ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШАҲРИ ВАҲДАТ. ФАРМОНИ 622 ИҶРО НАМЕШАВАД. ЧАРО?

ШАҲРИ ВАҲДАТ. ФАРМОНИ 622 ИҶРО НАМЕШАВАД. ЧАРО?

11 апрел 2023, Сешанбе
91
0


Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» аз 7 феврали соли 2009, таҳти № 622 роҳбарони мақомот ва муассисаву ташкилотҳо вазифадоранд, ки ба маводҳои танқидиву таҳлилии воситаҳои ахбори омма сари вақт ва дар муҳлати муқарраршуда вокуниш нишон диҳанд. 
Фармони мазкур бо мақсади мустаҳкам намудани интизоми иҷроия, баланд бардоштани нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии ҷомеа содир шудааст. 
Дар қисми дуюми фармон омадааст, ки роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати вокуниш ба мулоҳизаҳои танқидӣ ва пешниҳодҳое, ки дар воситаҳои ахбори омма иброз мегарданд, дар муҳлатҳои тибқи қонунгузории ҷумҳурӣ муқарраргардида тадбирҳои бетаъхири мушаххас андешида, аз натиҷаи баррасии онҳо ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воситаҳои ахбори оммаи дахлдор иттилоъ диҳанд.
Мутаассифона, мушоҳида собит намуд, ки баъзе мансабдорон татбиқи фармони мазкурро сарфи назар карда, гоҳо умуман вокуниш нишон намедиҳанд. Аз ҷумла, чунин ҳолатро чанд соли охир мо дар фаъолияти роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Ваҳдат бараъло мушоҳида кардем. 
Барои мисол, танҳо дар се моҳи аввали соли 2023 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» ду матлаб ба нашр расидааст, ки роҳбарияти шаҳри Ваҳдатро мебоист ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вокуниш нишон диҳад. Аз ҷумла, «Ваҳдат. Коргоҳро бастанду 30 нафар бекор монд, чаро?», 17.01.2023,  № 18 ва «Хатҳои уфуқӣ. Чаро дар шаҳри Ваҳдат ба он аҳамият намедиҳанд?», 6 феврали соли 2023, № 29, ки дар рӯзнома рӯи чоп омаданд, то ҳол мақомот вокуниш нишон надодааст. 
Дар гузашта низ матолиби зиёди таҳлиливу танқидӣ оид ба фаъолияти соҳаҳои гуногуни шаҳри Ваҳдат ба нашр расида буданд, ки бидуни вокуниш монданд. «Шаҳри Ваҳдат. Коргоҳҳо чаро рақобатнопазиранд?», 19.04.2019, № 75, «Пул – бозор ё фурӯшгоҳи баҳсбарангезе дар шаҳри Ваҳдат», 10 декабри соли 2019, № 234 ва «Баҳси замин. “Ҷумҳурият” боз пайи мактуб рафт», 31.03.2020, № 62 ва чандин матолиби дигар, ки бинобар бемасъулиятии шаҳрдорони Ваҳдат мавриди санҷиш ва вокуниш қарор нагирифтанд. Инчунин, таҳлилҳо нишон доданд, ки аксарияти камбудиҳои дар маводҳо зикршуда низ ҳалли худро наёфтаанд.
Бояд гуфт, ки дар асоси моддаи 23 қисми 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», роҳбарони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо вазифадоранд ба маводи танқидӣ ва таҳлилии вобаста ба фаъолияташон, ки омӯзиши иловагиро талаб мекунанд, дар муҳлати на бештар аз ду ҳафтаи баъди рӯзи нашри (пахши) онҳо ба воситаи ахбори оммаи дахлдор ҷавоб диҳанд.
Тавре ба назар мерасад, дар шаҳри Ваҳдат ба масъалаи мавриди назар умуман аҳамият намедиҳанд, ки ин аз хунукназарӣ ба матолиби ВАО дарак медиҳад.
Суоли матраҳ ин аст, ки чунин шеваи муносибати роҳбарияти собиқ ва нави шаҳри Ваҳдат ба воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла «Ҷумҳурият», ин хунукназарӣ дар иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ё беэҳтиромӣ ба нашрияе, ки муассисонаш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд?

Лашкар ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 11.04.2023 №: 74
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив