ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТОҶИКИСТОН ДИЛИ ДУНЁСТ! 

ТОҶИКИСТОН ДИЛИ ДУНЁСТ! 

13 январ 2025, Душанбе
33
0


Атрофиёнам мепурсанд: “Аз ту камтаринҳо ҳаҷ карданд, чаро ту ба зиёрати Каъба намеравӣ?”. “Метарсам, ки он ҷо бимирам”, – кунд, вале маъникаш ҷавоб мегардонам. “Он ҷо мурдан давлату шараф аст”, – пандам медиҳанд онҳо. Андешаамро рӯ ба рӯ изҳор мекунам: бароям  дар Тоҷикистон – Ватани азизам,  дар сояи капатоки ниҳолкардаи худам мурдан ҳазор бор авлотар аст, магар дар мулки бегона! 
Ҳамин аст давлату шарафи ман! Чаро бо Тоҷикистон ифтихор надошта бошам, ки он як давлати комилҳуқуқи арсаи ҷаҳон аст! Ман онро дили дунё меҳисобам. Охир, аз садҳо халқияту миллатҳо танҳо ду фоизашон соҳибдавлатанд ва Тоҷикистони ман дар қатори ҳамин ду фоиз (250 давлат) қарор дорад. 
Ҳо, ман бояд дар Меҳан, дар оғӯши модар бимирам. Модари имрӯзии ман Тоҷикистони маҳбуби ман аст! Чӣ қадаре ки модари худро дӯст медорам, Меҳани худро ҳамон қадар дӯст медорам. Ҳар ду вожа аз панҷ ҳарфи ширини тоҷикӣ иборат аст. “Ҳарфи ширини тоҷикӣ”-ро аз таҳти дил гуфтам. Тоҷикӣ забони модарии ман аст. Ман ин забонро ҳамчун модарам, ҳамчун Меҳанам дӯст медорам. Ин забонро Конститутсия – бахтномаи миллат, забони давлатӣ эълон доштааст.
Тоҷики асил дар ҳама ҷо бо номи Ватан зиндагӣ мекунад, ёдаш бо ёди Ватан якҷост. Ӯ бешубҳа рӯзҳои дар Ватан будан, айёми кӯдакиро пеши рӯ меорад. Навозишҳои пур аз меҳри модараш аз навори сараш мегузаранд. Ман аминам, ки ҳеҷ гоҳ дар мулки бегона мурданро “давлат”-у “шараф” намеҳисобад, зеро аз дурӣ Ватан басе ҷонгудоз аст, вазнин аст, сангин аст, гарон аст! Устод Бозор Собир барҳақ гуфтааст: 
Аз Ватан дур гарчи бисёр аст зиндаю 
мурдаи баному нишон,
Лек осон набуду осон нест аз Ватан 
дур мурдани мардон.
Шоирон бештари эҷодашонро ба Ватану модар бахшидаанд, зеро ду муқаддасоти ҷонист, яке модар, дигаре Ватан! Устоди фарзона Бозор Собир 19 сол хориҷ аз Ватан – дар Иёлоти Муттаҳида ба сар бурд, вале лаҳзае аз Ватан фориғ набуд. Ғурбат ӯро бештару қавитар ба Ватан пайваст. Ӯ дар фироқи Ватан мисли шамъ сӯхта-сӯхта эҷод кард, ба ватандорон сабақ дод. Дар миёни 19 сол аз бетоқатии фироқи Ватан се дафъа ба зодгоҳ омад. Мушоҳидаҳояшро бо Ватан қиёс кард ва меҳраш ба Тоҷикистон даҳчанд шуд. Магар бӯйи чапотию ширинии тутро фаромӯш карда метавонист?! Устод ҷозибаи Ватанро дар вуҷуд эҳсос карда, забони ифтихор кушод:
Зодгоҳам дар сари кӯҳи сафеди 
Ширбибиаш тутиё дорад,
Дар сари кӯҳи Зарафшон мумиё дорад.
Дар сари ҳар пушта аз рангинкамон 
чархофалак дорад,
Кӯзаи моҳи шабаш шири малак дорад.
Сиёсатшинос, шоири ҳикматдон Абдуллои Раҳнамо дар вохӯрии соли гузашта бо аҳли ҷамоатчигии Файзобод дар Филармонияи халқии ба номи Нигина Рауфова аз ватандӯстию ватанхоҳӣ ҳарф зада, ёдовар шуд, ки Қаҳрамони Тоҷикистон, аллома Бобоҷон Ғафуров дар Маскав зиндагӣ мекард, аз наздикон хоҳиш кардааст, то рӯзҳои охири умраш дар Ватан, дар Тоҷикистон бошад. 
Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба тахмин як миллион сокини тоҷик ба Афғонистон ва дигар кунҷу канори ҷаҳон фирор кард. Магар онҳо дар ғурбат, берун аз Ватан зиндагӣ карда метавонистанд? Ҳаргиз! Ҳамарӯза обу хоки Ватан онҳоро сӯи худ мекашид. Ҳамин буд, ки бо даъвати ғамхоронаву меҳрубонона ва талошҳои хастагинопазири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамагӣ ба Ватан баргаштанд. 
Агар хокдони авлоду аҷдодат ин ҷо бошад, магар метавонӣ аз он ҷудо бошӣ? Аз ду сар руҳи падару модар, ҳатто дар шаби хоб, туро ба Ватан мекашад. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Саидқул Билолов аз даҳҳо нафар фирорӣ шунидааст, ки суруди ӯ бар матни устод Бозор Собир “Аз хоки Ватан гӯри падар дар дили ман монд, Модар чу мазори лаби ҷар дар дили ман монд” онҳоро ба Ватан баргардондааст. 
Тоҷикистон барои ман зеботарин макон аст. Ман онро ба бузургтарин ва зеботарин шаҳрҳои ИМА, муҳташамтарин қасрҳои Франсия иваз намекунам! Пайваста аз ботинам чунин садо меояд:
Гар Ватан нест маро, нест маро 
лаззати ҷон,
Зиндагӣ тираю тор асту хунук 
анҷуманам.
Тоҷикистон, Ватани модару 
аҷдоди манӣ,
Бе ту дар рӯи замин бекафани 
бекафанам.
Ончунон меҳри ту дар сина гулафшон 
шудааст,
Ки аз ин меҳр дигар дил наканам, 
дил наканам!
Магар бе Ватан метавон зиндагӣ кард? Ватан зиндагии мост. Шумо боре дар хориҷа будед? Иқрор шавед, ки баногаҳ аз шунидани номи Тоҷикистон ашк мерехтед. Ана ҳамин аст маънии Ватан, маънии ватандӯстӣ! Умри модару Ватан ҷовидон бодо!

Ҷӯрабек МУЪМИН, рӯзноманигор, ноҳияи Файзобод

Санаи нашр: 13.01.2025 №: 9
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив