ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МАҚОМУ МАНЗАЛАТИ ОЛӢ

МАҚОМУ МАНЗАЛАТИ ОЛӢ

26 ноябр 2024, Сешанбе
7
0


Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бозгӯи арҷгузорӣ ба хизматҳои бузурги шахсиятест, ки тамоми умри хешро сарфи роҳи ободии Ватану хушбахтии миллат намудааст.

Ин санаи муборак, яъне 16-уми ноябр, барои миллат санаи муҳиму таърихӣ ва тақдирсоз мебошад. Таҷлили Рӯзи Президент – ин арҷгӯзорӣ ба хизматҳои бузурги фарзанди фарзонаи миллат, нусратбахшу ваҳдатовар мебошад.
Дар хусуси хислатҳои наҷиб ва шахсияти Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон адиби машҳури ҷаҳонӣ Чингиз Айтматов чунин андешаронӣ намудааст: “Дар симои Президент Эмомалӣ Раҳмон ман тимсоли ҳақиқии мардуми тамаддунофари тоҷикро мебинам ва бо итминон таъкид менамоям, ки ин бузургвор бо зинда кардани номҳои алломаҳои миллат номи худро низ ҷовидонӣ мегардонад. Зеро танҳо сулҳу осоиштагӣ, тинҷию фаровонӣ оварданаш ба рӯзгори одамон ӯро ба мақому манзалати олӣ баровардааст. Аз тоҷики бузургвор дигар чизро умедвор шудан ҳам нашояд”.
Воқеан ҳам, дар барқарории расму ойинҳои қадима ва муаррифии шахсиятҳои бузурги адабӣ иқдомҳои Пешвои маҳбуби миллатамон назир надорад. Давоми сию се соли истиқлоли давлатӣ як қатор суннатҳои миллати тоҷикро аз нав эҳё намуда, номи даҳҳо фарзандони фарзонаи миллатро дубора зиндаву ҷовид гардонданд. Дар ин давра бо супоришу ташаббусҳои ин марди фарҳангсолор иду ҷашнҳои қадимаи мо бо шукӯҳу ҳашамати хосса таҷлил гардидаанд. Таҷлили идҳои Наврӯз, Сада, Меҳргон, Тиргон, ва гиромидошти хотираи шоирону нависандагон: Рӯдакӣ, Носири Хусравӣ Қубодиёнӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, Садриддин Айнӣ ва дигарон аз ҷумлаи иқдомҳои фарҳанпарваронаи Пешвои миллат мебошанд.
Дар баробари ба даст овардани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, хизматҳои шоёни Пешвои хирадгарои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир мебошанд, ки ҷаҳониён ба он баҳои баланд додаанд. Дар ин маврид адиби машҳури Доғистон Расул Ғамзатов чунин гуфта буд: “Фақат ҷанг набошад, шуд, он гоҳ ҳамеша баҳор хоҳад буд. Ман аз сулҳ дар Тоҷикистон ниҳоят мамнунам. Инсони боҷасорату хирадманд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист формулаи сулҳу ҷанги бародаркушро ёбад”.
Ҳамин тавр, маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар интиҳои асри XX мардуми тоҷик аз фоҷиаи миллӣ раҳо ёфта, истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшид ва пас аз ҳазор сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид ва имрӯз ба сӯи ояндаи нек устуворона қадам мегузорад.

Алишер АБДУЛМАҶИД, 
мудири кафедраи журналистикаи Донишгоҳи давлатии 
Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Санаи нашр: 25.11.2024 №: 235
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив