“ТОҶИКИСТОНИ СУРХ” ВА ОҒОЗИ ФАЪОЛИЯТИ МУҲАММАДҶОН ШАКУРӢ
Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ, яке аз поягузорони илми адабиётшиносии навини тоҷик, мунаққид ва забоншинос фаъолияташро дар қатори дигар шахсиятҳои маъруфу номвар аз рӯзномаи “Ҷумҳурият” оғоз кардааст. Ҳарчанд камтар касе аз фаъолияти рӯзноманигории устод огоҳ аст. Дар ин фишурда кӯшиш мекунем, ки таърихчаи пайвастани Муҳаммадҷон Шакуриро ба муҳити рӯзномаи якасра, ки он замон “Тоҷикистони сурх” ном дошт, рӯшан намоем.
Бояд тазаккур дод, ки сарнавишти устод ба рӯзномаи “Тоҷикистони сурх” айёми донишҷӯӣ мепайвандад. Он рӯзҳоро ёд карда, устод навиштааст: “Таҳсили ман дар Донишкадаи омӯзгорӣ (ҳоло ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ) аз соли якуми ҷанг, яъне соли 1941, сар шуда, то 1945 идома дошт, яъне бо поён ёфтани он ба охир расид. Овони донишҷӯӣ, аз соли 1943 то 1945, дар идораи рӯзномаи «Тоҷикистони сурх», ки имрӯз «Ҷумҳурият» ном дорад, кор кардам: навбатдори шаб будам, шабҳо бо сармуҳаррир Самади Ғанӣ саҳифа мехондем. Охирҳои соли 1944 чанд гоҳ дар Институти таърих, забон ва адабиёт (бахше аз шуъбаи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шуравӣ дар Тоҷикистон) лаборант будам”.
Бо вуҷуди ҳамаи азобу нодориҳои солҳои ҷанг, «Тоҷикистони сурх» аз ҳар ҷиҳат ба ходимони худ ёрӣ медод ва инро бо ин гуфтаи устод ҳам метавон тасдиқ кард: “Бо вуҷуди ин шабкориву рӯзкориҳо, таҳсилам дар Донишкада бад набуд ва стипендияи сталинӣ мегирифтам, ки 500 сӯм буд, яъне аз дигар донишҷӯён ду-се бор зиёдтар даромад доштам. Барои ин ки солҳои ҷанг чи арзиш доштани 500 сӯми стипендия маълум шавад, бояд гӯям, ки дар бозор нархи як нони хилеб то 400 сӯм мерасид. Ба донишҷӯён аз рӯи чеки хилебкарта 400 грамм нон медоданд. Идораи рӯзнома ҳам каминаро ба ошхонае вобаста карда буд, ки бо чек хӯрок мегирифтам. Ба ин тариқ, ба азобе рӯз ба сар мебурдам”.
Устод Шакурӣ то соли 1945, яъне поён ёфтани Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дар идораи «Тоҷикистони сурх» шабкор буд. Вақте мо маҳз ин ду солро варақ задем, бо ному насаби М. Шукуров ё Муҳаммадҷон Шукуров мақолае нахондем. Маълум мешавад, ки устод шабҳо омада, ба таҳриру ҷобаҷогузории мақолаҳо дар рӯзнома ёрӣ медода ва худаш чизе наменавишта.
Дар ин муддат Донишкадаи омӯзгориро хатм намуда, аз ҳар ҷо даъват ба корро мегирад. Ҳатто, аз «Тоҷикистони сурх» ҳам даъват мекунанд, ки пурра ба кори рӯзона гузарад ва рӯзноманигорӣ кунад. Аммо устод омӯзгорӣ ва пажӯҳишро баргузид ва пайи иншои рисолаи илмӣ шуд. Ба ҷуз аз солҳо дар Донишкадаи омӯзгорӣ фаъолият доштан, инчунин, соле (1945) дар нахустин Донишкадаи муаллимии дусолаи шаҳри Кӯлоб устод будааст.
Дар илм ба дараҷаи академикӣ мерасад, аммо бештари рисолаҳои хеш, бавижа рисолаҳои таърихиву миллиро нахуст дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” чоп мекард. Ёдамон ҳаст, ки асари машҳури “Аббос Алиев” маҳз дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” пора-пора чоп шуда, минбаъд ба шакли китоб даромад.
Устод аз дилсӯзтарин фардҳои сарнавишти забони тоҷикӣ буда, яке аз фароҳамсозони “Фарҳанги забони тоҷикӣ” (1969) мебошад. Инчунин, шуруъ аз солҳои 70-уми асри ХХ то замони вафоташ тавассути матбуот, бавижа саҳифаҳои “Ҷумҳурият”, барои мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ, покизагии он талош дошт. Ӯ яке аз муаллифони матни нахустин Қонуни забони тоҷикӣ аст, ки 22-юми июли соли 1989 дар иҷлосияи Шурои Олӣ ба тасвиб расида, забони форсии тоҷикиро забони давлатии Тоҷикистон эълом карда буд.
Мавсуф сарнавишти талхи забони тоҷикии форсӣ дар Варорӯдро дар пешгуфтори нашри форсии “Фарҳанги забони тоҷикӣ”, яъне “Фарҳанги форсии тоҷикӣ” (Теҳрон, 2006), ҳамчунин, дар рисолааш “Сарнавишти форсии тоҷикии Фарорӯд дар садаи ХХ” (Душанбе, 2005, ба хатти форсӣ) ҳикоят кардаст.
Дар маҷмуъ, устод Муҳаммадҷон Шакурӣ, ки нахустин ҷойи кораш идораи рӯзномаи “Ҷумҳурият” буд, бо иншои китобҳои “Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад”, “Хуросон аст ин ҷо”, “Садри Бухоро”, “Равшангари бузург”, “Пантуркизм ва сарнавишти таърихии тоҷикон”, “Аббос Алиев”, “Нигоҳе ба адабиёти садаи ХХ” ба ганҷинаи илму адаби мо ганҷе афзуд ва номашро мондагор кард.
Баъз аз вафот, бино ба васияти худи ӯ, ҳамсараш Дилафрӯз Икромӣ 8 ҳазор китоби пажӯҳишгари номварро ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон эҳдо намуд, ки ҳоло байни муҳаққиқон бо гӯшаи “Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ” машҳур аст.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 13.01.2025 №: 9