ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲОКИМИЯТИ СУДӢ ВА РУШДИ ҶОМЕАИ АДОЛАТПАРВАР

ҲОКИМИЯТИ СУДӢ ВА РУШДИ ҶОМЕАИ АДОЛАТПАРВАР

26 ноябр 2024, Сешанбе
6
0


Ба шарофати истиқлоли давлатӣ ва қабули Конститутсия, имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби ҳокимияти судии мустақил ҳамчун рукни алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ буда, ба инкишофу таҳкими институтҳои демократӣ, ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ноил гардидааст. Мутобиқи талаботи қонунгузорӣ, хусусияти хоси адолати судӣ, ба мисли мустақилият ва аз ҷониби судҳо беғаразона баррасӣ намудани парвандаҳо, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат кардани онҳо, риояи усулҳои демократии мурофиаи судӣ, аз ҷумла баробарии ҳамаи иштирокчиёни мурофиа дар назди қонун ва суд, дар асоси мубоҳиса сурат гирифтани мурофиаи судӣ кафили муҳими таҳкими қонунияту адолат ва рушди демократии давлату ҷомеа ба шумор мераванд. 
Қобили зикр аст, ки дар заминаи ислоҳоти конститутсионии солҳои 1999 ва 2003 низоми ҳокимияти қонунгузор такмил дода шуда, зимни он мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар иборат аз Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон таъсис ёфта, ҳамзамон бо ин, дар асоси ин ислоҳот фаъолияти ҳокимияти иҷроия ва судӣ такмил дода шуд ва муҳлати ваколати судяҳо даҳ сол муқаррар гардид. 
 Яке аз падидаҳои муҳими демократие, ки дар конститутсияи аксари давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон дарҷ гардидааст ва дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ инъикос ёфтааст, ғояи таҷзияи ҳокимият ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ маҳсуб меёбад, яъне барои аз ҷониби тамоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ мустақилона, бидуни дахолат ба фаъолияти ҳамдигар ба амал баровардани салоҳияти худ кафолати қонунӣ муқаррар шудааст. Дар моддаи 9 Конститутсия ҳокимияти судӣ шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф шуда, дар боби 8 (моддаҳои 84-92) вазифа, мақсад, принсипҳои фаъолият, талабот оид ба таъин ва интихоби судяҳо дар низоми судӣ мушаххас гардонда шудааст ва адолати судӣ омили муҳими таъмин намудани адолати иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳамчунин, манфиатҳои давлат ва ташкилоту муассисаҳо маънидод гардидааст. 
Қобили зикри хос аст, ки дар роҳи таҳкими ҳокимияти судӣ ва  татбиқи адолати иҷтимоӣ нақши  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо муҳим мебошад. Маҳз Пешвои муаззами миллат рушди фаъолияти ҳокимияти судиро яке аз самтҳои асосии сиёсати давлат эълон карданд, ки дар заминаи он то ба имрӯз барои ташаккули низоми судии кишвар ва баланд бардоштани мақоми ҳокимияти судӣ дар ҷомеа корҳои назаррас ва муҳим ба анҷом расидаанд.
 Ҳоло Ҳукумати Тоҷикистон барои таъмини мустақилияти ҳокимияти судӣ иқдомоти зиёдеро амалӣ карда истодааст, ки зиёд намудани воҳидҳои вазифаи судя ва кормандони дастгоҳи судҳо, ҳамасола пешбинӣ намудани афзоиши маблағгузории буҷети мақомоти судӣ, таъмини судҳо бо биною таҷҳизоти муосир, пайвастшавӣ ба интернет, таъсиси сомонаи интернетии судҳо ва монанди инҳо аз ҷумлаи тадбирҳои дар ин самт андешидашуда мебошанд.
 Бояд гуфт, ки таълими самаранок ва босифати кадрҳои ҷавони ҳокимияти судӣ ба васеъ гардидани ҷаҳонбинӣ, болоравии малакаи касбии онҳо ва беҳтар шудани сифати адолати судӣ мусоидат менамояд. Доир ба ин масъалаи муҳим Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо судяҳо ва кормандони масъули мақомоти судӣ 21-уми ноябри соли 2019 таъкид намуданд: «Судя дар баробари донишу таҷриба бояд виҷдони пок, одобу ахлоқи ҳамида ва рафтору кирдори шоиста дошта бошад. Чунин тарзи интихоби кадрҳо имкон медиҳад, ки дар оянда содир намудани амалҳои коррупсионӣ аз ҷониби амаликунандагони адолати судӣ аз байн бурда, мақом ва нуфузи ҳокимияти судӣ баланд бардошта шавад».

Ифтихор АСРОРӢ, 
муовини раиси суди 
шаҳри Ваҳдат

Санаи нашр: 25.11.2024 №: 235
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив