ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «ВАССОФИ ВАТАН». ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ ТАНТАНА ДОШТ

«ВАССОФИ ВАТАН». ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ ТАНТАНА ДОШТ

26 ноябр 2024, Сешанбе
19
0

 
Нахустин Фестивал-озмуни «Вассофи Ватан», ки дар ҳамдастии Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» бо вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм, кумитаҳои телевизион ва радио, рушди сайёҳӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, Хадамоти алоқа, нашрияҳои «Ҷумҳурият», «Народная газета», «Садои мардум», «Минбари халқ», маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» эълон шуда буд, дар кинотеатри «Ватан» ҷамъбаст гашта, доираҳои васеи илмию адабӣ, шоирону нависандагон, олимон, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, рӯзноманигорону дигар аҳли зиёро ба ҳам овард. 
Фестивал-озмуни эҷодӣ дар асоси банди 27 «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, гузаронда шуд. Ҳадафи асосӣ тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ, ифтихор аз истиқлоли давлатӣ, эҳтирому муҳаббат нисбат ба Ватан, расму оинҳои мардумӣ, тарғибу муаррифии дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ, шиносоии сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ бо табиати зебоманзари мамлакат, инчунин, эҳёи ҳунарҳои мардумию армуғонҳои миллӣ мебошад. 
Дар ҷаласаи тантанавӣ Муҳиддин Пайшанбезода, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, меҳмонону иштирокдоронро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ табрик намуда, аз ҷумла баён дошт: «Дар даврони соҳибистиқлолӣ аз тарафи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомҳои наҷибе роҳандозӣ гардидаанд, ки барои бедории ҳисси ватанпарастиву хештаншиносии шаҳрвандон мусоидат кард. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватанпарастии шаҳрвандон», ки бо ташаббуси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таҳия гардид, ҳадафу самтҳои тарбияи ватандӯстиро муқаррар, инчунин, таъмин ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстӣ муайян намуд. Фестивал-озмуни «Вассофи Ватан» дар доираи ҳамин иқдомҳо доир гардид. Ҳар як довталаб бо иродаи баланди шаҳрвандӣ, эҳсоси гарми худшиносии миллӣ, ифтихор аз гузаштаи пурғановати тоҷикон маводҳои худро дар васфи Ватан, дастовардҳои беназири замони соҳибистиқлол, табиати нотакрор ва мавзеъҳои сайёҳӣ пешниҳод намуданд».
Субҳиддин Шамсиддинзода, директори АМИТ «Ховар», Фестивал-озмунро ҳамовозӣ ба иқдомҳои неки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба инкишофу таҳкими тарбияи худшиносию ватандӯстии сокинони кишвар арзёбӣ карда, ба роҳбарияти масъули вазорату кумитаҳо, сармуҳаррирони рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳурӣ ва ширкатдорон барои ҳамкорӣ миннатдорӣ намуд. Ба таъкид ӯ, меҳвару ҷавҳари «Вассофи Ватан» боло бурдани эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихор аз истиқлоли давлатӣ, эҳтирому муҳаббат ба Ватан мебошад. Воқеан ҳам, Ватани азизамон – Тоҷикистон, бо Сарвари хирадсолор, мардуми бонангу ор ва табиати нотакрораш қобили васфу ситоиш аст. 
Зикр шуд, ки ба Фестивал-озмун, ки аз моҳи апрел то охири моҳи октябри соли равон идома ёфт, 60 маводу матлаб, аз ҷумла 56 мавод ба забони тоҷикӣ, 4 мавод ба забони рӯсӣ, инчунин дар баробари ин, 21 ролику навори видеоӣ ворид гардид. Ҳайати доварон баъд аз омӯзиши ҳамаҷонибаи матолиб дар номинатсияи «Беҳтарин маводи насрӣ (мақола, ҳикоя, қисса, роман, достон ва ғайра) дар васфи Ватан» ҷойи якумро ба нависанда Сипеҳр Ҳасанзод, ҷойи дуюмро ба журналист Далер Абдулло ва ҷойи сеюмро ба Анвар Юсупов доданд. Дар номинатсияи «Беҳтарин ролики таблиғотӣ, барнома ё филми муаллифӣ дар мавзуи Ватан» Дилбар Наҷмиддинзода ҷойи якум, Амирҳамза Давлатов ҷойи дуюм ва Умед Шарифзода ҷойи сеюмро соҳиб шуданд. Дар номинатсияи «Беҳтарин тарғибгари дастовардҳои миллӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ» ҷойи якумро Афзалшоҳ Баҳодуров, ҷойи дуюмро Масрур Меликзода ва ҷойи сеюмро Сайнуриддин Исмоилзода мушарраф гаштанд. Дар номинатсияи «Беҳтарин тарғибгари мавзеъҳои сайёҳӣ дар воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ» ҷойи якум насиби Марзия Саидова, дуюм Саидакбар Ҷалолов ва ҷойи сеюм насиби Ҷаҳонгир Сафарализода шуд. 
Барандагони ҷойи аввал бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 7000 сомонӣ, ҷойи дуюм 5000 ва ҷойи сеюм бо 3000 сомонӣ қадр шуданд.

Кароматулло АТО, 
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 25.11.2024 №: 235
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив