ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » “ЧАШМА”. НАҚШИ ИЗЗАТУЛЛО БОДОМОВ ДАР САРНАВИШТИ ДАСТАИ ҲУНАРИИ ТАРОНА ВА РАҚС 

“ЧАШМА”. НАҚШИ ИЗЗАТУЛЛО БОДОМОВ ДАР САРНАВИШТИ ДАСТАИ ҲУНАРИИ ТАРОНА ВА РАҚС 

10 январ 2025, Ҷумъа
15
0


Иззатулло Бодомов зодаи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонист. Ҳофизи хушсадо ва оҳангсози рангинхаёл. Мутриби чирадаст, дар сароиши созҳои торӣ беназир. Як тан аз бунёдгузорони ансамбли тарона ва рақси “Чашма” мебошад. 
Ба санъат аз овони наврасӣ меҳр дошт. Бо сабки анъанавии куҳистонӣ месароид. Ӯ ҳанӯз дар ҷодаи санъати овозхонӣ навомӯз буд, ки, аллакай, ҳамнишину сабақомӯзи устодони зиндаёди санъати тоҷик Одина Ҳошимов ва Зафар Нозимов гардида буд. Дар пайравии ишон суруд мехонд. Онҳо ба Иззатуллои ҷавон дуои нек додаанд.
Устоди санъати тоҷик шодравон Зафар Нозим ӯро бо Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Миралӣ Маҳмадалиев ошно намуд ва ҳамин  сабаб шуд, ки ӯ дар колхози раиси шуҳратёр ба фаъолияти ҳунарии худ оғоз бахшад. 
Дере нагузашта дар хоҷагӣ масъалаи таъсиси ансамбли тарона пеш омад. Иззатулло, ки дар замираш неруи ташкилотчигӣ дошт, зуд ба пайи ҳалли масъала шуд. 
“Чун дар базмҳои арусиву домодӣ бештар иштирок мекардам, ҳар ҷо овозхонони ва навозандагони баистеъдодро таги чашм карда будам ва бо суроғу пай онҳоро аз деҳот бо иҷозати волидон ба ансамбл ҷалб намудам”,– солҳои аввали фаъолияташро ба ёд меоварад Иззатулло Бодомов.  
Аз нақли Иззатулло аст, ки ансамблро ташкил карданд, вале ҳанӯз ном надошт. Аз ин рӯ, як рӯз Миралӣ Маҳмадалиев роҳбари ансамбл ҳофизи баистеъдод Зариф Наҷмиддинов ва Иззатулло Бодомовро сари масъалаи номгузории ансамбл даъват мекунад. Пас аз баррасиҳои зиёд, Иззатулло номи “Чашма”-ро пешниҳод менамояд ва барои тақвияти фикраш далел меорад, ки ҳама санъаткорон зодаи кӯҳистонанд ва он рамзи покизагиро дорад. Ном ба раиси номвар писанд меояд ва ҳамин тавр, ансамбли тарона ва рақси “Чашма” ба қайд гирифта шуд. 
Ҳамон сол бо дастгириҳои раиси шуҳратёр Миралӣ Маҳмадалиев ансамбли “Чашма” роҳхати иштирокро дар Фестивал-озмуни байналмилалии фолклорӣ-этнографӣ, ки дар кишвари Лаҳистон баргузор гашта буд, соҳиб шуд. Аз шаҳри Душанбе оҳангсози маъруф Фаттоҳ Одинаев даъват ва барномаи ҷолиб таҳия гардид. Бояд тазаккур дод, ки дар бандубасти саҳнаҳои этнографӣ Иззатулло Бодомов нақши созанда дошт. Дар ин миён Зариф Наҷмиддинов ба таври фоҷиавӣ дар як садамаи нақлиётӣ ҳалок гашт. Роҳбарии ансамблро ба зиммаи додари ӯ Исмоил Наҷмиддинов вогузоштанд.
 Заҳматҳои аҳли ҳунар бар абас нарафт ва дастаи тарона ва рақси “Чашма”-и колхози ба номи Ленини ноҳияи Восеъ дар шаҳри Закопеяи Ҷумҳурии Лаҳистон миёни 89 давлати дунё ғолиб омада, бо ҷоизаи “Табарчаи тиллоӣ” мушарраф шуд.
Пас, ҳар куҷо ҳарфе аз соҳибони аслии ҷоизаи “Табарчаи тиллоӣ” ба миён ояд, мо бояд донем, ки ин ҳунармандон чилу шаш сол қабл миллати тоҷикро бо ҳунари волои хеш дар Аврупо муаррифӣ намуда буданд.

Сомони АҶАМ, рӯзноманигор

Санаи нашр: 09.01.2024 №: 7
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив