ТУРДИАЛӢ БОЙБОБОЕВ. СОҲИБҚАЛАМЕ АЗ "ТОҶИКИСТОНИ СОВЕТЙ"
Ҳангоме ки маро аз Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ДМТ) бо мақсади таҷриба омӯхтан ба рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” фиристоданд, котиби масъули нашрия, рӯзноманигор ва шоири шинохта Доро Наҷот гуфт, ки дар шуъбаи хоҷагии қишлоқ, зери ҳидояту сарпарастии сардори шуъба, журналисти варзида Турдиалӣ Бойбобоев ба фаъолият мепардозам. Вақте ки ба ҳуҷраи шуъба ворид гардидам, бо марди қоматбаланди хушсурат, ки дар чеҳрааш ҷиддияте нақш баста буду серташвиш ба назар мерасид, рӯ ба рӯ шудам. Вай дастамро фишурда, иброз дошт, ки кор дар шуъбаи хоҷагии қишлоқ вазнин аст. Таҳрири мактубҳои сокинони шаҳру деҳоти ҷумҳурӣ, мутахассисони соҳа, навиштани хабару лавҳа, мақола, матолиби танқидӣ, ки мустақиман ба кору пайкори кишоварзон, пешравию дастовардҳо ва дар зимн, мушкилию норасоиҳо дар ин самт дахл доранд, дар мадди назар қарор дошта, воқеан, заҳмату талоши пайвастаро аз пайсипари ҷавони ҷодаи рӯзноманигорӣ талаб мекунад.
– Аз хабарнигорони шуъба меомӯзӣ, мушкиле пеш омад, маслиҳат мепурсӣ. Дар ин масъала шарм намекунӣ, баръакс, аз қавли мардум, “хира мешавӣ”, то дурри мақсуд ба каф ояд, – гуфт ӯ.
Банди фикру хаёлҳои мухталиф паси миз нишаста, бастаи шумораҳои пешини рӯзномаро варақгардон намудам ва бо навиштаҳое, ки дар саҳифаҳои он дар мавзуъҳои гуногун ба табъ расида буданд, шинос шудам.
Дар саҳифаи аввал, маъмулан, асноди расмӣ, ҳамзамон мақолаҳо дар хусуси вазъи кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ, қаҳрамонони арсаи меҳнат (пахтакорону чорводорон, пиллапарварон ва амсоли инҳо) ба табъ мерасиданд. Дар саҳифаи дувум масоили гуногуни соҳаи иқтисодиёт таҳлилу баррасӣ мешуданд. Саҳифаи сеюм бароям аз он ҷиҳат писанд омад, ки дар он охири ҳар ҳафта бо номи “Гулбоғи адаб” лавҳа, очерку ҳикоя, шеърҳо пешкаш мешуданд. Саҳифаи чорум гузоришу хабар ва мақолаҳоро перомуни соҳаҳои фарҳангу тандурустӣ ва варзиш дар бар мегирифт. Мақолаҳои нашрия пурмуҳтаво, рӯзмарра, ҷолибу шавқовар ва хонданӣ буданд.
Се рӯз бо шумораҳои рӯзнома шинос шуда, ба сардори шуъба ба маънии боз чӣ корро анҷом диҳам, назари суол дӯхтам. Вай якчанд мактубҳои мухбирони ҷамоавиро барои таҳрир ба ман супурд. Номаҳо ба ҳар мазмун буданд. Ниҳоят, таҳрири навиштаҳои мазкур, ки дастӣ сурат гирифтаву мушкилтарин амал ба назар мерасид, анҷом ёфт. Устод Турдиалӣ Бойбобоев дақиқкорона мақолаҳои таҳрирхӯрдаро аз назар гузаронда, сар ҷунбонду табассум даври лабонаш гул кард:
– Ҷавони нағз, хеле заҳмат кашидаӣ. Мақолаҳоеро, ки тулонианду муаллифон ба сергапӣ роҳ додаанд, боҷуръатона кӯтоҳ кун. Нақлҳои барзиёд хонандаро дилгир менамоянд. Ҷавҳари навиштан дар рӯзнома факту рақам ва фаврият мебошад. Инро дар ёд гир! Агар худат ба таълифи лавҳаю очерк даст занӣ, ин гапи дигар. Талаботи жанриро дар ҳар сурат риоя бояд кард.
Бойбобоев дигарбора мактубҳоро ба дастам дода, фармуд, ки аз нав қалам занам.
Ду рӯз баъд сардори шуъба супориши дигар дод.
– Ба ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ), ба ягон хоҷагӣ меравӣ, – фармуд ӯ. – Аз вазъи кори деҳқонон дар саҳроҳои пахтакорӣ ягон лавҳа ё мақола навишта меорӣ.
Ман ба роҳ баромада, савори автобус ба хоҷагии “Ленинград” равон шудам. Ҳамроҳи муовини раиси хоҷагӣ чанд бригадаро давр зада, аз наздик бо деҳқонону колхозчиён вохӯрдем. Дар дафтарча факту рақамҳоро сабт ва ному насаби пахтакорон, инчунин, корҳои анҷомдодаро қайд менамудам.
Шаб матлабро навишта, субҳ ба мудир супурдам. Мақола ҳаҷман калон набуд ва дар шумораи навбатии “Тоҷикистони советӣ” дар саҳифаи аввал ба нашр расид ва аз ин ҳол чунон хушҳол гардидам, ки хаёлам дар идораи рӯзнома ҳама ба ман менигаранду таҳсин мехонанд. Ростӣ, аз хурсандӣ сарам ба осмон расида, мехостам хабари нашр шудани навиштаи шогирдонаамро хона ба хона, кӯча ба кӯча гашта, ба тамоми мардуми кишвар расонам.
Ҳамин тавр, баъди чанде озими ноҳияи Ҳисор (ҳоло шаҳр) гардида, дар деҳаи Дурбат бо аъзои бригадаи Додар Нишонов вохӯрда, суҳбат кардам. Саркор марди миёнаумри зиндадиле буда, бо қаноатмандӣ дар хусуси заҳмати деҳқонон ҳарф мезад.
– Нашъунамои ниҳолҳои пахта касро хурсанд мекунад, – изҳор дошт ӯ. – Имсол ҳосили хуб ба даст хоҳем овард. Мо ҳамроҳи саркори пухтакор пахтазорро давр зада, аз тамошои ниҳолҳои гулу шонабаста завқ мебурдем. Дар бораи ин сафар ва меҳнати садоқатмандонаи аъзои бригадаи Додар Нишонов мақолаи дигаре навиштам, ки низ ҳамон ҳафта ба чоп расид. Шавқу рағбати навиштан батадриҷ маро фаро мегирифт.
...Ниҳоят муҳлати таҷрибаомӯзӣ ба поён расид ва сардори шуъбаи хоҷагии қишлоқ Турдиалӣ Бойбобоев ҳангоми хайрухуш таъкид кард:
– Соли оянда боз ба таҷрибаомӯзӣ фиристанд, ба “Тоҷикистони советӣ” биё! Ту шогирди хушқалами мо ҳастӣ.
Шодӣ РАҶАБЗОД, адиб
Санаи нашр: 13.01.2025 №: 9