ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИШТИРОКИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ҶАЛАСАИ ШУРОИ АМНИЯТИ ДАСТҶАМЪИИ СААД

ИШТИРОКИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ҶАЛАСАИ ШУРОИ АМНИЯТИ ДАСТҶАМЪИИ СААД

29 ноябр 2024, Ҷумъа
9
0

 
28-уми ноябр дар шаҳри Остона ҳамоиши Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баргузор гардид, ки дар он Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ҷаласа, ҳамчунин, роҳбарони давлатҳои Беларус, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Дабири кулли СААД ширкат доштанд.
Дар ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъӣ масъалаҳои вобаста ба вазъи низомию сиёсии ҷаҳон ва минтақаҳои амнияти дастҷамъӣ, таҳкими ҳамкорӣ дар доираи Созмон ва дурнамои рушди низоми амнияти дастҷамъӣ ва рафти омодагиҳо ба таҷлили муштараки 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Сарварони давлатҳо доир ба роҳҳои таҳкиму густариши ҳамкорӣ дар доираи СААД, робитаҳо бо дигар созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ ва нақшаҳои чорабиниҳои Созмон дар соли 2025 табодули афкор намуданд.
Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суханронӣ ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев барои истиқболи самимӣ ва сатҳи баланди ташкили чорабинӣ изҳори сипос карданд.
Сарвари давлати мо таваҷҷуҳи иштирокдорони ҷаласаро ба таъсири манфии шиддатёбии вазъи ҳарбӣ-сиёсии минтақа ва ҷаҳон ба кишварҳои аъзои СААД ҷалб намуда, изҳор доштанд, ки “ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи имрӯза воқеияти кунуниро инъикос мекунанд ва мо ҷонибдори қабули қарорҳои муносиб доир ба онҳо ҳастем».
Дар идома Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирӣ аз тасмим дар бораи тасдиқи Барномаи байнидавлатии  ҳадафманди СААД оид ба таҳкими марзи Тоҷикистону  Афғонистон миннатдории худро баён доштанд.
Дар фароварди сухан Сарвари давлат ба раёсати ояндаи Ҷумҳурии Қирғизистон дар СААД хоҳони барору комёбӣ шуда, изҳор намуданд, ки Тоҷикистон ба кори муштараки босамар бо кишвари ҳамсоя омода аст ва ҷиҳати иҷрои нақшаҳои барои давраи раёсат муайяншуда ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.
Дар поёни мулоқот сарварони давлатҳо як қатор санадҳо, аз ҷумла Эъломияи Шурои амнияти дастҷамъии СААД, қарор дар бораи тасдиқи Барномаи ҳадафманди байнидавлатии СААД оид ба таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон ва ғайраро ба имзо расонданд.

Санаи нашр: 29.11.2024 №: 237
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив