ПАЁМ ДУРНАМОИ ИҶТИМОИИ ҶОМЕА
Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар низоми давлатдории мо ҳамчун ҳуҷҷати роҳнамо ва муҳимтарин барномаи амалу созандагӣ маҳсуб мешаванд. Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ муждаи нек ба ояндаи дурахшони кишвар, рушду нумӯи иқтисодиёт ва иҷтимоиёти он, баланд шудани сатҳу сифати зиндагии халқамон маҳсуб мегардад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ, аз ҷумла перомуни беҳтар гардидани некуаҳволӣ, сатҳу сифати зиндагии мардум ҳарф зада, таъкид намуданд, ки дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои мушаххас даромади пулии аҳолӣ аз 48 миллиард сомонӣ дар соли 2019-ум ба 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024- ум расид. Яъне, нишондиҳандаи мазкур 3 баробар афзуда, музди меҳнати миёна беш аз 1,8 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 1,5 баробар афзоиш ёфт.
Дар Паёми Пешвои миллат омадааст, ки ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар сиёсати давлати Тоҷикистон мақоми махсус дошта, маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ҳамасола зиёд мешавад.
Соли 2024 ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ ба 19 миллиард сомонӣ расид, ки 43 фоизи хароҷоти умумии буҷети давлатиро ташкил медиҳад.
Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 1-уми сентябри соли 2025 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо, ба андозаи 10 фоиз зиёд карда мешавад.
Мо - собиқадорон, аз он сарфарозу ифтихормандем, ки Пешвои муаззами миллат ҳамеша дар ҳаққамон ғамхорӣ зоҳир намуда, таъмини шароити иҷтимоӣ, пайваста баланд бардоштани ҳаҷми нафақа ва роҳандозии дигар кумакҳои моддиро дар меҳвари таваҷҷуҳи хеш қарор медиҳанд. Илова ба ғамхориҳои Пешвои миллат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба собиқадорони ҷангу меҳнат, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд низ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони ақибгоҳи солҳои ҷанг, ҳамсарони саробонашон дар ҷангҳо ҳалокшуда, маъюбони Артиши шуравӣ ва ҷумҳурӣ, иштирокчиёни барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва чернобилчиён кумакпулии ҳармоҳа муқаррар намудааст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббии собиқадорони ҷангу меҳнат чораҳои амалӣ меандешад. Аз ҷумла, соли 2024 дар вилоят барои хизматрасонии тиббии собиқадорони ҷангу меҳнат беш аз 20 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо ва эҳтиёҷи собиқадорон ба аробачаҳои маъюбӣ, дастгоҳи шунавоӣ, шинондани дандонҳои сунъӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ қонеъ гардонда шуданд. Баробари ин, аз ҷониби МИМҲД вилоят ҷиҳати харидани роҳхати осоишгоҳ барои собиқадорони ҷанг ва заҳматкашони ақибгоҳи солҳои ҷанг Шурои собиқадорони вилоят маблағгузорӣ мешавад. Бо ғамхорию меҳрубонӣ фарогирии куҳансолон ин ҳама файзи сиёсати хирадмандонаву инсонпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Ташкилотҳои собиқадорони вилоят, шаҳру ноҳияҳо дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ барои таблиғу ташвиқи Паёми Президенти кишвар дар байни собиқадорон, нафақагирон ва аҳолӣ кор мебаранд. Мо, собиқадорон, вазифадорем, ки ин ҳуҷҷати раҳнаморо бештару беҳтар тарғиб намоем, аз мазмуну муҳтавои он дар фаъолияти хеш истифода барем, барои амалӣ гардидани ташаббусҳои ҷолиби созандагию бунёдкорона, ки дар Паём баён шудаанд, мусоидат намоем. Содиқона хизмат карда, ҳамеша дар ҳама ҳолат дар паҳлуи мардум бошем.
Дар маҷмуъ, Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тамоми сохторҳои ҳокимияти давлатию ҷамъиятӣ дастури раҳнамо баҳри ояндаи босаодати мамлакат ва дар ин замина, муҳайё кардани шароити зиндагии шоиста ба ҳар сокини кишвар ҳисобидан мумкин аст.
Шавкат АЛИЕВ,
муовини раиси Шурои собиқадорони вилояти Суғд,
Корманди шоистаи Тоҷикистон