ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ФУТБОЛ

ФУТБОЛ

10 январ 2025, Ҷумъа
30
0


Марҳалаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2025 доир мегардад
Дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи «Румӣ»-и пойтахт маросими қуръакашии марҳалаи муқаддамотии мусобиқаи анъанавии пешазмавсимии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2025 дар минтақаи Душанбе баргузор гардид. Ин марҳала дар се минтақа – Душанбе, Хатлон ва Суғд роҳандозӣ мегардад.
Дар минтақаи Душанбе аз лигаи олӣ дастаҳои «Истиқлол», КМВА, «Ҳосилот», «Регар-ТадАЗ», «Барқчӣ», «Ҳулбук», аз лигаи якум – «Шодмон», «Сардор», «Ёқут», «Душанбе» ва «Рангон» иштирок мекунанд. Дастаҳои «Ҳосилот» ва «Ҳулбук», ки аз минтақаи Хатлон ҳастанд, дархост намуданд, ки дар минтақаи Душанбе бозӣ кунанд, чун қароргоҳ ва машқҳои дастаҳо дар пойтахт ҷараён дорад. 
Дар натиҷаи қуръакашӣ дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шуданд:
Гурӯҳи «А»: КМВА, «Регар-ТадАЗ», «Ёқут», «Душанбе», «Рангон», «Шодмон».
Гурӯҳи «Б»: «Барқчӣ», «Истиқлол», «Сардор», «Ҳулбук», «Ҳосилот».
Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба марҳалаи ниҳоӣ роҳхат мегиранд.
Бозиҳои марҳалаи муқаддамотӣ дар минтақаи Душанбе рӯзи 20-уми январ оғоз меёбанд. 


Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Туркия тамрин мекунад
Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ фаро гирифта шуд.
Сармураббии мунтахаби наврасон Марко Раҷини ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия 26 бозигар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 12 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар даъват кард.
Дар барномаи ҷамъомади таълимиву тамринӣ, ки 8-уми январ шуруъ гардида, то 24-уми январ идома мекунад, мунтахаби наврасони мо панҷ бозии санҷишӣ мегузаронад.


ҶУДО
Мавқеи Тоҷикистон дар радабандии мунтахабҳои ҷудои ҷаҳон беҳтар шуд
Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) радабандии мунтахабҳои ҷудои ҷаҳонро нав кард, ки тибқи он мунтахаби ҷудои Тоҷикистон бо 42 825 хол дар зинаи 19-ум қарор гирифт. Моҳи июли соли 2023 Тоҷикистон дар зинаи 34-ум мавқеъ дошт.
Дар панҷгонаи аввал – Ҷопон, Фаронса, INA (мунтахаби бетараф), Гурҷистон ва Италия ҷойгир шудаанд. 
Муовини аввали раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Эргаш Маҳмадбеков гуфт: «Ин дастоварди назаррас аст, махсусан бо дарназардошти он ки дар ин радабандӣ комёбиҳои ҳам дастаи мардона ва ҳам занона ба инобат гирифта мешавад. Акнун раиси Федератсия Исмоил Маҳмадзоир назди мо вазифа гузошт, ки духтарон фаъолона ба машғулиятҳои ҷудо ҷалб шуда, кишвар минбаъд ба 10-гонаи беҳтаринҳо шомил гардад”.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 09.01.2025 №: 7
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив