ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИНТИҚОЛИ БАРҚ БА ХОРИҶ.  АЗ ҲАҚИҚАТ ТО ҲАНГОМА

ИНТИҚОЛИ БАРҚ БА ХОРИҶ.  АЗ ҲАҚИҚАТ ТО ҲАНГОМА

04 декабр 2024, Чоршанбе
2
0


Имзои тамдиди шартнома байни Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи тоҷик» ва ширкати «Брешно» барои интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон дар соли 2025, ки ҳафтаи гузашта дар Туркия сурат гирифт, дар матбуот ва сомонаҳои иҷтимоӣ ҳар хел шарҳу тавзеҳ дода шуд. Дар поён шарҳи муътамад медиҳем, ки шартнома чи маъно ва моҳият дорад.
Ин шартнома байни ҶСК «Барқи тоҷик» ва ширкати «Брешно» аз соли 2008 инҷониб амал менамояд. Охири ҳар сол намояндагони ин ду ширкат вобаста ба вазъияти истеҳсоли барқ ва шароити техникии интиқоли он, шартҳои асосии онро нав мекунанд. Ба кишвари ҳамсоя интиқол додани барқ Тоҷикистон манфиати иқтисодӣ дорад. Ҳамзамон, бояд тазаккур дод, ки ширкати «Брешно», қатъи назар аз режими давлатдории Афғонистон, ҳаққи барқи гирифтаашро пурра пардохт менамояд. Махсус бояд қайд намуд, ки шартнома байни ҶСК «Барқи тоҷик» ва ширкати «Брешно» барои ҳар сол аз моҳи май то сентябр амал менамояд. Яъне, дар даврае, ки бо сабаби норасоии неруи барқ мо таъминоти онро барои аҳолии кишварамон маҳдуд менамоем, ба ширкати «Брешно» низ, барқ дода намешавад. 30-40 мВт барқе, ки дар давраи серобӣ интиқол мегардад, барои нигоҳ доштани тавозуни энергетикӣ ва ҳифзи хатҳои интиқоли барқу дастгоҳҳои энергетикист. 
Хотиррасон менамоем, ки Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, инчунин, аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Эрон низ барқ мегирад. Барқе, ки Афғонистон аз ин ду кишвар мехарад, дар муқоиса ба барқе, ки аз Тоҷикистон мегирад, бамаротиб зиёд аст. 

Н. ЁДГОРӢ,
масъули бахши матбуоти ҶСК “Барқи тоҷик”

Санаи нашр: 04.12.2024 №: 239
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив