисони кумитаҳои иҷроияи вилоятҳои Хатлону Суғд, ВМКБ, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, собиқадорону фаъолони ҳизб, аъзои ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.

Абдуҷаббор Азизӣ, муовини якуми раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, иштирокчиёни ҳамоиш, аъзо ва ҷонибдорони ҳизбро бахшида ба 30-солагии таъсисёбии он табрик намуда, иброз дошт, ки баъд аз бадаст овардани истиқлоли давлатӣ  роҳи бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявию ягонаро интихоб намуд. “Мусаллам аст, ки яке аз принсипҳои бунёди чунин ҷомеа гуногунфикрии сиёсӣ буда, дар чаҳорчӯбаи қонунгузориҳои кишвар шахсиятҳои ҳамфикру ҳамақидаро бо ҳам муттаҳид менамояд ва онҳо ҳақ доранд ҳизби сиёсӣ таъсис диҳанд, инчунин, фаъолияти муназзами худро ба роҳ монанд. ҲХДТ маҳсули тафаккур ва андешаҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, идеяи таъсиси ҳизби нави сиёсиро, ки фарогири ҳарчи бештари манфиатҳои давлат ва миллат мебошад, маҳз дар ибтидои соли 1993 Роҳбари давлат пешниҳод намудаанд. Маҳз рисолат, хираду заковати воло ва ояндабинии Пешвои муаззами миллат буд, ки барои ташкили ҳизб бо қатъияту ҷасорат иқдом намоянд ва, инак, бо гузашти 30 сол ҲХДТ ҳамчун як ниҳоди сиёсӣ дар мамлакат аз рӯзи нахустини вориди майдони сиёсӣ гаштанаш тавассути сиёсати бунёдкорона ва татбиқи собитқадамонаи ҳадафҳои барномавии худ, бо такя ба масъулиятшиносию иқтидори зеҳнии аъзо ва ҷонибдоронаш омили таҳкимбахши раванди созандагиву бунёдкории ҷомеа гардидааст.
Сипас, Абдулло Раҳмонзода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Мавсума Муинӣ, муовини Раиси Маҷлиси намояндагон, Шариф Раҳимзода, директори Институти иқтисод ва демографияи АМИТ, Саидмурод Фаттоҳзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, Руқия Қурбонова, аъзои КИМ, раиси Шурои собиқадорони ҲХДТ, Абдураҳим Холиқзода, директори Маркази исломшиносӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор ва Рустам Латифзода, раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон сухан гуфтанд. Маърузачиён таъкид карданд, ки ҲХДТ ниҳоди бузурги сиёсиест, ки берун аз кишвар низ обруву эътибори баландро соҳиб гардидааст. Ҳамкориҳои байналмилалии ҲХДТ бо ҳизбҳои сиёсии кишварҳои дӯст дар доираи шартномаҳои имзошудаи ҳамкорӣ дар сатҳи баланд ҷараён доранд. 
Дар охир чанд фаъоли ҳизб барои саҳм гузоштан дар татбиқи ҳадафҳои созандаи он, баланд бардоштани мақоми ҳизб дар ҷомеа, мусоидат дар ташкил ва баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, тақвияти ҳисси худогоҳиву хештаншиносӣ ва ҷалби мардум ба корҳои созандагӣ бахшида ба 30-юмин солгарди ҲХДТ бо сипоснома сарфароз шуданд. Конфронс дар сатҳи баланди ифтихори ватандорӣ ва худшиносии миллӣ баргузор гардид.


Кароматулло АТО,  
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 22.11.2024 №: 234
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив