ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ГУФТӢ, КИ ҒАРИБИ ИН ВАТАН МЕОЯД ...

ГУФТӢ, КИ ҒАРИБИ ИН ВАТАН МЕОЯД ...

27 ноябр 2024, Чоршанбе
61
0
Моҳҳову солҳо мегузаранд... Моҳҳову солҳо яке паси дигаре сипарӣ мегарданд...
Ин солҳо ва моҳҳову рӯзҳо моро аз ҳодисаҳои даҳшатбори солҳои аввали соҳибистиқлолӣ торафт дур мебаранд, вале мо, мардуми шукргузори тоҷик, набояд он рӯзҳоро аз хотир барорем, зеро, агар гузаштаро фаромӯш намоем, ояндаро сохта наметавонем.
Маҳз дар ҳамон рӯзҳои барои миллати тоҷик душвор, дар ҳамон лаҳзаҳои ҳассос, ҳангоми баргузории Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахт ба рӯи мардуми он замон ҷафокашидаву азиятдида хандид.
Аз байни вакилони онвақта фарзанди ғаюру боҷасорат, қавииродаю ватандӯст муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи пурмасъулияти Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. 
Шахсияте, ки бо омаданашон бар сари қудрат, сарварии Тоҷикистони тозаистиқлол алангаи ҷанг дар кишвар хомӯш гардид. Дуои неки модари азиз ва тамоми мардуми тоҷик раҳнамояшон гардидаву тавонистанд бо кӯшишу заҳмат ва талошҳои беандозаву бесобиқа ҳамаи мушкилотро пушти сар намоянд ва миллати парешонгаштаи тоҷикро ба ҳам оранд:
Омад нафаре ба тахти миллат рӯзе,
Аз аҳли сафо.
Як Сарвари меҳрубону ҳам дилсӯзе,
Аз баҳри шифо.
Ҷон дар кафу баҳри ҳифзи ҷонҳо рафтӣ,
Эй покниҳод.
Аз ҳар тарафи ту тири оламсӯзе,
Растӣ ба дуо.
Яке аз мушкилоти ҷиддии он айёмро метавон зиёд будани шумораи гурезагони иҷборӣ унвон намуд, ки агар бархе ба минтақаҳои нисбатан амни кишвар паноҳ бурда бошанд, қисмати бешашон ба хоки давлати ҳамсоя-Афғонистон гузашта буданд, ки Сарвари ҷавону дурандеши Тоҷикистони ҷавонро ором намегузошт.
Нидои “То охирин гурезаи тоҷикро ба Ватан барнагардонам, ман худро ором ҳис намекунам”, ки он замон аз қалби покашон баромад, умеди на танҳо гурезагони иҷборӣ, балки тамоми мардуми тоҷикро ба ояндаи неку дурахшон қавӣ гардонд.
Ва, хушбахтона, ин фарзанди фарзонаи миллат орзуву умеди тамоми мардумро амалӣ гардондаву ҳар як ғарибу гурезаи иҷбории ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро ба Ватан баргардонданд:
Гуфтӣ, ки ғариби ин Ватан меояд,
Як-як омад.
Армони дили рафта ба тан меояд,
Омад-омад...
Хушбахтона, баъди таъмини сулҳу субот дар кишвари соҳибистиқлоламон бо раҳнамоиҳои Сарвари дурандешу оқил ва ватандӯсти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободониву созандагӣ дар ҳар гӯшаи диёрамон оғоз гардидаву рӯз ба рӯз вусъати тоза касб намуданд. Чун набудани роҳҳои дурусти нақлиётгард аз мушкилоти ҷиддӣ дар кишвар маҳсуб меёфт, Роҳбари мамлакат ҳамзамон, корро аз бунёди роҳҳо ва амалисозии яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат-аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар оғоз намудаанд. Дар давраи хеле мушкили иқтисодӣ барои ҷумҳурии тозаистиқлоламон шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб – Дарвоз – Хоруғ – Кулма - Қароқурум  бунёд гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Бунёди ин шоҳроҳ заминаи устуворе буд дар самти беҳтар гардидани сатҳи иқтисодии рӯзгори мардум, бахусус, сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, зеро маҳз дар заминаи ин роҳ аз ҷониби сокинони деҳаҳои ҳамшафати роҳ як қатор инфрасохтори хизматрасонӣ, аз қабили ошхонаву меҳмонхона, нуқтаҳои таъмири нақлиёт, фурӯши сӯзишворӣ ва ғайраҳо бунёд гардида, ба фаъолият оғоз намуданд.
Маҳз бо бунёди роҳу пулҳо ва нақбҳо Тоҷикистони азиз, ки асосан дар фасли зимистон бар асари боришоти зиёди барф ба сабаби баста гардидани роҳҳо ба се қисм тақсим мешуд, ба Тоҷикистони воҳид табдил ёфт ва ҳаракати бемонеаи нақлиёт дар чор фасли сол аз пойтахти кишвари азизамон-шаҳри Душанбе ба ҳамаи самтҳо, бахусус ба самти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имконпазир гардид.
Минбаъд, бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон созандагиҳо дар ҳамаи самтҳо ва соҳаҳо дар яке аз гӯшаҳои дурдасти Тоҷикистони азиз – Бадахшон равнақи тоза пайдо намуданд.
Заминаи асосӣ барои вусъати корҳои бунёдкориву созандагӣ дар вилоят – ин таъмини волоияти қонун аст, ки маҳз дар натиҷаи сиёсати инсонпарваронаи Пешвои муаззами миллат ва бо раҳнамоиҳои бевоситаи ин шахсияти бузурги таърихӣ дар ҳудуди вилоят амалӣ гардид.
Боиси ифтихору сарфарозист, ки ҳар як сафари Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаҳои гуногуни кишвари азизамон дар пай ободкориву созандагиҳои беназир дорад. Агар дар мисоли Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон назар афканем, маҳз дар заминаи сафарҳои Сарвари хирадманду ободкор ва созандаю ояндабин дар ҳар гӯшаи ин минтақа ободкориҳо авҷи тозаи худро пайдо мекунанд ва на танҳо маркази шаҳру ноҳияҳо, балки деҳаҳои дурдаст низ симои зоҳирии худро дар ин замина ба куллӣ иваз намуда истодаанд.
Бунёди корхонаҳои саноатӣ, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ, фарҳангиву варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ва дар маҷмуъ, рушди босуботи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан Пешвои муаззами миллат бомаром ҷараён дорад.
Сокинони шукргузори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо пуштибонӣ аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат корҳои ободониро вусъат дода, тамоми саъйи худро бар он равона месозанд, ки бо анҷом додани амалҳои созанда дар ободонии як гӯшаи кишвари азизамон саҳмгузорӣ намоянд.
Таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Бадахшон – дарвозаи тиллоии Тоҷикистон хоҳад шуд», воқеан ҳам сол ба сол амалӣ гардида истодааст ва бо ифтихору фараҳмандӣ бояд гуфт:
Ҳар як сухане, ки Пешво ронд, бишуд,
Бар ҳар амале, ки Пешво хонд, бишуд.
Гулзор мисоли боғи фирдавсӣ барин
Ҳар ҷой, ки Пешво қадам монд, бишуд.
Нилуфар АСЛАМШОЕВА, муовини раиси ВМКБ
Санаи нашр: 27.11.2024 №: 236
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив