ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПАРЧАМЕ ДАР ОСМОНИ АДОЛАТ

ПАРЧАМЕ ДАР ОСМОНИ АДОЛАТ

26 ноябр 2024, Сешанбе
7
0


Боиси сарфарозист, ки Парчами давлатии Тоҷикистон имрӯз, на танҳо дар фарози осмони кишвари амнпарвару сулҳхоҳамон, дар баландиҳои қуллаҳои диёрамон, рӯи дастону болои сари ҷавонони ватандӯстамон аст, балки дар осмони амнияти сайёра низ парафшон мебошад. Имрӯз пешопеши сиёсати сулҳпарваронаву башардӯстонаи Пешвои миллати тоҷикон ин Парчам дар минбарҳои баланди ҷаҳонӣ, гӯшаҳои мухталифи дунё, ҳамоишҳои сатҳи баланди байналмилалӣ паёми сулҳу осоиш мебарад ва чун рамзи халқи адабпарвару башардӯсти миллати кӯҳанбунёду соҳибтамаддуни мо сарафрозӣ мекунад.  
Парчами давлатии Тоҷикистон аз қадимтарин парчамҳои дунё ва миллати хуҷастаи мо аз куҳантарин парчамдорони олам ба шумор мераванд. Метавон бо ифтихор гуфт, ки парчами аввалини тоҷикон рӯи дастони Коваи оҳангар ба номи адлу инсоф ва ҳимояи адолат боло гардидааст ва тули асрҳо рамзи озодиву адолати ориёнои бузург, рамзи бузурги давлатдории Каёниён то Сомониён ва дигар давлатдориҳои гузаштагони арҷманди мо будааст.
Оре, Парчами давлатии мо нишони фарҳанги бузурги халқи соҳибтамаддун, баёнгари фарҳанги дерини давлатдории мардуми мост, ки дар қатори қонунгузории ҳазорсола (манзур Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир) миллати моро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад. Мо сарфарозем, ки ҳамин парчами халқи некниҳоду адолатпарвар, ҳамин ливои маҳфузмонда пас аз имтиҳонҳои сахти таърихи ҳазоронсола имрӯз парчами миллии халқи озоду озодаманиши мост. Поянда бод парчаме, ки бо номи адлу инсоф боло гардидааст! Поянда бод парчаме, ки сулҳу салоҳ бо худ мебарад.
Парчами рангини истиқлол
Хонаи уммеду армонам,
Маҳзари шаъни ниёконам,
Эй гулистон, эй дилистонам,
Тоҷи дунё – Тоҷикистонам.

Дар ҳавои меҳр бикшо бол,
Парчами рангини истиқлол!

Эй зулоли обҳои пок,
Сарзамини домани афлок,
Лонаи симурғии Хуршед,
Бахти мо месабзад аз ин хок! 

Дар ҳавои меҳр бикшо бол,
Парчами рангини истиқлол!
Эй сафоафшон, диёри мо,
Сарзамини нангу ори мо!
Хонаи сулҳ асту ишқу бахт
Меҳани доимбаҳори мо.
Дар ҳавои меҳр бикшо бол,
Парчами рангини истиқлол!

Эй мунаввар сарзамини меҳр,
Эй шуои охирини меҳр!
Медурахшӣ бо ҳазорон ранг
Дар фурӯғи озарини меҳр.

Дар ҳавои меҳр бикшо бол,
Парчами рангини истиқлол!

Марзҳоят марзи ори мост,
Марзи шаъну эътибори мост.
Бар дифоят  ҷону тан бахшем,
Номи некат ифтихори мост.
Дар ҳавои меҳр бикшо бол,
Парчами  рангини истиқлол!

Кӯҳсорони баланди мо,
Сарзамини бегазанди мо
Қуллаҳои ту фалаксоянд,
Кӯҳҳоят боми дунёянд,
Чун сутунҳои бинои бахт
Мардумонат дар сари поянд.

Дар ҳавои меҳр бикшо бол,
Парчами рангини истиқлол!
Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон

Санаи нашр: 25.11.2024 №: 235
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив