ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҚАСИДАИ ВАҲДАТИ ҚОНУН

ҚАСИДАИ ВАҲДАТИ ҚОНУН

04 декабр 2024, Чоршанбе
0
0


Азизонам, ба ҳам оед баҳри иззати қонун,
Бувад афзал зи симу ҷоҳ, охир давлати қонун.
Тамоми равнақи аҳли башар гирад аз он маншаъ,
Бубинед, аз чи ҳад бошад тавону қудрати қонун.
Ба назм овардаан роҳу тариқи зиндагониро,
Кунам таъзим бар азму тавону савлати қонун.
Агар қонун набошад, вожгун ҷомеа мегардад,
Мадори назми дунё сабз шуд дар ҳикмати қонун.
Масири одаму олам набошад бе сару бе по,
Биёед арҷ бигзорем бар ҳар қисмати қонун.
Набошад ҳеҷ тарсу хавф андар файсали мушкил,
Бувад яксон ба ҳар инсон нигоҳу хислати қонун.
Намонад ҳеҷ кас навмед аз анҷоми аъмолаш,
Биёбад роҳи ҳалли мушкилаш аз нусрати қонун.
Ало, эй худпарастону ҷафокорони беимон,
Битарсед аз низому аз калому ҳайбати қонун.
Агар озодии зебо бувад мақсуди асли дил,
Пазиред ихтиёру муҳтавову фитрати қонун.
Набошад ҳеҷ кас берун зи дастуру қавонине,
Ҳамоно шарт бошад оину ҳам тоати қонун.
Ба паймони ҳақиқат саҷда орам бо дили бедор,
Бувад боло зи ҳар аҳде мароми байъати қонун.
Мақоми дунявӣ дорад низоми давлати маҳбуб,
Ҳуқуқбунёд мехонем баҳри мидҳати қонун.
Дилу ҷон пок созед аз камоли маърифат доим,
Наҷӯед айбу нуқсу иштибоҳу иллати қонун.
Ба чашми дил назар кардан ба дунё ҳикмате дорад,
Биёбанд одамон ояндаро аз ибрати қонун.
Агар дар ҳалли як мушкил ба дастуре кунӣ иснод,
Шавад ҳосил муроди кас зи файзу санъати қонун.
Барои иддае афву гузашту имтиёзе ҳаст,
Сабақ бояд гирифт аз раҳмату аз шафқати қонун.
Замони якдилию якмаромӣ неъмати волост,
Биёрад халқро бо ҳам марому ваҳдати қонун.
Тамоми кӯшишу ҷаҳду талошу саъйи пайваста, 
Нагирад равнақу авҷе бидуни ширкати қонун.
Муназзаҳ бошадо ҳарфу ҳиҷову сатру маънояш, 
Бияфзояд мақому рутбаву ҳам қимати қонун.
Бувад ҳомии Сарқонуни давлат Пешвои мо, 
Мураттаб карда ӯ асли низому ҳолати қонун.
Басар шуд худсарию бесаробонӣ, аё Давлат,
Санохонем ҳар лаҳза ба шаъну шавкати қонун!

Пайшанбе ДАВЛАТ, ноҳияи Рӯшон

Санаи нашр: 04.12.2024 №: 239
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив