РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ
Ҳоким Зайдов бо хулқи хуш ва ҳушмандию зеҳни тез ҳанӯз дар наврасӣ мавриди таваҷҷуҳи атрофиён қарор дошт, байни ҳамсолон бо меҳнатқариниву чолокӣ, фаҳмишу дарки вазъи муҳит фарқ мекард. Ҳамеша худро ба коре машғул медошт. Ӯ ҳангоми таҳсил дар мактаби ибтидоии деҳаи Паси Муҳраҳо бо зеҳни баланду шавқи беандозаи худ ба донишандӯзӣ диққати муаллимонро ҷалб менамуд ва ҳамин буд, ки соли 1939 Ҳокими ҷавонро дар зодгоҳаш деҳаи Сари Кимиш омӯзгор таъин намуданд. Ӯ баҳри баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ ба Омӯзишгоҳи муаллимтайёркунии вилояти вақти Ғарм дохил гардид.
Соли 1943 ӯро ба сафи Артиши Шуравӣ даъват намуданд ва дар ҳайати полки 82-юми тирандозии дивизияи 32-юм бар зидди гитлерчиён ҷангид. Дар яке аз муҳорибаҳои хунини назди шаҳри Тернопол ҳангоми таркондани танки душман сахт маҷруҳ гардид.
Баробари ба зодгоҳ баргаштан, маҷруҳи гурӯҳи дуюм Ҳоким Зайдов ба омӯзгорӣ оғоз намуд.
Фаъолияти ҳамаҷонибаи ин ҷавони аз майдони набард огоҳ, ватандӯсту қавиирода аз назари роҳбарон дур намонд. Соли 1944 Ҳоким Зайдовро роҳбари ташкилоти ҷавонон таъин карданд ва ӯ то соли 1949 ҳамчун роҳбару ҳидоятгари ҷавонони ноҳияи Оби Гарм фаъолият намуда, дар сафарбарсозии ҷавонон ба таҳсилу донишандӯзӣ, корҳои ободонию созандагӣ саҳми арзанда мегузошт. Минбаъд дар вазифаҳои гуногуни хизмати давлатӣ, аз ҷумла мудири шуъбаи таъминоти иҷтимоӣ, котиби Кумитаи иҷроияи Шурои вакилони халқи ноҳияи Оби Гарм фаъолият доштааст.
Зиёда аз 20 сол хоҷагии калонтарину серсоҳаи ба номи Дзержинскийи ноҳияи Файзободро сарварӣ кард.
Ҳоким Зайдов ҳамчун роҳбари ғамхору дилсӯз ба рушди соҳаи иҷтимоӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамуд. Аз даромади хоҷагӣ ба сохтмони роҳу пулҳо, муассисаҳои таълимӣ ва бо оби полизию ошомиданӣ таъмин намудани аҳолӣ корҳои зиёдеро анҷом дод, ки имрӯз ҳам дар ин бора куҳансолон қисса мекунанд. Роҳҳои душворгузари деҳаҳои баландкӯҳи Ҷавонӣ, Поруву Фаррух, Чормағзу Ғофилобод, Санговаю Деҳқонобод, Деҳи Мирзою Қандак маҳз ҳамон давра тахту ҳамвор, сангфаршу мумфарш шуда буданд.
Ӯ оғози корҳои сохтмонии Неругоҳи барқи обии “Роғун”-ро бо хурсандии зиёд истиқбол намуда, аз нахустин рӯзҳо дар паҳлуи сохтмончиён қарор гирифт. Бо пешниҳоди ин марди наҷиб дар назди пудратчии асосӣ идораи сохтмонии “Роғунгэсстрой” хоҷагии ёрирасони кишоварзӣ таъсис ёфт, ки солҳои зиёд роҳбарии онро ба уҳда дошт. Хоҷагии ёрирасон дар таъмини сохтмончиён бо маҳсулоти тару тоза ва босифату арзони кишоварзӣ пайваста мусоидат менамуд. Роҳбарияти идораи сохтмонӣ азму талоши ин марди ғамхору заҳматқаринро дида, ба хоҷагии ёрирасон дар мавзеи Ғашён беш аз 100 гектар замин ҷудо намуд, ки ҳамасола дар он барои таъмини сохтмончиён даҳҳо тонна картошка истеҳсол мешуд.
Ҳоким Зайдов то охирин рӯзҳои ҳаёт машғули кор буд. Солҳои охири ҳаёт ӯ дар мавзеи хушбоду ҳавои Каҷбед дар майдони 30 гектар ниҳолхона бунёд намуда, ба парвариши ниҳолҳои мевадиҳандаю ороишӣ машғул гашт. Дарахтони ороишии ӯ баҳри кабудизоркунии шаҳри Роғун истифода гардиданд ва имрӯз ҳам ин шаҳри ҷавону овозадори бунёдгарони кохи нурро зебу фар мебахшанд.
Дар урфият мегӯянд, ки аз нек боғ мемонад. Имрӯз аз ин марди наҷибу нексиришт ду боғ боқӣ мондааст, яке боғи дарахтон, дигаре фарзандону наберагони ӯст, ки имрӯз ҳар кадоме ба қадри тавони худ дар ободию шукуфоии Ватани азизамон-Тоҷикистон саҳм мегузоранд. Фарзанди калони ӯ марҳум Нусратулло то рӯзҳои охири умр дар соҳаи маориф саҳмгузор буд. Исматулло Ҳокимзода, ки аз мактаби роҳбарии падар сабақ омӯхтааст, умри хешро сарфи корҳои роҳбарӣ намуда, дар сохтмони НБО “Роғун”, роҳи оҳани Бохтар-Кӯлоб, дар рушду ободии шаҳри Роғун ва ноҳияҳои Файзободу Шаҳринав саҳми арзанда гузоштааст. Ӯ чанд сол қабл аз вазифаи сардори раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нафақа баромад ва имрӯз низ чун падари хеш дар рушду ободии диёр саҳмгузор аст.
Сафарбег НУРЗОДА,
Аълочии матбуоти Тоҷикистон