ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ

ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ

02 декабр 2024, Душанбе
8
0


Ҳар гоҳ аз тариқи телевизион мулоқоти Пешвои муаззами миллатро бо намояндагони ҷомеа, бахусус фаъолзанон, бо умед медидам. Борҳо назди оина худро роҳбаре медидам, ки ба хотири ободии диёр фаъолиятро оғоз бахшидаам. Ҳар ҳарфи Роҳбари кишвар бароям аз кӯдакӣ аҳамияти хос дошту дорад.
Ман дар оилаи зиёӣ ба воя расидаам. Ҳама баромаду суханронӣ ва паёмҳои Роҳбари давлатро хонаводагӣ тамошо мекардему падарам пеш аз оғози пахши онҳо огоҳ мекард, ки хомӯш истем. Пас аз фарҷоми баромади Сарвари давлат падарам бо шукргузорӣ таъкид менамуд: «Ин ҳама ободиву осудагӣ, ин ҳама хотири ҷамъу дастархони пурнози мо бо хости Худои меҳрубон ва заҳматҳои ин марди наҷиб аст. Инро дониста бошед, бачам. Ватанро, ин марди Худоро дӯст доред». 
Ростӣ, он лаҳзаҳо, ки кӯдак будем, ба умқи ин суханҳо он қадар сарфаҳм намерафтем. 
Ба хотири идомаи таҳсил пас аз хатми мактаб ҷиддӣ набуданамро волидонам эҳсос карда, аз рӯзҳои мудҳиши гузашта қисса намуданд, ки ҳаргиз аз хотиротам зудуда намешавад. Онҳо ба хотири ободиву озодӣ ва баробарҳуқуқии занону мардон, хусусан, баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа, соҳибкасб шудани духтарон ба хотири ояндаи дурахшон ва аз зери зулм раҳо намудани онҳо, аз ҷонбозиҳову талошҳои мунтазами Пешвои миллат чунон қисса карданд, ки гиристам. 
Бо шунидани ин ҳарфҳо ҳисси дӯст доштани Ватан ва Роҳбари кишвар дар умқи дилам бедор шуд. Эҳсос намудам, ки ман ҳам як фарди ин кишварам ва назди он қарздорам. Пас, ба хотири пос доштани заҳматҳои шабонарӯзии Роҳбари ғамхору дилсӯзамон бетараф будан нашояд. Ҳамин тавр, баъд аз хатми мактаб бо маслиҳати волидон ва устодонам ҳуҷҷатҳоямро ба факултети забони англисии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода супурдаму соҳиби номи пуршарафи донишҷӯ гардидам. Албатта, бо тариқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Зеро ман духтари рустоӣ ва пайрави Пешвои миллатам, дар радифи ҳазорон духтари минтақаи Рашт. Бешак, мегӯям, ки Пешвои миллат падари маънавии ману мо – духтарони минтақаҳои дурдасти кишвар, ҳастанд. 
Шукрона мекунам, ки чунин роҳбари ғамхору дилсӯз дорем. Мо, насли хушбахти замони истиқлолем, ки дар як фазои ободу озод, зери сиёсати давлатдории ин марди наҷиб зиндагӣ дорем. Шароите, ки имрӯз барои идомаи таҳсили мо – духтарон, фароҳам оварда шудааст, таърих ёд надорад. Мо – ҷавонон, бешак, аз гузаштагоне, ки ба мо ин Ватану миллатро мерос мондаанд, аз Роҳбари давлат, ки бо ҷонбозиҳо Тоҷикистонро аз вартаи нестшавӣ раҳоӣ бахшиданду миллати тоҷикро сарҷамъ намуданд, қарздорем.
Акнун дарк кардаам, ки дӯст доштани Ватан, пос доштани хотироти гузаштагон ва ҳифзи ҳар ваҷаб марзу буми Тоҷикистони азиз барои ҳар яки мо ҳам фарз асту ҳам қарз. 

Суҳайло СИЯРОВА, донишҷӯи ДБЗТ ба номи С. Улуғзода

Санаи нашр: 02.12.2024 №: 238
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив